27.10.2025

 img

27 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Серена» семинари омӯзишии серӯзагӣ барои кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Тартиби такмилёфтаи мониторинг ва арзёбии сифати таълим, иҷозатдиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» оғоз гардид. Семинар дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» доир шуд.

 

Дар кори семинар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффарзода Бадриддин, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илм Холиқзода Айниддин, менеҷери лоиҳа Азатуллозода Нарзия ва мушовири байналмилалӣ Какабаева Райгул ширкат доштанд.

 

Зимни ифтитоҳи семинар таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 зимни ироаи суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш зикр намуда буданд: «Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳими соҳаи маориф боқӣ мемонад».

 

Дар робита ба ин нукта, иштирокчиён таъкид карданд, ки барои таъмини сифати таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддӣ барои такмили низоми идоракунии сифати таҳсилот ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.

 

Гуфта шуд, ки аз соли 2007 дар муассисаҳои таълимии кишвар низоми назорати сифати таҳсилот ва аз соли 2010 низоми идоракунии таълим амал мекунад. Бо вуҷуди ин, нокифоя будани таҷриба ва фаъолиятҳои маҳдуди масъулон боиси иҷро нагардидани пурраи баъзе принсипҳои идоракунии соҳа шудааст.

 

Иштирокчиён зикр намуданд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба самти наздикшавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот равона гардидааст. Аз ин рӯ, мутобиқ гардондани низоми арзёбии сифати таҳсилот ба ин меъёрҳо яке аз вазифаҳои асосии давра ба шумор меравад.

 

Дар семинар ёдоварӣ шуд, ки 28 феврали соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Ҳукумати мамлакат баргузор гардид, ки дар он Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин санад бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №140 тасдиқ гардида, ба такмили раванди таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот нигаронида шудааст.

 

Дар доираи татбиқи банди 1, 2 ва 4-и Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 семинари мазкур ба омӯзиши тартиби нав, нишондиҳандаҳо ва воситаҳои арзёбии дохилисинфӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ бахшида шудааст. Барномаи семинар мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:

•  равандҳои глобалии арзёбии берунаи сифати таҳсилот;

•  тартиби нави мониторинг ва арзёбии сифати таълим;

•  иҷозатдиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ;

•  ташкили мушоҳидаи дарс ва пурсишҳои таҳлилӣ тавассути анкета;

•  ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии беруна.

 

Дар раванди семинар мушовирони байналмилалӣ ва мутахассисони миллӣ аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти арзёбии сифати таълим иттилоъ доданд ва роҳҳои татбиқи амалии онро дар муассисаҳои таълимии кишвар баррасӣ намуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин семинарҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот, инчунин татбиқи Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027 “Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот” аҳаммияти бузург дошта, ба таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва институти таҳсилоти босифат мусоидат хоҳад кард.

  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img
  • СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАРТИБИ ТАКМИЛЁФТАИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ШУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    41

    20.03.2026
  •  img
    ИШТИРОКИ ДАР ҶАЛАСАИ 6-УМИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ МИЛЛИИ PIRLS ДАР МАЛТА Аз 8 то 13 марти соли 2026 дар шаҳри Валеттаи Ҷумҳурии Малта Ҷаласаи 6 Ҳамоҳангсозони миллии арзёбии байналмилалии PIRLS баргузор гардида истодааст. Дар кори рӯзи аввали ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Маркази миллии арзёбии PIRLS дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Иштироки ҳайати кишвар дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти омодагӣ ба арзёбии PIRLS - 2026, мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ бо кишварҳои иштироккунанда аҳаммияти муҳим дорад. Дар оғози ҷаласа намояндагони Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Малта меҳмононро ба кишвари худ самимона хушомадед гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ таманно карданд. Сипас, директори Маркази байналмилалии таҳқиқотҳои назди Коллеҷи Бостон оид ба ҳадаф ва мақсади вохӯрии навбатӣ, инчунин барномаи кории он барои тамоми ҳафта суханронӣ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштироккунандаро барои таъмини сифати баланди арзёбӣ ва шаффофияти натиҷаҳо таъкид кард. Дар рафти кори рӯзи аввали ҷаласа масъалаҳое, ки қаблан дар ҷаласаи моҳи августи ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Варшава баррасӣ гардида буданд, дубора мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавобҳои намунавӣ ва қобили қабул ба саволҳои марбут ба се матни асосии арзёбӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои иштироккунанда як ба як таҳлил ва баррасӣ карда шуданд. Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкур баррасӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал барои татбиқи арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Дар ин замина масъалаҳои ниҳоӣ гардонидани интихоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои чорум ва хонандагоне, ки дар арзёбӣ иштирок менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, иштирокчиён тарзи баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳое, ки дар асоси матнҳои пешниҳодшуда таҳия шудаанд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Қисмати муҳимми ҷаласа инчунин ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баррасии махзани маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳои хонандагон, падару модарон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони синфҳои чорум бахшида шуд. Дар баробари ин, паҳлуҳои техникии амалигардонии арзёбии PIRLS, аз ҷумла, тартиби идоракунии маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифату шаффофияти раванди арзёбӣ низ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

    22

    08.03.2026
  •  img
    Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе Дар Литсейи касбӣ-техникии Душанбе барои шахсони дорои маъюбият семинари махсус оид ба масъалаҳои дастрасӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва тренерон иштирок намуда, сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши амалии худро оид ба таҳсилоти фарогир ва меъёрҳои дастрасӣ тақвият бахшиданд. Семинарро Кармен Ротару роҳбарӣ намуда, таҷрибаҳои байналмилалӣ ва усулҳои амалиро барои беҳтар намудани муҳити омӯзишӣ барои шахсони дорои маъюбият муаррифӣ кард. Иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва машқҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, роҳҳои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро баррасӣ карданд.

    95

    02.03.2026