Сохтмон

Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Муқаррароти умумӣ
 
Раёсати сохтмони асосӣ (минбаъд Раёсат) муассисаи сохтории назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тибқи вазифаҳои ба зиммаи он вогузоргардида фаъолият мекунад. Раёсат дар асоси  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, №145 ба муассисаҳои сохтории назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.
- Раёсат фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мемонад. 
- Раёсат вазифаи фармоишгарии сохтмони иншооти  соҳаи маорифро  ба ӯҳда дошта, маблағҳои  пулие, ки барои маблағгузории  асосӣ пешбинӣ мегардад ва инчунин, дар мувофиқа бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  маводи  қиматноки дар ихтиёрбударо тасдиқ менамояд.
- Раёсат аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда, ки барои назорати техникӣ  аз ҳисоби  нақшаи маблағҳои  асосии дар сметаи сохтмон пешбинӣ шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
- Низомнома, сохтор ва шумораи кормандони Раёсатро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
- Фаъолияти Раёсат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ, манбаҳои сармоягузорӣ, грантҳо ва дигар сарчашмаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад. 
 
Ҳуқуқҳои Раёсат
 
Раёсат аз ҳуқуқҳои шахсияти ҳуқуқӣ бархӯрдор буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва номгӯи  худ мебошад, инчунин мӯҳр, тамға ва баланси мустақилонаи  худро дар ҳисоби ягонаи хазинаи Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
- Аз ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳои  тобеи Вазорати маориф ва илм  оид ба масъалаҳои сохтмони асосӣ, таҷдид ва барқароркунии иншоотҳо ҳисобот ва ахборот талаб менамояд ва ба ташкилотҳои тобеи поёнӣ доир ба ин масъала фармоиш медиҳад.
-  Фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати маориф ва илмро оид ба масъалаҳои сохтмонӣ, таҷдид ва барқароркунӣ мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор медиҳад.
- Фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати маориф ва илмро оид ба масъалаҳои сохтмонӣ, таҷдид ва барқароркунӣ ба низом медарорад.
- Ба мақомоти раёсату шуъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба масъалаҳои сохтмонӣ, таҷдид ва барқароркунии иншооти соҳаи маориф ҳамкорӣ менамояд.
- Консепсия ва барномаҳои дурнамои кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати сохтмони соҳаи маорифро таҳия намуда, ба Вазорати маориф ва илм барои баррасӣ пешниҳод менамояд.
- Тибқи муқаррароти мавҷуда бо ташкилот ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташбуда мукотиба менамояд.
- Дар таҳияи нақшаи пешакӣ ва солонаи сохтмони асосӣ роҳбарӣ намуда, иҷрои корҳоро оид ба сохтмони асосӣ, истифодаи самараноки маблағҳои асосӣ ва сохтмони иншоот таъмин менамояд.
- Баҳри баланд бардоштан ва бо сифат анҷом додани иҷрои корҳои сохтмонӣ чораҳои амалӣ андешида, истифодаи маблағҳои асосиро такмил медиҳад.
- Бо ташкилотҳои пудратӣ шартномаи тарафайн баста, амалиёти бонкиро ташкил  менамояд.
- Барои гузаронидани озмун доир ба интихоби пудратчиён ҷиҳати омода кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ, инчунин доир ба интихоби мушовирони хориҷӣ ва маҳаллӣ тадбирҳо меандешад.
 
Сохтори Раёсат
 
- Раёсатро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Сардор муовин ва сардори шӯъбаҳои худро дорад, ки аз ҷониби ӯ  дар мувофиқа бо муовини соҳавии Вазири маориф ва илм ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. 
- Сардори Раёсат:
- фаъолияти умумии Раёсатро роҳбарӣ  намуда, кори онро ташкил мекунад;
- вазифаҳои  хидматии муовинон ва сардорони шӯъбаҳои Раёсатро муайян мекунад;
- иҷрои саривақтии амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илмро иҷро менамояд;
- оид ба ташкили кори Раёсат, дурусту сари вақт ҳал намудани масъалаҳои  дар назди Раёсатбуда  масъул мебошад ва аз натиҷаи фаъолияти Раёсат дар назди роҳбарияти Вазорати маориф ҳисобот медиҳад;
- дар доираи салоҳияти худ дастуру супоришҳо медиҳад;
- оид ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти молиявию хоҷагии Раёсат фармоиш медиҳад;
- оид ба такмили ихтисоси  кормандони Раёсат тадбирҳо меандешад;
- мувофиқи  тартиботи муайяншуда коргарони   фаъоли  Раёсатро барои гирифтани мукофотҳо пешбарӣ менамояд;
-супориш оид ба лоиҳакашӣ ва бастани шартномаҳои пудратиро тасдиқ менамояд;
- оид ба баланд бардоштан ва арзон тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ, ташкили тарзҳои нави сохтмон, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ, кам кардани мӯҳлати сохтмон ва паст кардани арзиши сохтмон чора меандешад;
- дар таҳияи барномаҳои инвеститсионии Вазорати маориф ва илм доир ба сохтмон, таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи маориф ширкат меварзад;
- дар амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ саҳм мегузорад;
- истифодаи самараноки маблағҳои асосӣ ва равона намудани онҳоро ба иншооти ба истифода супоридашаванда назорат менамояд;
- оид ба сари вақт бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои пудратӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлгардонии иншоот тадбирҳо меандешад.
-Раёсат зери назорати Вазири маориф ва илм ва муовинони Вазири маориф ва илм фаъолияти худро ба роҳ мемонад.
 
Вазифаҳои асосии Раёсат
 
- Таҷҳизот ва таъмини масолеҳ (таъминоти фармоишгар) ва лоиҳакашии иншооти соҳаи маорифро пурра намуда, назорати техникиро аз болои сохтмони иншоот  ба роҳ мемонад.
- Лоиҳакаширо бо мақсади таъмин намудани сохтмони иншооти соҳаи маориф ташаккул ва такмил медиҳад.
- Рафти иҷрои қарорҳо ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармоиши Вазири маориф ва илмро, ки ба фаъолияти Раёсат марбут мебошанд, назорат менамояд.
- Ҳисобот, маълумотномаҳо, мактубҳо ва ҳуҷҷатҳои дигарро ҷиҳати пешниҳод кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳо таҳия менамояд.
- Иҷрои нақшаи сохтмони асосиро таъмин менамояд.
- Шаҳрвандонро қабул намуда, оид ба пешниҳоду дархост, ариза ва        шикоятҳои  онҳо тибқи қонунгузории амалкунанда тадбирҳо меандешад.
- Барои сари вақт бастани шартномаҳо бо ташкилотҳои пудратӣ ҷиҳати тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-кофтукобӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ-васлкунии иншоот, ки аз ҳисоби сармояҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд, чораҳо меандешад.
- Ӯҳдадориҳое, ки дар шартномаҳо нишон дода шудаанд, назорат карда, барои роҳ надодан дар иншооти сохташаванада барои истифодаи масолеҳҳои сохтмонии ба меъёрҳои сохтмонӣ ва шартҳои техникӣ ҷавобгӯнабуда тадбирҳо меандешад. 
-  Оид ба сари вақт дастрас намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои техникӣ барои ташкили кори пудратчиён чораҷӯӣ менамояд.
- Дар мӯҳлатҳои муайяншуда ҳуҷҷатҳоро барои гузаронидани озмун ҷиҳати интихоби мушовирони хориҷию дохилӣ ва ташкилотҳои пудратӣ омода мекунад.
- Интизоми хазинадорӣ ва пулӣ,  сметаи хароҷоти хоҷагидорӣ ва дигар хароҷот, дар асоси қонун аз эътибор соқит намудани норасоиҳои баланс, қарзҳои дебиторӣ ва дигар хароҷот, нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ, саривақт дуруст тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва супоридани он ба бойгонӣ, таъмини саривақтии тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ дар асоси маълумоти аввалаи ҳуҷҷатҳо ва ба ташкилотҳои дахлдор дастрас намудани онҳоро таъмин менамояд.
- Банақшагирии маблағҳои асосии пешакӣ ва солона, таъмини истифодаи самараноки маблағҳои асосӣ дар иншооти ба истифода супоридашаванда ва иншооти сохташаванда, кам кардани миқдори сохтмони нотамомро назорат  мекунад.
- Рӯйхати иншооти сохташавандаро бо назардошти иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии барномаҳои давлатӣ тартиб дода, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа менамояд. 
- Рафти амалисозии барномаҳои давлатӣ ва идомаи сохтмони иншоотро назорат менамояд.
 
Самтҳои асосии фаъолияти Раёсат
 
- Лоиҳа ва нақшаи солонаи сохтмони асосӣ, корҳои лоиҳа-кофтукобии иншооти соҳаи маорифро таҳия ва дар мӯҳлати муқарраршуда барои тасдиқ пешниҳод менамояд ва ҳамзамон, иҷрои онҳоро ташкил ва зери назорат мегирад.
- Барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ  шартнома баста, ба ташкилотҳои лоиҳакашӣ барои тайёр намудани лоиҳа супориш медиҳад, сметаҳоро мувофиқа мекунонад, аз рӯи корҳои иҷрошудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ҳисобот мебарад, бо тартиби муқарраршуда ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавиро аз ташхиси давлатӣ гузаронида, барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
- Дар корҳои интихоби майдони сохтмонӣ ва ҷамъ овардани асноди зарурӣ барои лоиҳакашӣ иштирок мекунад.
- Нақшаи дурнамои иншооти сохтмониро таҳия намуда, варақаҳои сохтмонҳои дохилиро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда омода ва барои тасдиқ пешниҳод мекунад.
- Бо корхонаҳои сохтмонӣ шартнома мебандад, ташкилотҳои сохтмонии пудратиро бо ҳуҷчатҳои лоиҳа-сметавӣ таъмин менамояд, ҳуҷҷатҳои маблағгузориро ба расмият дароварда, дар иҷрои нақшаи сохтмони асосӣ, сари вақт таъмин намудани маблағгузории иншоот ва баистифода додани онҳо масъул мебошад. 
- Маҷмӯи масолеҳ, лавозимоти технологӣ ва дигар таҷҳизотро (таъминоти фармоишгар) пурра намуда, барои масолеҳу таҷҳизот маблағ мегузаронад ва онҳоро ба ташкилотҳои пудратӣ ба майдончаи сохтмонӣ мерасонад.
- Дар иншооти сохташаванда назорати техникӣ бурда, сифати корҳои иҷрошударо месанҷад, мутобиқи шартномаи бо ташкилотҳои пудратӣ басташуда ва аз рӯи меъёрҳои сохтмонӣ корҳои иҷрошударо қабул менамояд ва ҳисобот медиҳад.
- Корҳои иҷрошудаи сохтмонӣ-васлкунии иншоотро назорат карда, ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ тартиб медиҳад ва ба ташкилоти дахлдор дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод мекунад.
- Барои санҷиш омода будани сохтмони иншоот гурӯҳи корӣ таъсис дода, натиҷаи кори онро ба комиссияи давлатии қабули сохтмони иншооти анҷомёфта пешниҳод менамояд.
- Иншооти ба истифода додашуда ва хароҷоти онро ба ихтиёри ташкилотҳо ва идораҳои тааллуқдошта мегузаронад, барои тасдиқ ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм санадҳои қабули онро мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ пешбарӣ мекунад.
- Барои баланд бардоштани сифати корҳо ва кам кардани арзиши сохтмони иншоот  Нақшаи чорабиниҳо таҳия мекунад.
- Тибқи тартиби муайяншуда вайрон ва омода кардани майдончаи сохтмониро таъмин намуда, ба шаҳрвандон, соҳибмулкони бино ва иншооти барҳамдодашуда мувофиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳа-сметавӣ ва инвентарӣ арзиши онро пардохт менамояд.
- Дар кори комиссия оид ба муайян намудани зарари ба иншооти соҳаи маориф расонидаи офатҳои табиӣ ширкат варзида, оид ба маблағҳои зарурӣ барои барқароркунии онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳия карда, ба ташкилотҳои болоӣ пешниҳод мекунад.
- Лоиҳаи Барномаи давлатии инвеститсиониро бо забони русӣ ва англисӣ оид ба барқарор кардан ва давом додани сохтмони иншооти маориф тартиб дода, онро дар фондҳои зарурӣ ва сармоягузории хориҷию дохилӣ ҳимоя карда, кор мебарад.
- Дар корҳои фондҳо ва сармоягузорони хориҷию дохилӣ оид ба масъалаҳои сохтмон, таҷдид ва барқароркунии иншооти соҳаи маориф иштирок мекунад.        
 
 

Раёсати сохтмони асосии дар назди 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 Сардор: Зарипов Абдуқодир Абдусаломович
Суроға: кучаи Нисормуҳаммад 13а, 734025, Душанбе, Тоҷикистон
телефон-(+992 37) 227-34-71 
факс-(+992 37) 227-47-81