29.07.2025

 img

29 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” вохурии маҷозӣ бо мушовири байналмилалӣ  хонум Приянка Чиримар доир гардид. 

 

Вохурии мазкур аз ҷониби намояндагии БОР бо иштироки  Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика”  ва лоиҳаи намоишии “Долони сабз” доир гардид. 

 

Дар оғози вохурӣ муаррифии ҷонибҳо сурат гирифта, хонум Приянка Чиримар нисбат ба масъалаи ҳалли рақамӣ барои огоҳинома, муроҷиатҳо ва гузоришдиҳии Истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ - SEAH маълумот дод.

 

Зимни баргузории вохурӣ кормандони лоиҳа фаъолона ширкат намуда, вобаста ба суолҳои худ дар хусуси масъалаи ҳалли рақамӣ барои огоҳинома, муроҷиатҳо ва гузоришдиҳии SEAH посух гирифтанд.

  • ВОХУРИИ МАҶОЗӢ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  img
  • ВОХУРИИ МАҶОЗӢ БО МУШОВИРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025” баргузор гардид 5 августи соли 2025, Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Институти ғизои соҳавии Русия марҳилаи интихобии озмуни “Беҳтарин ошпази мактабӣ – 2025”- ро дар шаҳри Душанбе баргузор намуд.   Дар озмун чор ошпази ботаҷриба аз муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок карданд. Ҳар кадом маҳорати баланди ошпазӣ ва садоқати худро ба касб ва ғизои солими мактабӣ нишон доданд.   Ошпазҳо бо истифода аз маҳсулоти ҳаррӯзаи мактаб ва Китоби «Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ»таомҳои мактабӣ, болаззат ва серғизо омода намуданд, аз ҷумла сэт, ки дар он хӯрокҳои зерин: якум шӯрбо бо ярмаи марҷумак; палав бо гӯшти гов в лӯбии сурх; хӯриш аз картошка ва ҷуворимакка; панкейк ва полуда аз ҷемро манзур намуданд. Ин таомҳо нишон доданд, ки маҳсулоти оддӣ ва дастрас дар сатҳи маҳаллӣ метавонанд асоси ғизои мутавозинро ташкил диҳанд, ки ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат намояд.   Баъд аз чашидани таомҳо ва гузоштани баҳо, ҳайати ҳакамон ду финалистро интихоб намуд. Онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо финалистони дигар минтақаҳои кишвар барои ҷоизаи «Беҳтарин ошпази мактаб – 2025», ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мубориза хоҳанд кард.   Ҳамаи иштирокчиён барои садоқат ба касб ва саҳмгузорӣ дар рушди ғизои мактабӣ дар саросари кишвар бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

    95

    05.08.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМӮЗИШИ ЭЛЕКТРОНӢ 29 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” курси омӯзишӣ оид ба Модули омӯзиши электронии БОР оид ба “Истисмори шаҳвонӣ, зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ (SEAH)” бо иштироки кормандони лоиҳа доир гардид.     Зимни баргузории курси мазкур 13 нафар кормандони ГИЛ фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳамаи ҷанбаҳои масъалаи мазкур омӯзонида шуданд. Дар интиҳо иштирокчиёни омузиш соҳиби сертификат гардиданд.   Бояд тазаккур дод, ки курси омӯзишии мазкур дар асоси Нақшаи амали SEAH-и лоиҳаи STEM гузаронида шуд.

    75

    29.07.2025
  •  img
    ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ВА БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНӢ 25 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи кумаки техникӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) баргузор гардид.   Созишномаи мазкур ба хотири мусоидат ба интиқоли устувор ва ҳамвораи низоми ғизои мактабӣ ба моликияти миллӣ ва таҳкими иқтидори идоракунии ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ ба имзо расонида шуд.   Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон директори он Адҳам Мусаллам ба имзо расониданд.   Дар оғози маросим вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо дастгирии БОҶ дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, кӯдакони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мешаванд. Зикр шуд, ки соҳаи ғизои мактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ҳадафи беҳтар намудани вазъи ғизои хонандагон Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2027 таҳия ва мавриди амал қарор дорад.   Дар навбати худ, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки аз ҳамкориҳои самарабахши худ бо Вазорати маориф ва илм қаноатманд ҳастем ва созишномаи имрӯза қадами устуворе дар роҳи таъмин намудани ғизои солим ба кӯдакон аст.   Ёдовар мешавем, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ яке аз шарикони муҳими стратегӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғизои мактабӣ, нақши намоён дорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    168

    25.07.2025