10.07.2025

 img

Рӯзҳои 9 ва 10 июли соли 2025 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Муаррифии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)” баргузор гардид. Тренинги мазкур барои директорон, муовинони директор, омӯзгорони фанҳои STEM, методистон ва кормандони шуъбаҳои маорифи шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Мастчоҳ доир шуд.

 

Зимни баргузории тренинг, мутахассисони лоиҳа доир ба мазмуну муҳтавои лоиҳа ба иштирокчиён маълумот бо рӯнамоҳо пешниҳод намуданд. 

 

Аз ҷумла, масъалаҳои рушди таълими фанҳои STEM, имкониятҳои иловагӣ барои омӯзгорону хонандагон тавассути семинарҳо, тренингҳо ва конфронсҳо, татбиқи консепсия ва барномаи таълими гендерӣ дар таълими STEM, фаҳмиш ва маҳдудиятҳои гендерӣ дар муҳити таълимӣ, тағйирёбии иқлим ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамчунин роҳҳои пешгирии зӯроварӣ ва озори ҷинсӣ баррасӣ гардиданд. 

 

Илова бар ин, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии илмҳои дақиқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

  • БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД  img
  • БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД  img
  • БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД  img
  • БАРГУЗОРИИ ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВАЗИФАИ ИНСОНИЯТ ВА ҶОМЕА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди коҳиш додани меҳнати кӯдакон ва аз байн бурдани шаклҳои хатарноки он пайваста иқдом мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2015 то 2023 дар доираи таҳқиқоти мониторингӣ ва рейдҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нозирони меҳнат садҳо ҳолати истифодаи меҳнати кӯдакон дар бахшҳои ғайрирасмӣ ба қайд гирифта шудааст, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва хизматрасонии кӯчагӣ.Ҳамзамон, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2023–2027 масъалаи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳим зикр шудааст. Дар санадҳои мазкур таъкид мегардад, ки “фароҳам овардани муҳити бехатар, мусоид ва фарогир барои рушди ҳар як кӯдак вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа мебошад”.Барои муқовимат ба ин падида, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СБМ, ЮНИСЕФ ва шарикони байналмилалӣ якчанд иқдомҳоро амалӣ намудааст:• Аз соли 2010 то инҷониб Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон амал мекунад.• Дар 8 вилояти кишвар Марказҳои ҳифзи кӯдакон фаъолият доранд, ки ба кӯдакони осебпазир дастгирии иҷтимоӣ ва равонӣ мерасонанд.• Дар ҳамкорӣ бо СБМ Харитаи роҳ барои барҳам додани меҳнати кӯдакон то соли 2027 таҳия шудааст, ки дар он роҳҳои пешгирӣ, дастгирии оилаҳо ва бозрасии бозори меҳнат муайян шудаанд.• Дар соҳаи маориф - бо дастгирии шарикони рушд дастрасӣ ба таҳсилоти фарогир ва босифат дар мактабҳои деҳот афзоиш дода мешавад. Танҳо дар соли 2023 зиёда аз 300 мактаб бо таҷҳизоти нави таълимӣ таъмин гардид, ки тавассути он муҳити омӯзишӣ беҳтар карда шуд.Хулоса, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо амри зарурӣ аз рӯйи уҳдадориҳои байналмилалист, балки як қадами муҳим барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, бахусус Ҳадафи 8.7 (“Барҳам додани меҳнати маҷбурӣ, тиҷорати одамон ва меҳнати кӯдакон дар ҳама шаклҳо”) мебошад.Мо ҳама масъулем, ки кӯдаконамонро аз муҳити хатарноки меҳнатӣ эмин дорем. Ояндаи кишвар - дар дасти насли солим, босавод ва озод қарор дорад.Биёед даст ба дасти ҳам диҳем ва наслеро парвариш намоем, ки бе меҳнати иҷборӣ, бо донишу маърифат, озод ва созанда ба воя мерасад.Ҳ. МУЗАФАРОВ,коршиноси миллии ЛоиҳаиКумаки Иттиҳоди Аврупо баСоҳаҳои маориф ва меҳнатиҶумҳурии Тоҷикистон

    2

    10.07.2025
  •  img
    Тренинги омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи STEM бо иштироки омӯзгорони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод 3 ва 4 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе тренинги навбатии омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» (STEM) баргузор гардид. Ин чорабинӣ барои мутахассисон ва намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии гуногун роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он такмили малакаи касбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар фанҳои дақиқ мебошад.   Дар тренинг омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №22 ва №35-и шаҳри Ваҳдат, №37-и ноҳияи Файзобод иштирок намуданд. Ҳамчунин, методистон ва намояндагони шуъбаҳои маориф низ ба кори тренинг ҷалб гардиданд.   Масъулони лоиҳа ба иштирокчиён иттилои муфассал дар бораи ҳадафу самтҳои асосии лоиҳаи STEM пешниҳод карда, масъалаҳои гуногунро дар чаҳорчубаи лоиҳа мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.   Тренинг дар фазои озод ва рӯҳияи ҳамкорӣ ҷараён гирифта, барои мубодилаи таҷриба, такмили дониш ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ миёни иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам овард.

    59

    04.07.2025
  •  img
    Семинари ниҳоӣ оид ба пилоткунии баҳодиҳии салоҳиятнок дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари ниҳоӣ оид ба татбиқи Барномаи таълимии салоҳиятнок баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он иштирок карданд. Семинар ҳамчун платформа барои баррасии пешрафт ва натиҷаҳои татбиқи БТС дар 140 муассисаи таҳсилоти умумии пилотии кишвар дар солҳои 2024–2025 баргузор шуд. Диана Димова, менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо сӯхани ифтитоҳӣ баромад намуда, дастгирии доимӣ ва устувори Иттиҳоди Аврупоро ба соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. Дар суханронии ҷамъбастӣ ҷаноби Луи Тангуй, менеҷери Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, аз аъзоёни гуруҳи кории миллӣ ва байналмилалӣ, омӯзгорон ва шарикони лоиҳа барои кӯшишу заҳматҳои пайваста ва садоқати касбиашон самимона изҳори сипос намуд.  

    48

    03.07.2025