04.04.2025

 img

Шарҳи умумӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини ғизои солим барои кӯдакон таваҷҷуҳи хосса изҳор менамояд. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои баландсифат, хусусан барои кӯдакон, яке аз афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф соли 2022 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардид.

 

Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илмро роҳандозӣ намуда, барномаи ғизои мактабиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб амалӣ мекунад. То имрӯз, барномаи мазкур дар 50% муассисаҳои таълимии кишвар фаро гирифтааст ва ҳамарӯза зиёда аз 400 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ғизои гарм таъмин мегарданд.

 

Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо тақвияти ҳамкориҳо, Вазорати маориф ва илм ҳамасола маблағгузории барномаро афзоиш медиҳад. Дар соли 2025 маблағгузории давлатӣ ба 19 миллион сомонӣ расид, ки 94 муассисаи таълимиро фаро мегирад ва зиёда аз 25 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро бо ғизои гарм ва солим таъмин менамояд. Барои муқоиса, дар соли 2022 ин маблағ ҳамагӣ 5,5 миллион сомониро ташкил медод. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба васеъшавии фарогирии барнома дар ҳамаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон назар дошта, ин имкониятро фароҳам меорад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар пурра бо ғизои солим таъмин шаванд.

 

Фаъолиятия Бахши ғизои мактабӣ

 

 

Бахши ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо дастгирии БОҶ таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии он ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолиятҳои ғизои мактабӣ, инчунин мусоидат ба баланд бардоштани иқтидори кормандони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои он дар минтақаҳо ва ноҳияҳо мебошанд. Таъсиси бахши ғизои мактабӣ қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ миёни БОҶ ва Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» ба шумор меравад.

 

Маросими кушодашавии бахши ғизои мактабӣ

 

Бахши навтаъсис дар пеши худ ҳадафҳои мушаххас гузоштааст, ба монанди густариш додани ҳамкориҳо бо вазоратҳо ва корхонаҳои ба барномаи ғизои мактабӣ шомил, ҳамоҳангсозӣ бо шарикони рушд, тақвими иқтидори масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, кӯмак ба муассисаҳои таълимӣ барои ташкил ва идоракунии ғизои мактабӣ, хусусан муассисаҳои, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳамчунин, бахши ғизои мактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» саҳми арзанда мегузорад.

 

Саҳми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ғизои мактабӣ ва таҳкими иқтидори бахши ғизои мактабӣ саҳми бузург дорад. Таҳти роҳбарии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои барнома амалӣ гардида, масъалаҳои ғизои мактабӣ муҳокима мегарданд ва роҳҳои ҳалли худро ёфтаанд. Бо дастгирии роҳбарияти вазорат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим ба монанди «Дастурамали ташкил ва идораи ғизои мактабӣ», «Тартиби маблағгузории ғизои мактабӣ» ва инчунин шаклҳои ҳисоботии ғизои мактабӣ таҳия ва тасдиқ карда шудаанд. Дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо масъулини ғизои мактабӣ тайин гардидаанд, ки амалисозии барномаро дар ноҳияҳои худ назорат ва идора мекунанд. Вазифаҳои корӣ ва уҳдадориҳои масъулини ғизои мактабӣ барои рушди ғизои мактабӣ таҳия карда шуда, аз ҷониби вазири маориф ва илм тасдиқ гардидаанд. 

 

Бояд тазаккур дод, ки яке аз масъалаҳои чандинсола низ бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳалли худро ёфт. Бо назардошти камбудии норасоии ошпазҳо ва кормандони ошхонаҳо, ки қаблан бо кӯмаки волидайн дар муассисаҳои таълимӣ кор мекарданд, воҳидҳои нави корӣ, аз ҷумла ошпаз, ёрдамчии ошпаз ва ғизошинос ҷорӣ карда шудаанд. Муассисаҳо имконият пайдо кардаанд, ки ошпазҳоро ба кор гирифта ғизои мактабиро ташкил намоянд. Дар таърихи муассисаҳои таълимӣ корманди ғизошинос воҳиди нав буда, вазифаҳои ӯ барои хонандагон таҳия намудани таомномаҳо, назорати саломатии хонандагон ва ҳолати гигиенӣ-санитарӣ дар муассиса, аз ҷумла дар ошхонаву толорҳои хӯрокхӯрӣ мебошад. 

 

Ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои барнома

 

Тибқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027», вазоратҳо ва соҳаҳои дигар, ки дар барнома шомил ҳастанд, бо Вазорати маориф ва илм ҳамкорӣ намуда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои муассир талоши якҷоя меварзанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсил, таъмин намудани шароити муносиб барои таълим ва таъмиру азнавсозии ошхонаҳои мактабӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳад, дар ҳоле ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сифат ва таркиби ғизои мактабиро назорат мекунад. Вазоратҳои дигар низ ӯҳдадориҳои худро ҷиҳати паҳлуҳои дигари барнома иҷро менамоянд. Вазорату идораҳои дахлдор мунтазам дар ҷаласаҳои шӯрои байнисоҳавии ғизои мактабӣ иштирок намуда, ҳисоботҳо ва маълумотҳои худро оид ба амалисозии «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» пешниҳод ва баррасӣ менамоянд.

 

Иштирок дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ

 

Соли 2023 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ пайваст ва ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027» ба котиботи эътилоф пешниҳод намуд. Иштироки Вазорати маориф ва илм дар ин ташаббусҳои ҷаҳонии рушди соҳаи ғизо ва маориф дар кишвар барои беҳтар намудани сифати ғизо, инчунин таъмини шароити солим барои таҳсил ва рушди кӯдакон аҳамияти калони стратегӣ дорад. 

 

Ҳадафҳои асосии эътилофи ҷаҳонии ғизои мактабӣ инҳоянд: 

 

- густариш додани ҳамкории байналмилалӣ барои мубориза бо мушкилоти ғизо ва гуруснагӣ, ки ба таҳсил ва рушд таъсири манфӣ мерасонад; 

- рушд додани иқтидори коршиносони соҳаи маориф дар таҳияи ва амалӣ кардани барномаҳои ғизо; 

- ҷалби маблағгузорӣ барои сохтани инфрасохтори ғизо дар муассисаҳои таълимӣ.

 

Дар тӯли ду сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаббусҳои ҷаҳонии ғизои мактабӣ фаъолона иштирок кардааст, ки ин ба таҳкими амалисозии барномаҳо ва ҳалли мушкилоти ғизои мактабӣ дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

 

Ҳадафҳо барои соли 2025

 

Дар соли 2025 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳадафҳои зеринро ба нақша гирифтааст:

 

- Густариши фаъолияти бахши ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ.

- Рушди истифодабарии заминҳои мактабӣ ва ёрирасон бо мақсади беҳтар намудани ғизои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ.

- Таъмир ва ҷиҳозонидани ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ.

- Афзоиш додани маблағгузории ғизои мактабӣ ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои таълимӣ.

- Рушди иқтидори муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф оид ба амалӣ ва идоракунии ғизои мактабӣ.

- Баланд бардоштани маърифатнокии волидайн ва хонандагон дар масъалаҳои истеъмоли ғизои солим.

- Шарикати фаъолонаи ҷомеаи маҳаллӣ, кормандони мактаб ва мақомоти маҳаллӣ дар амалӣ намудани барномаҳои ғизоии мактабӣ.

- Ташкил ва таҳия кардани механизмҳои мониторинг ва арзёбӣ барои арзишёбии самаранокии барномаҳо ва таъсири онҳо ба саломатии хонандагон ва натоиҷи таълимӣ.

- Таъмини устувории барномаҳо тавассути кӯмакҳои молиявӣ дарозмуддат ва истифодаи манобеи маҳаллӣ барои таъмини ғизо барои мактабҳо.

- Рушди иқтидори омӯзгорон ва кормандони мактаб дар таҳияи ва амалисозии барномаҳои ғизоии мактабӣ ва таълими дуруст дар бораи ғизои солим.

 

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ, Барномаи ғизои мактабӣ дар солҳои 2025 ва минбаъда бо истифода аз ҳамкории васеъ, имкониятҳои молиявӣ ва таъсиси инфрасохтори устувор, маърифатнокии ғизо ва амалисозии устувори ғизои мактабиро дар муассисаҳои таълимӣ баланд бардошта, ба беҳбуди саломатӣ ва таҳсили хонандагон саҳм мегузорад. 

  • ҲАМКОРИҲОИ САМАРАНОКИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ РУШДИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Омӯзиши усулҳои баҳодиҳии форматсионӣ барои 13 фанни мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ Дар доираи лоиҳаи «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар оид ба таҳияи Дастурамалҳои методӣ оид ба баҳодиҳии форматсионӣ буда, ҷузъи муҳими баланд бардоштани сифати таълим маҳсуб мешавад.  Дар семинар Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, намояндаи Иттиҳоди Аврупо Диана Димова, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва инчунини тренерон аз Ҷумҳурии Қазоқистон онлайн пайваст шуданд.   Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода зарурати ҷорӣ намудани баҳодиҳии форматсионӣ ҳамчун абзори муҳими рушди шахсии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълимро таъкид намуд. Диана Димова, менеҷери барнома аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, саҳми Иттиҳоди Аврупоро дар рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, омодагии Иттиҳодро барои дастгирии минбаъда таъкид кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси ислоҳоти соҳаи маорифро ба зимма гирифта, яке аз самтҳои калидии он ҷорӣ намудани низоми инноватсионии маориф мебошад  

    34

    23.06.2025
  •  img
    Машварати чорум дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо: Самти стратегӣ барои таҳкими бозори меҳнати Тоҷикистон Дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати чорум баргузор гардида, ба таҳкими рушди кадрҳои коршинос дар соҳаҳои сохтмон, нассоҷӣ ва сайёҳӣ равона шуд. Ин чорабинии муҳим ҷонибҳои манфиатдорро аз муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони байналмилалӣ гирд оварда, барои такмили банақшагирии бозори меҳнат ва мутобиқсозии малакаҳо ба талаботи иқтисоди муосири Тоҷикистон иқдом намуданд. Дар ҷараёни рӯз, шаш сессия баргузор шуд. Дар маркази таваҷҷуҳ баромадҳои коршиноси калидӣ оиди бохори меҳнат - Лоиқ Миров ва коршиноси байналмилалӣ Клеофе МС Гуардилӣ дар мавриди моделҳои алтернативии рушд, кори гурӯҳӣ оид ба ҳамоҳангсозии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва арзёбии ҳисоботҳо оид ба зарурати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон қарор доштанд. Муҳим он аст, ки ҳамаи иштирокчиён бо сертификат сарфароз гардонида шуда, саҳми онҳоро бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо эътироф мекунанд.  

    2311

    17.06.2025
  •  img
    Б. МУЗАФФАРЗОДА: НА ҲАМАИ МАБЛАҒҲОИ БА СОҲА ҶУДОШУДА ДАР ИХТИЁРИ ВАЗОРАТ АСТ Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар ин замина, садҳо мактаби нав бунёд ва таъмиру бозсозӣ гардидаанд, ки шароити мусоидро барои таълиму тарбияи муҳассилин фароҳам оварда, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат кардаанд. Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва садамавӣ шудани қисме аз муассисаҳои таълимӣ зарурати банақшагирии онҳоро ҷиҳати таъмиру навсозӣ ба миён овардааст. Дар робита ба масоили мазкур, суҳбате доштем бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. - Муҳтарам Бадриддин Музаффарзода, дар чанд соли охир масъалаи бунёди биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ё аз таъмири капиталӣ баровардани биноҳои таъмирталаби мактабҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Айни замон чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти мазкур кадом тадбирҳо андешида шуда истодааст? - Воқеан ҳам, дуруст таъкид кардед, ки соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд мегардад. Агар ба маълумоти оморӣ нигарем, барои соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 538 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки 6,6% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (соли 2024 – 5,7%) ва 21,1% қисми хароҷоти буҷети давлатиро (соли 2024 – 18,9%) ташкил дода, нисбат ба соли 2024 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 32,5% зиёд мебошад. ҳамзамон, дар доираи буҷети давлатии соли 2025 барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, дар маҷмуъ, 40,9 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 5,4 млн сомонӣ ё ин ки 8,6% зиёд аст. Дар баробари ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаю суханрониҳои худ пайваста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, бартараф намудани норасоӣ ва эҳтиёҷоти кадрӣ, омода намудани мутахассисони варзида, таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст таваҷҷуҳ намуда, ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти дастрасгардида, дар ҷумҳурӣ бинои 254 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои 351 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Дар ин замина, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати аз ҳолати садамавӣ ва таъмирталаб баровардани муассисаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ, шарикони рушд, сармояи хориҷӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва бо тариқи ҳашар тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар 38 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта корҳои сохтмонию азнавсозӣ идома доранд. Бо дарназардошти ҷой доштани муассисаҳои садамавӣ дар кишвар, мавҷуд будани деҳаҳои навбунёде, ки муассисаи таълимӣ надоранд ва ё деҳаҳое, ки бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омадааст, Вазорати маориф ва илм ҳамасола гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, рӯйхати чунин муассисаҳоро тартиб медиҳад ва талош меварзад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва шарикони рушд мушкилоти мавҷударо бартараф намояд. - Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон Вазорати маориф ва илм то кадом андоза метавонад тавассути ба роҳ мондани сохтмони мактабҳои нав эҳтиёҷоти ҷойҳои нишастро таъмин намояд? Дар ин самт оё лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалӣ амал мекунанд? - Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 4 шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 269 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 57610 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, тибқи маълумоти дастрасгардида, соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 94122 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, дар назар дошта шудааст, ки тибқи нақшаи пешакӣ соли равон зиёда аз 200 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм дар чандин нишасти матбуотӣ ва муроҷиатҳои алоҳида таъкид карда буд ва боз бо истифода аз фурсат бори дигар ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илм дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ва сохтмони мактабҳои навро бартараф намояд. Зеро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (дар боби 4. Идоракунии соҳаи маориф) мушаххас ва дақиқ муайян шудааст, ки таъмини шароити мусоиди таълимӣ, муҳайё сохтани заминаи моддию техникӣ, бахусус, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аст. Ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин, тариқи ҳашар синфхонаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумию кӯдакистонҳо сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки барои ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат менамоянд. Албатта, бо маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илм барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ҷудо мегарданд, эҳтиёҷоти сохтмони муассисаҳои таълимӣ қонеъ намегардад. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар назди вазорат 5 лоиҳа амал мекунанд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дар доираи амалигардонии онҳо сохтмону азнавсозии иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар сохтмону азнавсозии иншооти соҳа саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша низ назаррас буда, дар партави сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат аз ҷониби соҳибкорон дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мегарданд. Вазорати маориф ва илм низ дар навбати худ бо истифода аз ҷалби сармоягузории ташкилоту лоиҳаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, ҳамасола сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба роҳ мондааст. Инчунин, вазорат ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси дар ихтиёри худдошта ба ҳисоби миёна дар доираи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоти синфхона харидорӣ намуда, ба муассисаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта мешаванд, тариқи ройгон таъмин менамояд. - Оё вазорат феҳрасти дақиқи мактабҳо ва муассисаҳоеро дорад, ки ба сохтмон ва ё навсозии фаврӣ ниёз доранд? Ин муассисаҳо аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб мешаванд ва дар Стратегияи миллии рушди маориф доир ба ин масъала таъкид шудааст? - Дар навбати аввал сохтмони муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ба эътибор гирифта мешванд, ки шумораи дақиқи онҳо тибқи маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола дастрас мегардад. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон (аз 30 октябри соли 2022, №533) «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст. Барномаи мазкур дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) аз 2 замима иборат буда, ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла, гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва ба сатҳи маорифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон наздик намудани низоми маорифи вилоят мебошад. Тибқи нақшаи амали ин барнома, дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) сохтмон ва таъмиру азнавсозии 173 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 52850 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло тибқи нақшаи зикршуда 105 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 24 670 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ гардида, сохтмони 33 бинои муассисаи таълимӣ барои 10236 ҷойи нишаст идома дошта, дар асоси нақша бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 11 бинои муассисаи таълимӣ барои 2640 ҷойи нишаст сохта мешавад. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2025-2027) ба 3 қисм ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, қисми 1 сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд, қисми 2 сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолӣ зиёд шудааст ва қисми 3 муассисаҳои таълимие, ки бинои он ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Тибқи он, дар вилояти Хатлон бояд 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 303 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ карда шавад. Айни замон, лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур омода гардида, барои дастури минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. - Ба андешаи Шумо, кадом мушкилот дар самти банақшагирии иқтисодии муассисаҳои таълимӣ бештар монеа эҷод мекунанд, хусусан, дар минтақаҳо – шаҳру ноҳияҳои кишвар? - Дар самти банақшагирии иқтисодии соҳаи маориф ва илм дар давоми солҳои охир як қатор ислоҳот ва тағйироти ҷиддӣ рӯйи кор омаданд. Аз ҷумлаи онҳо гузариш ба механизми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар зинаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2010 ва гузариш ба механизми маблағгузории меъёрӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соли 2016 мебошад. Ислоҳоти мазкур тақсимоти маблағҳои буҷетиро миёни муассисаҳои ҳардуи зинаи таҳсилот ба танзим дароварда, шаффофияти банақшагирӣ ва азхудкунии маблағҳои буҷетиро ба таври назаррас таъмин намудааст. Ҳамзамон, механизми сарикасӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мустақилияти молиявӣ додааст, ки директорону мудирони муассисаҳо дар банақшагирӣ ва азхудкунии маблағҳои дар ихтиёрдоштаи худ мустақил мебошанд. Дар ин ҷо, танҳо дар муассиса роҳбаре лозим аст, ки аз донишҳои иқтисодӣ бархурдор бошад ва тавонад маблағҳои ба муассиса ҷудошударо мақсаднок истифода намояд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 29 ноябри соли 2024 «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025» қарори вижа ба тасвиб расидааст, ки дар он меъёри маблағ барои муассисаҳо муайян шудааст. Яъне, ин санад дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 156 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ, барои муассисаи таҳсилоти асосӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 688 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ ва барои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 3 ҳазору 363 сомонӣ ва барои нигоҳдории муассиса 58 ҳазору 26 сомониро муайян намудааст. Аммо баъзан ба мушоҳида мерасад, ки на барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда ҷудо мегарданд ва агар ҷудо ҳам шаванд, на ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад маблағҳои дар ихтиёраш бударо мақсаднок истифода намояд. Яъне, мутаассифона, дар аксар маврид меъёрҳои муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо риоя карда намешавад. Дар баробари ин, тибқи тартиб ҳар муассиса бояд сармуҳосиби худро дошта бошад, мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳо як сармуҳосиб дар ду ва зиёда аз ин муассиса фаъолият менамояд, ки ин ба раванди босифати банақшагирии маблағҳо ва истифодаи мақсадноки он бетаъсир буда наметавонад. - Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо баҳс меороянд, ки ҳамасола аз буҷаи кишвар ба соҳаи маориф беш аз 10 миллиард сомонӣ ҷудо мешаваду дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм қарор мегирад ва вазорат ин маблағҳоро ба куҷо сарф мекунад. Мехостем тақсимоти дурусти маблағҳои ба соҳа ҷудошударо ба хонандагон шарҳу тавзеҳ медодед. - Дар ҳақиқат, тавре дар аввал ишора кардем, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвар қарор дорад. Далели ин дар соли 2025 ба соҳаи маориф ва илм ҷудо шудани 10 миллиарду 909 миллиону 538 сомонӣ мебошад. Аз ин ба бахши 04101-Таълиму тарбияи томактабӣ 606 млн 862 сомонӣ, 04203-Таҳсилоти умумӣ 6 млрд 195 млн 658 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ, 6 802 520 сомоние, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ҷудо шудааст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» тақсимкунандаи асосии ин маблағҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки 62,4% ҳаҷми умумии буҷети соҳаро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 1511772 сомонӣ ба муассисаҳои зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст, ки 13,9 фоизи ҳаҷми буҷети соҳаро ташкил медиҳад ва набояд фаромӯш кард, ки аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зертобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд. Инчунин, аз ин маблағ 577 млн 911 сомонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тааллуқ дошта, дар тобеияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд. Маблағҳои боқимонда (2 млрд 17 млн 336 сомонӣ) ба дигар муассисаҳои соҳаи маориф тааллуқ дошта, дар тобеияти дигар вазорату идораҳо ҳастанд. Дар маҷмуъ, тавассути дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 60,7 миллион сомонӣ (ки аз ин 40,9 миллион барои татбиқи 6 барномаи давлатӣ ва 19,8 миллион сомонӣ барои музди маош ва нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм) хароҷот карда мешавад. Ба таври дигар гӯем, маблағҳои 744 муассисаи таҳсилоти томактабии амалкунанда дар ҷумҳурӣ пурра тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуда, аз 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо 33 муассиса, ки мақоми ҷумҳуриявӣ (мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои муштараки тоҷикӣ-русӣ) доранд, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо маблағҳои 13 муассиса тавассути Вазорати маориф ва илм татбиқ гардида, маблағи дигар муассисаҳо тавассути ма­қомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо амалӣ мегардад. - Ташаккур барои суҳбат. - Саломат бошед. Мусоҳиб Эҳсон САФАРЗОДА, «Омӯзгор»

    2321

    12.06.2025