16.07.2026

 img

16 июли соли 2026 дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин роҳбарияти лоиҳа иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардидааст. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмии хонандагон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи ҳамоҳангсози лоиҳа - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Музаффарзода ва менеҷери лоиҳа Б. Абдулмаҷид шунида шуд.

 

Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар самтҳои рушди инфрасохтори таълимӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти STEM, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рақамикунонии идоракунии соҳаи маориф пешрафти назаррас ба даст омадааст.

 

Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ба масъалаҳои иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, сифати корҳои сохтмонӣ, омодасозии омӯзгорон барои татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

 

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома кумитаи роҳбарикунанда қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла, ҳисоботи лоиҳа барои маълумот қабул гардида, ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани назорати иҷрои шартномаҳо, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳо ва татбиқи сиёсати шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд, супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

Ҳамзамон, ба воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеъ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият, мусоидат дар татбиқи чорабиниҳои лоиҳа ва истифодаи самараноки инфрасохтори нави таълимӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори кадрӣ, тавсеаи имкониятҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ нақши муҳим дошта, ба рушди устувори низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАРРИФИИ НАТИҶАҲОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ» 5 майи соли 2026 мулоқоти ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода бо ҳайати Миссияи кории Бонки умумиҷаҳонӣ ва намояндагони лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» баргузор гардид.   Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» дар Донишкада, баргузории рафти омӯзишҳо дар асоси маҷмӯи маводи таълимии курсҳои такмили ихтисос дар шакли модулӣ аз наздик шинос шуданд.   Ҳайати миссияро намояндагони лоиҳа ва Бонки умумиҷаҳонӣ Тигран Шмис, Саураф Дев Бхатта, Алмира Закиева ҳамроҳӣ намуданд.   Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз татбиқи самараноки бандҳои "Харитаи роҳ", азхудкунии маводи таълимӣ аз ҷониби шунавандагон, раванди омӯзишҳо ва омодагии тренеронро натиҷагирӣ намуда, самтҳои минбаъдаи рушди ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд.

    277

    05.05.2026
  •  img
    НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ЛОИҲАИ ISTEM ДАР СОЛИ 2025 Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (ISTEM)” бо сипосномаи Бонки Осиёии Рушд барои фаъолияти босамар ва натиҷаҳои назаррас дар раванди татбиқ қадрдонӣ гардид. Қадрдонӣ дар доираи ҷаласаи ҷамъбастии баррасии амалиёт ва барномарезии лоиҳаҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сурат гирифт. Дар он намояндагони вазоратҳои калидӣ, ниҳодҳои иҷроия ва гурӯҳҳои лоиҳавӣ иштирок намуданд. Дар доираи чорабинии мазкур самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, афзалиятҳо барои соли 2026 ва нақшаҳо то соли 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар соли 2025 натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, 93 фоизи лоиҳаҳо тибқи нақша амалӣ гардидаанд. Сипоснома ба Лоиҳа аз ҷониби намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода супорида шуд. Ин дастовард бозгӯи саҳми назарраси лоиҳаи ISTEM дар рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи унсурҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилот мебошад.  

    344

    02.04.2026
  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    378

    20.03.2026