ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ №26 ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

13-08-2020
  13-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода, директорон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия бинои таълимии муассисаи таҳсилоти умумии №26-и деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба истифода дода шуд. 
  Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки теъдоди хонандагон дар муассисаи таълимӣ 441 нафарро ташкил дода, дар он 20 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғул мебошад. Дар муассиса дарсҳо дар ду баст ҷараён дошта, бинои қаблии муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
   Ҳамакнун, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ Мансур Нурматов ва Абдуҷалил Саидов бинои таълимӣ иборат аз чор синфхона барои 120 хонанда дар як баст ва як кабинети директор сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
   Дар рафти баистифодадиҳии бинои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарияти муассисаи таълимӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва раисони маҳаллаву ҷамоат ҷиҳати анҷом дордани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди маҳал Сипоснома тақдим карда шуд. 


Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон