Вазир

САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
7 июни соли 1969 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ. 
  
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1986-1993-донишҷӯйи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ); 
Солҳои 1987-1989-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ; 
Солҳои 1993-1997-ассистенти кафедраи бехатарии  фаъолияти  инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 1997-1999-муаллими калони кафедраи бехатарии фаъолияти инсон  ва  экологияи  Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 1999-2003-дотсенти кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Соли 2003-сардори сектори илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2003-2005-мудири кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2004-2005-муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2005-2009-директори Коллеҷи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2009-2010-сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномаҳои муассисаҳои таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2010-2011-муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2015-сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2017-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 2017-2019-муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ;
Солҳои 2019-2022-директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар ш.Душанбе;
Аз 21 феврали соли 2022 то ҳоло-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд