Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе

23.08.2024

  • Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе
  •  
  • Рӯзи 29 июл дар шаҳри Душанбе омӯзиши саводнокии функсионалӣ барои 1206 омӯзгори мактаб оғоз шудИн як қисми омодагӣ ба PISA-2025 мебошадОмӯзиш то 23 август давом медиҳадИн омузиш бо маблағгузории Иттиҳодияи Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Мактабҳои зеҳнии Назарбоев ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони сохаи маорифи Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  • Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазир маориф ҷаноб Каримзода Равшаннамояндаи Иттиҳоди Аврупо ҷаноб Вилям Линдберг ва ректори Донишкада ҷаноб Наврӯз Мирзозода иштирок доштандҲузури онҳо аҳамияти ин ҳамкориро дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилот дар Тоҷикистон нишон медиҳад.

  • Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе img
  • Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе img
  • Оғози омӯзиши оид ба саводнокии функсионалӣ барои омӯзгорони мактабҳои шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таҷрибаи пешқадами рушди фрилансинг ва шуғли фосилавӣ Аз 13 то 23 август намоянди лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Тоҷикистон» ба шаҳри Остона сафар карданд! Мақсади сафар омӯхтани таҷрибаи пешқадами рушди фрилансинг ва шуғли фосилавӣ буд. Ин дониш ба мо кӯмак мекунад, ки механизмҳои муассир ҷорӣ кунем ва шароити кори фрилансерҳоро дар Тоҷикистон беҳтар кунем. Ҳайат аз Маркази рушди меҳнат, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин аз Маркази шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии Остона ташриф доданд. Қайдҳои муҳим: -- Шуғои платформавӣ инкишоф меёбад. Дар кодекси нави ичтимой андози даромад 1 фоиз кабул карда шудааст. -- www.enbek.kz - биржаи электронии меҳнат 95% аҳолии фаъоли Қазоқистонро фаро мегирад. Муносибатхои мехнатй хеле содда карда шудаанд. -- Талабот ба хизматрасонии маркази шуғли аҳолӣ дар Остона хеле зиёд аст. Барномаҳои мувофиқ самараи баланд нишон медиханд. -- Резидентҳои Astana Hub ҳар сол ба маблағи то як миллиард маҳсулот ва хизматрасонӣ содир мекунанд. Резидентҳо аз ҳама гуна андозҳо озод мебошанд, ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, ки 5% андоз аз даромад месупоранд. -- Платформаҳо ба монанди Upwork баланд писанд ҳастанд.

    6719

    06.09.2024
  •  img
    Изҳороти роҳбари лоиҳа                 Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бо суръати мунтазами рушди      иқтисодии дар сатҳи 7% ва зиёда аз он қарор дорад. Дар раддабандии нави "Doing Business – 2020"-и Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид шуд ва саъю кушиши кишвар барои беҳтар кардани муҳити тиҷорат шаҳодат медиҳад. Кишвар дар самти коҳиши камбизоатӣ ва меҳнати кӯдакона низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Назарсанҷии охири Gallup Тоҷикистонро амнтарин кишвари ҷаҳон ҳатто болотар аз Сингапур эълон кард. Илова ба ин, варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж се медали биринҷӣ ба даст оварда,   истеъдоди худро намоиш доданд. Тоҷикистон аз рӯи ишғоли медалҳо ба ҳисоби ММД дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум қарор гирифт.Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба ҷонибдории Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ба қувваи инсонӣ ҳамчун асоси пешравии устувор ва рушди осоишта шарик аст. Марҳилаи дуюми Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат намунаи шарикии содиқонаи ИА дар пешбурди ҳадафҳои рушди Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи ин лоиҳаи панҷсола баланд бардоштани натиҷаҳои омӯзиш ва сатҳи шуғли ҷавонон, ба хусус аҳолии осебпазир мебошад. Тавассути таҳкими идоракунии маориф ва бозори меҳнат, пешбурди таҳсилоти рақамӣ ва касбомӯзӣ ва таъмини таҳсилоти фарогир ва мутобиқ ба ниёзҳои бозор мо ҳадаф дорем, ки барои ояндаи беҳтар ва дурахшони Тоҷикистон саҳм гузорем. Бо таҷрибаи бисёрсола дар соҳаи рушди байналмиллалӣ ман аз имкони дастгирӣ кардани пешрафти маорифи Тоҷикистон илҳом мегирам. Ман ифтихор дорам, ки як гурӯҳи мутахассисони ҳадафманди миллӣ ва байналмилалиро, ки ҷонибдори гузоштани саҳми пурарзиш ва устувор ба соҳаҳои маориф ва бозори меҳнати кишвар мебошанд, роҳбарӣ мекунам.

    6606

    05.09.2024
  •  img
    Семинари банақшагирии стратегӣ барои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони сохаи маориф Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони сохаи маориф (ДҶТИБКСМ) ва лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, семинари банақшагирии стратегиро рӯзҳои 19-20 июли соли 2024 дар осоишгоҳи Шоҳамбари бомуваффақият ба анҷом расид. Дар чорабинӣ ректори ДҶТИБКСМ Наврӯз Мирзозода, муовинони ректор Абдусаттор Наҷимидиниён ва Сафарбек Собиров ва чанд мудирони шубаҳо, ҷаноб Штефан Зиверт, роҳбари лоиҳаи « Дастгирии ИА ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва коршиноси лоиҳа хонум Айгул Қазжанова иштирок доштанд. Рӯзномаи семинар аз таҳлилҳои SWOT ва PEST, машқҳои банақшагирии стратегӣ ва таҳияи стратегияҳои сармоягузорӣ барои ҷалби донорҳои байналмилалӣ иборат буд. Дар натиҷаи ҳамкори самтҳои дақиқи стратегӣ, консепсияҳои сармоягузорӣ ва қадамҳои амалӣ барои рушди устувори ДҶТИБКСМ таҳияи карда шуд. Натиҷаҳои семинар тавонмандии ДҶТИБКСМ-ро барои расонидани хидматҳои таълимии босифат, мусоидат ба инноватсия ва такмили салоҳиятҳои касбии омӯзгорони Тоҷикистонро афзоиш хоҳад кард. Семинари мазкур як марҳалаи муҳим дар ҳамоҳангӣ бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ӯҳдадории Иттиҳоди Аврупо оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвари зебои мо мебошад.

    151

    20.07.2024