17.03.2025

 img

17-уми марти соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе даври аввали семинари омӯзишӣ барои тренерони маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS -2026 баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи семинари мазкур муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ Абдулбосит Шодиниё, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Дилафрӯз Назарализода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, мудирон ва намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи семинар муовини вазири маориф ва илм иброз намуд, ки имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф дар партави сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ гардонидани як қатор стратегияҳои миллӣ, ки барои пешрафту шукуфоии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистони азиз нигаронида шудааст, фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодаем.

Сипас, семинар ба кори худ шурӯъ намуда, тренерон аз рӯйи барномаи семинар иштирокчиёнро бо маълумотҳои зарурии назариявию амалӣ шинос намуданд.

Гуфта шуд, ки 28 феврали соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нахуст Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 муаррифӣ намуданд. Стратегияи мазкур ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад. Сифати таҳсилот бо дарназардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёти таълимии ба қобилияти зеҳнию физиологии тарбиятгирандагону хонандагон мутобиқ, воситаҳои таълимӣ, маводи методию аёнӣ, инчунин азхудкунии барномаҳои таълимию тарбиявии мувофиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди арзёбӣ қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур 3 рӯз идома ёфта, 19 март ба анҷом мерасад.

  • БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img
  • БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img
  • БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img
  • БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЭЪЛОН Бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин бахш фаъолияти худро дар асоси Ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 ва Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои марбут ба ғизои мактабиро таъмин менамояд. Аз ҷумла, он ҳамкориҳоро миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар раванди гузариш аз амалисозии барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ ба Вазорат ба роҳ мемонад.   Пас аз анҷоми давраи гузариш, Бахш ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои ғизои мактабӣ фаъолиятро идома хоҳад дод.   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ҳайати марказро тавассути таъсиси намояндагиҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва назорат, мусоидат дар нақшакашӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани иқтидор ва таъмини гузариши устувори барномаи ғизои мактабӣ васеъ намояд.    Дар ин замина, мутахассисони бахшҳои ғизои мактабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳои Суғд,  Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кулоб) ва Рашт ба кор ҷалб карда мешаванд.   ВАЗИФАҲО Таҳти назорати бевоситаи Ҳамоҳангсози маркази ғизои мактабӣ ва бо ҳамкории Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: - Намояндагии Маркази ғизои мактабӣ  дар минтақаҳои вобасташуда, пешниҳод намудани дастурҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои шахсони масъули шӯъбаҳои маориф. - Дастгирӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар сатҳи вилоят. - Дастгирии шӯъбаҳои маориф дар банақшагирӣ ва тарҳрезии ғизодиҳии мактабӣ барои маблағгузорӣ аз буҷети давлат ва ё шарикони рушд, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ. - Барқарорсозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони масъули ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳл, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор (сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва ғ.). - Тақвияти фаъолияти Шӯрои вилоятӣ ва ноҳиявии ғизои мактабӣ бо иштироки мақомотҳои салоҳиятдор ва пайгирии қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар вилоят (минтақа) ва ноҳияҳо. - Дастгирӣ дар таъсис ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳо ва ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи барномаҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва назорати фаъолияти онҳо бо ҷалби шахсони масъули шӯъбаҳои маориф. - Таъсис додани низоми ғизои мактабӣ, аз ҷумла такмили шароити ошхонаҳо, таҷҳизот, мебели мактабӣ, нигоҳдории маҳсулот, ошхонаи хонандагон, шароити шустани дастҳо, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва фаъолияти даромадноки мактабҳо. - Дастгирии мактабҳо дар банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии барномаи ғизоӣ, ки аз буҷети давлатӣ, грантҳои шарикони рушд, саҳми волидон ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад. - Мониторинги мунтазами сифату гуногунии ғизои мактабӣ, аз ҷумла тақвияти фаъолиятҳои рушди кишоварзӣ бо истифодаи заминҳои мактабӣ ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нонпазхонаҳо.  - Таҳия кардани ҳисоботҳо ва фавран гузориш додани ҳолатҳои фавқулода ё фасоду фиреб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба шарикони рушд. - Дар ҳолати ошкор намудани мушкилот ё амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми татбиқи барнома, фавран ба сардори шӯъбаи маорифи минтақавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ гузориш додан ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли он. - Ҷамъоварии маълумот оид ба пешрафти ғизои мактабӣ аз шахсони масъули ноҳияҳо, таҳияи ҳисоботҳои моҳона ва солона бо таҳлили зарурӣ ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Ҷамъоварӣ ва супоридани санадҳои молиявии шахсони масъул барои пардохти хароҷоти нақлиёт ва ё дигар хароҷоти марбут ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Тақвияти иқтидори роҳбарияти мактабҳо ва шахсони масъули шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақа тавассути ташкили омӯзишҳо ва пешниҳоди машваратҳо оид ба ташкил ва идоракунии ғизои мактабӣ. - Тарғиби ғизои солим дар мактабҳо, маҳаллаҳо ва ҷомеаҳо, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ оид ба ғизои солим. - Иштирок дар таҳқиқотҳо, баррасиҳо ва арзёбиҳои марбут ба татбиқи ғизои мактабӣ ва  Барномаи давлатии рушди ғизодиҳии мактабӣ. - Иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дигар вобаста ба амалисозӣ ва рушди ғизои мактабӣ дар вилоят. ТАЛАБОТҲО Тахассусӣ Маълумоти дараҷаи бакалаврият ё дипломи пурраи маълумоти олӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, идоракунии давлатӣ, фанҳои марбут ба рушд ё дигар соҳаи марбут. Дониши ташрифоти давлати оид ба котиботи расмӣ, маҷлисҳо, ташрифҳо миссияҳо, чорабиниҳо ва гайра ҳатмӣ мебошад. Малакаи қавии муоширати бо шарикони давлатӣ ва шарикони рушд.   Таҷрибаи корӣ Ду соли собиқаи корӣ дар корҳои  тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (аз ҷумла идоракунии маълумот) бо сохторҳои давлатӣ ё лоиҳаҳо,ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ. Таҷрибаи корӣ дар барнома ва лоиҳаҳои ғизои мактабӣ бартарӣ дорад.   Забондонӣ Дониши хуби забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои англисӣ ва русӣ афзалият дорад.   Малакаи кор бо компютер Маҳорати баланди кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook) талаб карда мешавад ва таҷрибаи қавӣ дар идоракунӣ ва таҳлили маълумот зарур аст. Таҷрибаи кор бо барномаҳои таҳлил ва визуализатсияи маълумот (SPSS, STATA, Tableau ва ғайра) бартарӣ дорад.   Номзадҳои соҳибихтисос резюме ва номаи тавсиявии худро бояд ба почтаи электронии zsayora@mail.ru ва dilovarsaydaliev@gmail.com ирсол намоянд. Дар мавзӯи нома ҳатман номи вазифа, ноҳия ва вилоят нишон дода шавад.    Рақами телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: +992 90014009 (аз соати 8:00 то 17:00).   Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо — 24 октябри  соли 2025 то соати 17:00 (ба вақти Душанбе). 

    426

    08.10.2025
  •  img
    Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо малакаҳои мутахассисони соҳаи маорифро тақвият мебахшад Дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренинги омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Мақсади асосии тренинг тақвият додани қобилиятҳои мутахассисон дар самти идоракунии самараноки барномаҳои таълимӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъбаҳои минтақавӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф мебошад.

    233

    07.10.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БО ШАРИКОНИ РУШД Дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ миёни намояндагони Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО доир гардид.    Ҷаласаро сармутахассиси раёсати бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд, роҳбари лоиҳа хонум Шин Лонг оғоз намуда, дар оғоз оид ба мақсад ва муҳтавои лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти банақшагирифташуда ва анҷомёфта дар доираи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО низ маълумот дода шуд.   Сипас, баррасии нуқтаҳои ҳамкорӣ миёни созмонҳо, хусусан дар самти ҳамгироии таълими тағйирёбии иқлим дар барномаҳои таълимӣ, инкишофи низоми ягонаи таҳсилоти рақамӣ барои омӯзгорон, рақамикунонии соҳаи маориф, татбиқи методологияи таълими салоҳиятнок, таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ, татбиқи барномаҳо дар самти таълими фарогир, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва дигар масъалаҳо сурат гирифт.   Барои пешрафти самараноки ин самтҳо, қарор қабул гардид, ки гурӯҳҳои махсуси корӣ оид ба таълими тағйирёбии иқлим ва технологияҳои рақамӣ таҳти роҳбарии Вазорат маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, нақшаҳои амалӣ барои баррасии имконияти ҳамгироии лоиҳаи энергетикӣ дар соҳаи маориф ва пайвастшавии намояндагони вазорат ба кор дар платформаҳои таҳсилоти рақамӣ муқаррар гардиданд.   Дар интиҳои ҷаласа қарор қабул гардид, ки байни созмонҳо ҷиҳати татбиқи самарабахши лоиҳаҳо ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, ба таври пайваста барои пайгирии ҳамгироии фаъолиятҳо ҷаласаҳои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда мешаванд.

    338

    07.10.2025