16.04.2025

 img

Дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа Музаффарзода Бадриддин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини соҳа ва аъзоёни Шуро ширкат варзида, масъалаҳои муҳими марбут ба ғизои мактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Зимни нишаст раванди амалисозии “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2027” ҷамъбаст гардида, дурнамо ва масъалаҳои ҷорӣ дар самти таъмини ғизои солим ба кӯдакону наврасон муҳокима шуданд.

 

Аъзоёни Шуро ҳамчунин пешниҳодҳои худро доир ба такмили бандҳои дахлдори лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтарсозии ташкил ва танзими ғизои мактабӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсус ироа намуданд.

 

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои омодагӣ ба сафари назоратӣ ба муассисаҳои таълимии манотиқи кишвар, баргузории ҷаласаҳои сайёр ва Форуми байналмилалии ғизои мактабӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор хоҳад шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИСОҲАВӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Аз синфхона ба ҷойи кор: Тарғиби омӯзиши амалӣ (Work-Based Learning) дар Тоҷикистон Семинар дар Литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода баргузор гардида, намояндагони муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва шарикони лоиҳаро барои баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкорӣ миёни соҳаи маориф ва бозори меҳнат ҷамъ овард. Дар семинар Фарҳод Раҳимӣ - Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Штефан Зиверт - Роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо; ва намояндаи Ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Дар сухани ифтитоҳии худ ҷаноби Раҳимӣ ба аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоён барои таъмини мувофиқати таҳсилоти касбӣ-техникӣ ба талаботи бозори меҳнат ишора намуд.  Ҷаноби Зиверт уҳдадории Иттиҳоди Аврупоро дар самти дастгирии рушди малакаҳо ва татбиқи навоварӣ тавассути моделҳои шарикии давлатӣ-хусусӣ (PPP) таъкид кард. Дар доираи барнома, гурӯҳи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо ба Литсейи касбии металлургии Турсунзода ва Корхонаи алюминийи Тоҷикистон TALCO ташриф оварда, бо шароит ва имкониятҳои амалисозии омӯзиш дар асоси истеҳсолотро бо намояндагони соҳаи саноат мубодилаи таҷриба намуданд.  

    11

    24.09.2025
  •  img
    Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Дар доираи лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари дурӯза бо мавзӯи «Зеҳни сунъӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ: фурсатҳо ва дурнамо» баргузор гардида,  ҳадафи он баланд бардоштани огоҳӣ ва рушди донишу малакаҳои мутахассисони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ буд. Дар семинар роҳбари лоиҳа ҷаноби Штефан Зиверт, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси байналмилалӣ Айгул Казжанова оид ба таҳсилоти умумӣ иштирок карданд. Раиси Кумита бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, аҳамияти ҳамкории зичи Кумита бо Иттиҳоди Аврупоро таъкид кард.   Ҳадафҳои асосии семинар: • имкониятҳо ва дурнамоҳои ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар равандҳои таълимӣ; • таҷрибаи байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар истифодаи платформаҳо ва усулҳои ЗС; • таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва талабот ба малакаҳои нав; 🎓Барномаи семинар муаррифии маърузаҳо, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва табодули таҷрибаҳоро дар бар гирифт. Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён инчунин ҳуҷҷатҳои амалии тавсиявӣ барои рушди минбаъдаи ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ва бозори меҳнат таҳия намуданд. Пас аз анҷоми семинар иштирокчиён бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.  

    54

    22.09.2025
  •  img
    Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо дар соҳаи маориф Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо (ШҲД) як ҷаласаи сатҳи баландро барои таҳкими ҳамкорӣ ва ба даст овардани мувофиқа байни шарикони рушд, ки соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, баргузор намуд. Ҷаласаро расман хонум Исабел Уриз Эрнандес (Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон) оғоз намуда, аҳамияти ҳамкории судманд байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар пешрафти ислоҳоти маориф ва таҳкими чаҳорчӯби ҳамоҳангсозии донорҳо таъкид кард. Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ, Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Сафорати Британияи Кабир, ЮНЕСКО ва дигар шарикон ширкат доштанд. Мавзӯи асосии мулоқот пешбурди Платформаи ҳамоҳангсозии ШҲД буда, ҳадафи он беҳтар намудани ҳамкорӣ, таъмини масъулият ва дастгирии устувории иштироки донорҳо дар соҳаи маориф мебошад. Ҳадафҳои калидии ҷаласа: • Муаррифӣ ва баррасии платформаи ҳамоҳангсозии пешниҳодшуда. • Муҳокимаи нақшҳо, саҳмҳо ва механизмҳои устувории платформа. • Мувофиқа оид ба қадамҳои оянда, аз ҷумла ташкили гурӯҳҳои корӣ ва таъини мутахассисони масъул.    

    54

    19.09.2025