23.06.2025

 img

Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар оид ба таҳияи Дастурамалҳои методӣ оид ба баҳодиҳии форматсионӣ буда, ҷузъи муҳими баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб мешавад. 

Дар семинар Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, намояндаи Иттиҳоди Аврупо Диана Димова, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва инчунини тренерон аз Ҷумҳурии Қазоқистон онлайн пайваст шуданд.  

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода зарурати ҷорӣ намудани баҳодиҳии форматсионӣ ҳамчун абзори муҳими рушди шахсии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълимро таъкид намуд.

Диана Димова, менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, саҳми Иттиҳоди Аврупоро дар рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, омодагии Иттиҳодро барои дастгирии минбаъда таъкид кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси ислоҳоти соҳаи маорифро ба зимма гирифта, яке аз самтҳои калидии он ҷорӣ намудани низоми инноватсионии маориф мебошад

 

  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img
  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img
  • Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025” баргузор гардид 5 августи соли 2025, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Институти ғизои соҳавии Русия марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025”- ро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.   Дар озмун чор ошпази ботаҷриба аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд. Ҳар кадом маҳорати баланди ошпазӣ ва садоқати худро ба касб ва ғизои солими мактабӣ нишон доданд.   Ошпазҳо бо истифода аз маҳсулоти ҳаррӯзаи мактаб ва Китоби «Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ»таомҳои мактабӣ, болаззат ва серғизо омода намуданд, аз ҷумла сэт, ки дар он хӯрокҳои зерин: якум шӯрбо бо ярмаи марҷумак; палав бо гӯшти гов в лӯбии сурх; хӯриш аз картошка ва ҷуворимакка; панкейк ва полуда аз ҷемро манзур намуданд. Ин таомҳо нишон доданд, ки маҳсулоти оддӣ ва дастрас дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд асоси ғизои мутавозинро ташкил диҳанд, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат намояд.   Баъд аз чашидани таомҳо ва гузоштани баҳо, ҳайати ҳакамон ду финалистро интихоб намуд. Онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо финалистони дигар минтақаҳои кишвар барои ҷоизаи «Беҳтарин ошпази мактаб – 2025», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мубориза хоҳанд кард.   Ҳамаи иштирокчиён барои садоқат ба касб ва саҳмгузорӣ дар рушди ғизои мактабӣ дар саросари кишвар бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

    94

    05.08.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМӮЗИШИ ЭЛЕКТРОНӢ 29 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” курси омӯзишӣ оид ба Модули омӯзиши электронии БОР оид ба “Истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ (SEAH)” бо иштироки кормандони лоиҳа доир гардид.     Зимни баргузории курси мазкур 13 нафар кормандони ГИЛ фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳамаи ҷанбаҳои масъалаи мазкур омӯзонида шуданд. Дар интиҳо иштирокчиёни омузиш соҳиби сертификат гардиданд.   Бояд тазаккур дод, ки курси омӯзишии мазкур дар асоси Нақшаи амали SEAH-и лоиҳаи STEM гузаронида шуд.

    75

    29.07.2025
  •  img
    ВОХУРИИ МАҶОЗӢ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 29 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” вохурии маҷозӣ бо мушовири байналмилалӣ  хонум Приянка Чиримар доир гардид.    Вохурии мазкур аз ҷониби намояндагии БОР бо иштироки  Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”  ва лоиҳаи намоишии “Долони сабз” доир гардид.    Дар оғози вохурӣ муаррифии ҷонибҳо сурат гирифта, хонум Приянка Чиримар нисбат ба масъалаи ҳалли рақамӣ барои огоҳинома, муроҷиатҳо ва гузоришдиҳии Истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ - SEAH маълумот дод.   Зимни баргузории вохурӣ кормандони лоиҳа фаъолона ширкат намуда, вобаста ба суолҳои худ дар хусуси масъалаи ҳалли рақамӣ барои огоҳинома, муроҷиатҳо ва гузоришдиҳии SEAH посух гирифтанд.

    74

    29.07.2025