ТУҲФАҲОИ ИДОНАИ ВАЗОРАТ БА ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИТУЗ

14-08-2020
Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоӣ ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ин иқдомҳои хайрхоҳона 13-уми августи соли 2020 аз тарафи намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 76 нафар таълимгирандаи мактаб-интернати ятимони ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба оғози соли хониши 2020-2021 туҳфаҳои идона, аз қабили сару либоси мактабии духтаронаву писарона, ниқобҳои якдафъаинаи тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ тақдим карда шуд.

Маркази матбуотии 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон