08.03.2026
Аз 8 то 13 марти соли 2026 дар шаҳри Валеттаи Ҷумҳурии Малта Ҷаласаи 6 Ҳамоҳангсозони миллии арзёбии байналмилалии PIRLS баргузор гардида истодааст. Дар кори рӯзи аввали ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Маркази миллии арзёбии PIRLS дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Иштироки ҳайати кишвар дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти омодагӣ ба арзёбии PIRLS - 2026, мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ бо кишварҳои иштироккунанда аҳаммияти муҳим дорад.
Дар оғози ҷаласа намояндагони Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Малта меҳмононро ба кишвари худ самимона хушомадед гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ таманно карданд.
Сипас, директори Маркази байналмилалии таҳқиқотҳои назди Коллеҷи Бостон оид ба ҳадаф ва мақсади вохӯрии навбатӣ, инчунин барномаи кории он барои тамоми ҳафта суханронӣ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштироккунандаро барои таъмини сифати баланди арзёбӣ ва шаффофияти натиҷаҳо таъкид кард.
Дар рафти кори рӯзи аввали ҷаласа масъалаҳое, ки қаблан дар ҷаласаи моҳи августи ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Варшава баррасӣ гардида буданд, дубора мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавобҳои намунавӣ ва қобили қабул ба саволҳои марбут ба се матни асосии арзёбӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои иштироккунанда як ба як таҳлил ва баррасӣ карда шуданд.
Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкур баррасӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал барои татбиқи арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Дар ин замина масъалаҳои ниҳоӣ гардонидани интихоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои чорум ва хонандагоне, ки дар арзёбӣ иштирок менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамзамон, иштирокчиён тарзи баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳое, ки дар асоси матнҳои пешниҳодшуда таҳия шудаанд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Қисмати муҳимми ҷаласа инчунин ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баррасии махзани маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳои хонандагон, падару модарон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони синфҳои чорум бахшида шуд.
Дар баробари ин, паҳлуҳои техникии амалигардонии арзёбии PIRLS, аз ҷумла, тартиби идоракунии маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифату шаффофияти раванди арзёбӣ низ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.