19.03.2025

 img

Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд.

 

Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар давоми сол Офтоб ду маротиба ҷойивазкунии калонтаринро аз сар мегузаронад, ки яке ба 22 июн ва дигаре ба 22 декабр рост меояд. Ҷашнҳои Тиргон ва Сада ба ин ду ҳолати табиат алоқамандӣ доранд.

 

Ниёгони мо ҳанӯз шаш ҳазор сол қабл замоне, ки ҳеҷ як дастгоҳҳои ченкунию мушоҳидакунӣ вуҷуд надошт, чунин ҳодисаҳои табиатро дар асоси таҷриба ва мушоҳидаҳо дарёфтанд ва ба ин муносибат ҷашнҳо оростанд. Ба назари мо воқеан ин амалкард ва чунин дарёфт нишонаи хиради воло ва соҳибтафаккур будани гузаштагони моро возеҳ нишон медиҳад.

 

Тавре, донишманди асримиёнагӣ Абӯсаиди Гардезӣ дар асари хеш «Зайн-ул-ахбор» менависад: «Ин рӯзро Наврӯз гӯянд, зеро, ки сари сол бошад ва шаб бо рӯз баробар шавад ва он сояҳое аз деворҳо бигзарад ва офтоб аз равзанаҳо уфтад».

 

Чун халқи мо, ки аз азал дар замиру сиришташ фарҳангпарварию зебоипарастӣ таҷаллӣ мекард, дар марҳилаҳои баъдии таърих ба чунин ҷашнҳо ҳар навъ анъанаҳое эҷод кардаю ба он қабои нав пӯшониданд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ин ҷашнҳо, ба хусус Наврӯз ба як маҷмӯаи бузурги донишҳо табдил ёфт. Дар баробари ин ҳаргуна ривоёту қиссаҳо дар давраҳои мухталифи таърихӣ аз забонҳои гузаштагону ровиён қисса мекарданду менавиштанд ва ин тарзи муносибат аз як ҷиҳат сабаби гуногунрангии андешаҳо дар бораи пайдоиши ҷашни Наврӯз гардид. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, албатта ривояту ахбори зиёде доир ба пайдоиши ин ҷашни бостонии мо оварда шудааст, ки омӯзиш ва донистани он аз манфиат холӣ нест.

 

Доир ба бунёдгузори ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳо фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Агар маълумотҳое, ки дар маъхазҳои асримиёнагӣ оварда шударо пайгирӣ намоем, бештар ҳамчун асосгузори Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед ишора мешавад. Аммо дар баробари ин дигар шахсиятҳо, аз ҷумла номи Каёмард (Каюмарс) низ дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ба назар мерасад.

 

Ба ин маънӣ донишманди намоёни тоҷик Умари Хайём дар асари хеш «Наврӯзнома» бунёди Наврӯзро ба Каёмард дониста, менависад: «…чун Гаюмарт (Каёмард) аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардум онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод офтоб ба аввалдақиқаи ҳамал омад мӯъбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд…мӯъбадон чунон карданд, пас Гаюмарт ин рӯзро оғози таърих кард».

 

Дар «Осор-ул-боқия»-и худ мутафаккири тоҷик Абурайҳон Берунӣ агарчӣ ин ҷашнро ба замони шоҳ Ҷамшеди пешдодӣ нисбат медиҳад, аммо ҷое боз таъкид мекунад, ки то Ҷамшед ин ҷашн вуҷуд дошт. Тавре дар ин сарчашмаи таърихӣ мехонем: «…ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт. Пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

 

Аммо дар мавриди нисбат додан ба шоҳ Ҷамшед маълумотҳо бештаранд. Азбаски ин маълумотҳо зиёдтаранд месазад атрофи Ҷамшед ва замони подшоҳии ӯ нигоҳи фишурдае дошта бошем.

 

Исми Ҷамшед дар Авесто Йима писари Виваҳванта, дар паҳлавӣ Йимак ё Ҷамак писари Вивангаҳон ва дар санскрит Йама писари Вивасвант зикр шудааст. Яъне, Ҷамшед яке аз бузургтарин ориёиҳо буда, дар нахустин давлати ориёӣ ҳамчун барҷастатарин подшоҳи давлати Пешдодиён ҳукумат кардааст.

 

Наврӯз, ки аслаш сохтани худ ва таъмини саодати башарист ба Ҷамшед нисбат додан ба гумони ғолиб ба воқеият наздикӣ дорад. Ҳидояти Ҷамшед мардумро ба хушбахтию адолат ва бунёди Наврӯз дар асари «Зайн-ул-ахбор»-и Гардезӣ ба таври зайл омадааст: «Ва дуо кард, (Ҷамшед дар назар аст. И.А.) то Худой, аззу ҷалл, гармову сармо ва бемориву марг аз мардумон баргирад. Худой, аззу ҷалл, аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард ва ин офатҳо аз мардумон бардошт. Ва сесад сол ҳам бар ин ҷумла буд. Ва чун ин дуои ӯ мустаҷоб шуд, шукри ӯро ҷашни Наврӯз сохт...». Ҳамин аст, ки номи Ҷамшед дар китоби “Авесто” бештар ба некӣ зикр мешавад. Аз он, ки барои мардум зиндагии муфидро сохт дар ин сарчашмаи таърихӣ атрофи он чунин гуфта мешавад: «Ҷамшед, он ки ба шаҳриёрии хеш ҷонварону мардумонро бемарг ва обҳову гиёҳонро нахушкиданӣ ва хӯрокҳоро накостанӣ кард».

 

Замони подшоҳии Ҷамшедро бештари муаррихон ба миёнаи ҳазораи IV то мелод медонанд. Бо назардошти ин, тавре дар ибтидо низ зикр кардем, ҷашни Наврӯзи мо таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад.

 

Ҳаким Умари Хайём дар идомаи қиссаҳои хеш вобаста ба пайдоиши Наврӯз ҷои дигар чунин менависад: «Чун Гаюмарт пас аз ҳазор соли подшоҳӣ аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ӯ нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ кард…ва пас аз ӯ Таҳмурас биншаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард. Ва пас ӯ подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба фарвардини хеш ба аввали ҳамал омад ва ҷаҳон бар вай рост гашт… Пас дар ин рӯзе, ки ёд кардем ҷашн сохт ва Наврӯзаш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун фарвардин нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд…».

 

Донишманди асримиёнагии тоҷику форс Ибни Балхӣ дар «Форснома»-и хеш ҳамин андешаро ҷонибдорӣ намуда, қайд мекунад: «...Ҷамшед дар хутбаи худ Худоро ситоиш карда, чунин фармуд: «Худованд баҳои мо тамом гардонид ва таъйид арзонӣ дошт ва дар муқобалаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки риояи адл ва некӯӣ фармоем». Чун ин суханон бигуфт ҳамагон ӯро дуъои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯзро ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва аз он сол боз Наврӯз ойин шуд».

 

Муаррихи намоёни аҳди Сомониён Ҷарири Табарӣ дар «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» вобасата ба масъалаи мазкур чунин навиштааст: «Ҷамшед бифармуд, то чархе аз обгина барои ӯ бисозанд ва шаётинро дар он ҷой дод ва бар он нишаст ва дар ҳаво аз шаҳри хеш аз Данбованд (Дамованд) то Бобул ба як рӯз рафт ва он рӯз ҳурмузрӯзи фарвардинмоҳ буд ва мардум аз ин шигифтӣ, ки диданд Наврӯз гирифтанд. Ва бигуфт, то ин рӯз ва панҷ рӯзи дунболи онро ид гиранд ва шодӣ ва хушӣ кунанд ва ба рӯзи шашум, ки мурдодрӯз буд, зимни мактубе ба мардум хабар дод, ки чун Худованд равиши вайро дар подшоҳӣ писандида, подоши вай ин шуда, ки мардум аз гармо ва сармо ва беморӣ ва пирӣ ва ҳасад барканор шудаанд ва мардум аз паси сесаду шонздаҳ сол, ки аз подшоҳии вай гузашта буд ба сар карданд, ки аз ин балиёт ба дур буданд…Гӯяд, ҳама маликии Ҷам аз оғози шоҳӣ то вақте, ки кушта шуд, ҳафсаду нуздаҳ сол буд».

 

Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ бунёдгузори ҷашни Наврӯз будани шоҳ Ҷамшедро ҷонибдорӣ мекунад. Инро мо дар намунаи зер мушоҳида карда метавонем:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ тан зи кин.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро наврӯз хонданд.

Бузургон ба шодӣ биёростанд,

Майю ҷому ромишгарон хостанд.

Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,

Бимондаст аз он хусравон ёдгор.

 

Дар «Фарҳанги Деҳхудо» ҳам зикр мешавад: «Ҷамшед, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, фармуд, тахти гавҳарнишине ба ҷои баланде рӯ ба ҷониби Ховар гузоранд. Ва худ тоҷи гавҳарнишине бар сар ниҳода, бар он тахт бинишаст. Ҳамин ки офтоб рух намуд ва партаваш бар он тоҷу тахт афтод, фурӯғе дар ниҳояти рӯшноӣ падид омад, мардумон аз он шод шуданду гуфтанд: “Ин рӯзи нав аст!” Ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро “шед” мегӯянд, ӯро Ҷамшед хонданд ва ҷашни азим карданд ва аз он ин расм (Наврӯз) пайдо шуд».

 

Истилоҳи “Ҷам” дар «Авесто» чанд сифат дорад: яке хшаета (дар форсӣ шед) ба маънии шоҳвор ё дурахшон, рӯшноӣ ва дигаре ҳваредареса ба маънии некдидор ва дигар ҳватра, ки дар паҳлавӣ ҳварамак ва дар форсӣ хубрама шудааст. Ба ҳар сурат маънии мусбиро медиҳад, ки дар маҷмӯъ аз сиёсати созандаи вай гувоҳӣ медиҳад.

 

Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ яке аз дигар олимони асримиёнагӣ доир ба ободониҳои анҷомдодаи Ҷамшед ва таҷлили ҷашни Наврӯз аз ҷониби ӯ маълумотҳои аҷибе манзури хонанда мегардонад. Гуфтаҳои ӯро донишманди рус К.А. Инострантсев бо такя ба асари «Китоб-ал-маҳосин ул-адад» (муаллифаш номаълум) чунин нишон медиҳад: «Кисравӣ мегӯяд: Якум шахсе, ки Наврӯзро ҷашн гирифт, дараҷаҳои мулкҳои тобеъро муайян намуд, рамзҳои ҳокимияти давлатиро муайян кард, ба истихроҷи тиллову нуқра ва дигар фулузот машғул шуд, аз оҳан олот сохт, аспро ром намуд, гавҳарро дарёфт намуд, сирри атриётро кашф намуд, низоми обёриро ба вуҷуд овард Ҷамшед, писари Виванҷон, яъне ҳимоятгари олам... ба шумор меравад».

 

Дарёфти бархе аз донишмандон, ки Наврӯзро анҷоми офариниш ва оғози зиндагии инсонӣ медоданд ба ин нигоштаҳо мувофиқ меояд. Бо ин далел, ки вақто ҳама шароит барои зиндагии инсонҳо муҳайё гардид, пасон бо нишот ба зиндагии инсонӣ (ба маънои томаш) шуруъ намуданд. Ин нишот дар мисоли бунёди Наврӯз ифода меёбад. Ва таҳлили маъноии истилоҳи Наврӯз низ ҳамин маъноро бори дигар собит мекунад.

 

Шоҳ Ҷамшед бо караму хулқи инсондӯстонаи хеш ба мардумон суханони хуб орзу кард ва хайроту ниёиш намуд. То имрӯз, ки чунин амалҳои зебо ба рукнҳои ҷашни Наврӯз табдил ёфтааст аз аҳди ӯ сарчашма мегиранд. Барои исботи ин андеша боз руҷуъ мекунем ба «Форснома»-и Ибни Балхӣ: «Ва Ҷамшед гуфт: Ба нияти оят, ки эзиди таоло шаъну баҳои мо тамом гардонид ва ёрӣ арзонӣ дошт ва дар муқобилаи ин неъматҳо бар хештан воҷиб гардонидем, ки бо мардум адл ва некӯӣ фармоем. Чун ин суханон бигуфт, ҳамагон ӯро дуои хайр гуфтанд ва шодиҳо карданд ва он рӯз ҷашн сохт ва Наврӯз ном ниҳод ва он сол Наврӯз расм шуд ва он рӯзи Ҳурмуз аз моҳи фарвардин буд ва дар он рӯз бисёр хайрот фармуд ва як ҳафта пай дар пай ба нишоту хуррамӣ машғул буданд ва баъд аз он як шабонарӯз дар ибодатгоҳ рафт ва яздонро парастиш ва шукр гузорид ва зорӣ намуд ва ҳоҷат хост, ки дар рӯзгори ӯ ҳама офат аз қаҳтӣ ва вабо ва бемориҳо ва ранҷҳо аз ҷаҳон бардорад».

 

Ба ҳамин маъно зиёд донишмандони дигар низ ишораҳо доранд, ки мо наметавонем дар ҳаҷми як мақола ҳамаи онҳоро ба риштаи таҳлил бикашем. Танҳо бардошт ин аст, ки бештари сарчашмаҳо ҳамчун бунёдгузори ин ҷашн Ҷамшедро медонанд. Ба ҳар сурат, ба гумони яқин чун Каёмард (дар Авесто Гайамаретан ва дар паҳлавӣ Гайумард, ба маънии «зиндаи миро» ё «ҷони нестипазир» ва дар форсӣ ба таҳриф Каюмарс ва дарвоқеъ «Гайумарт») нахуст инсон дониста мешуду ҳоло маърифати инсонӣ то он ҳадде набуд, ки чунин ҳикматҳои табиатро дарёбанду гиромӣ доранд ва ҷашн ороянд, намешавад бунёдгузори Наврӯз номид.

 

Дар илми таърихнигории мо зарур аст, ки ба аҳди Пешдодиёну Каёниён ва махсусан ба замони подшоҳии шоҳони пешдодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Замоне, ки Наврӯзи мо аслият дорад, пас месазад, ки атрофи корномаи шоҳони Пешдодию Каёнӣ, аз ҷумла шоҳ Ҷамшед тадқиқотҳои ҷиддӣ сурат бигиранд, ки ин амал аз ҳар нигоҳ ба суди миллат ва давлати миллии мост. Ишораҳое, ки дар сарчашмаҳои болозикр ва даҳҳо маъхазҳои дигар аз рӯзгори Ҷамшед ва аҳди ӯ, бозгӯикунандаи он аст, ки ҷадди мо ҳанӯз дар саргаҳи таърих ба андешаҳои дунявиятгароӣ бештар арҷ мегузоштем ва эътиқодотро барои шинохти худ ва дунё чун васила истифода мебурдем. Бунёди Наврӯз бо тамоми ҳикматҳояш собитгари ҳамин андешаҳои мост.

 

Имрӯз, ки дар фазои давлатдории миллӣ халқи тоҷик ҳаёт ба сар мебарад, зарур аст решаҳои аслии хешро бишносад. Ибтикороти пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллат ба ҳамин хотир аст. Аз ин рӯ, моро мебояд дар атрофи ин сиёсат муттаҳид шуда, ба наслҳои оянда ва ба ҷаҳониён бори дигар собит кунем, ки мо аз табори Хуршеду нур ҳастем ва дар бағал ба мисли Наврӯз ҷашнҳое дорем, ки ҳамбастагию ваҳдатро дар иртибот ба табиат таблиғ мекунанд.

 

Ибодуллозода А.И. – ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

  • ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Нақши тарбия дар пешгирии коррупсия Коррупсия яке аз падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ мебошад, ки метавонад ба рушди иқтисодӣ, устувории ҷомеа, эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири манфӣ расонад. Маълум, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест. Ин масъала ба ҳар як шаҳрванди ҷомеа дахл дорад, зеро муносибати ҳар яки мо ба қонун, виҷдон, масъулият ва адолат дар ташаккули муҳити солим нақши муҳим мебозад.   Ман чунин мешуморам, ки коррупсия танҳо гирифтани маблағи ғайриқонунӣ нест. Вақте ки шахс вазифаи худро барои манфиати шахсӣ истифода мебарад, ҳуқуқи дигаронро нодида мегирад, шиносбозӣ мекунад ё бо роҳи ғайриқонунӣ барои худ имтиёз ба даст меорад, ба амали коррупсионӣ иртибот мегирад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, мубориза барои покии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ мебошад.   Коррупсия мушкили ҳуқуқӣ ва ҳам маънавӣ мебошад. Қонун амалҳои коррупсиониро манъ мекунад, аммо танҳо он наметавонад дар дили инсон ҳисси поквиҷдонӣ ва масъулиятро ба вуҷуд оварад. Барои ҳамин, пешгирии коррупсия бояд аз тарбияи инсон оғоз шавад.   Агар шахс аз хурдӣ ба қадру моҳияти меҳнати ҳалол бирасад ҳаққи дигаронро эҳтиром кунад ва барои расидан ба мақсад роҳҳои ғайриқонуниро интихоб накунад, эҳтимоли ба коррупсия даст заданаш камтар мегардад. Баръакс, агар дар муҳити инсон чунин андеша ҷой гирад, ки «бе пул кор пеш намеравад» ё «бо шинос ҳама чиз ҳал мешавад», ин метавонад тадриҷан ба як одати хатарнок табдил ёбад.   Фарҳанги зиддикоррупсионӣ бояд қисми фарҳанги умумии шаҳрвандӣ бошад. Шаҳрванд бояд на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки вазифа ва масъулиятро низ дар назди ҷомеа дарк намояд.   Ман ҳамчун омӯзгор чунин мешуморам, ки муассисаи таълимӣ дар пешгирии коррупсия ҷойгоҳи махсус дорад. Омӯзгор танҳо дониш намедиҳад, ӯ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва муносибати хонандагон ба ҷомеа низ таъсир мерасонад.   Дар муҳити таълимӣ бояд адолат, шаффофият ва баробарӣ ба арзишҳои воқеӣ табдил ёбанд. Баҳои донишҷӯ бояд натиҷаи дониш ва меҳнати ӯ бошад. Муносибат ба донишҷӯён бояд бе табъиз ва бе афзалият додан ба ошноӣ ё мақоми оилавӣ сурат гирад.   Дар дарсҳо метавон мавзуъҳои марбут ба қонун, ҳуқуқи шаҳрвандӣ, масъулият, виҷдон ва зарари коррупсияро бо мисолҳои ҳаётӣ муҳокима кард. Ҷавонон бояд эътимоди қавӣ дошта бошанд, ки муваффақияти ҳақиқӣ бо меҳнат, дониш ва қобилият ба даст меояд, на бо роҳи фиреб ё истифодаи муносибатҳои шахсӣ.   Яке аз воситаҳои муассири пешгирии коррупсия шаффофият мебошад. Ҳар қадар тартиби қабули қарор, пешниҳоди хидматрасонӣ, тақсимоти имкониятҳо ва масъулияти шахсони мансабдор равшан бошад, ҳамон андоза ҷой барои муносибатҳои пинҳонӣ кам мешавад.   Технологияҳои муосир низ метавонанд дар ин самт нақши муҳим дошта бошанд. Хидматрасониҳои электронӣ, сабти расмии муроҷиатҳо, рақамикунонии равандҳо ва дастрасии шаҳрвандон ба маълумоти зарурӣ метавонанд вобастагиро аз қарорҳои шахсӣ кам кунанд.   Аммо технология танҳо восита аст. Агар фарҳанги ҳуқуқӣ ва ахлоқии инсонҳо баланд набошад, ягон низоми техникӣ наметавонад ҳамаи мушкилотро ҳал кунад. Аз ин рӯ, шаффофияти идорӣ бояд бо масъулияти шахсӣ ва назорати ҷамъиятӣ ҳамроҳ бошад.   Бовар дорам, ки пешгирии коррупсия аз тағйир додани муносибати худи мо оғоз меёбад. Ҳар як инсон метавонад бо риояи қонун, рад кардани роҳи ғайриқонунии амалҳо ва дастгирии адолат саҳми худро гузорад.   Бояд дар назар дошт, ки коррупсия танҳо як масъалаи ҳуқуқӣ нест; он масъ­алаи виҷдон, фарҳанг, масъулият ва адолат низ мебошад. Агар ҳар яки мо ба қонун эҳтиром гузорем, роҳи ғайриқонуниро рад кунем ва дар назди дигарон масъулиятшинос бошем, барои коҳиш додани ин падида саҳми воқеӣ мегузорем. Толибҷон ШЕХИМОВ, устоди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

    18

    16.11.2026
  •  img
    Кӯдак китобхон мешавад, агар... Як рӯз хонандаи синфи ибтидоӣ ба китобхона даромада гуфт: – Муаллима, ба ман китоби хурдакак диҳед. Пурсидам: – Дар бораи чӣ бошад? Каме фикр карду гуфт: – Фарқ надорад, фақат хурд бошад. Ин ҷавоби кӯдак маро ба андеша бурд. Китобдор дар чунин ҳолат чӣ бояд кунад? Китоби хурдро диҳад ё кӯшиш намояд фаҳмад, ки ин хонанда ба чӣ шавқ дорад? Ман роҳи дуюмро интихоб кардам. Аз ӯ пурсидам, ки бештар чиро дӯст медорад? Маълум шуд, ки ба ҳайвонот шавқ дорад. Китоби кӯдаконаеро пешниҳод кардам, ки дар он ҳикояҳои кӯтоҳ дар бораи ҳайвонот буданд. Баъди чанд рӯз китобро баргардонд ва пеш аз рафтан пурсид: – Дар бораи сагҳо ҳам китоб доред? Барои китобдор чунин савол аломати хуб аст, зеро кӯдак ин дафъа на барои «китоби хурд», балки барои китоби муайян омадааст. Ҳангоми кор дар китобхонаи гимназияи хусусии «Кафолат»» бештар бовар ҳосил мекунам, ки кӯдакро ба таври маҷбурӣ китобхон кардан душвор аст. Ба ӯ бояд китоберо нишон дод, ки дар вақти муносиб ба завқу фаҳмиши ӯ мувофиқат кунад. Ҳар хонанда завқи худро дорад. Яке афсонаро дӯст медорад, дигаре саргузаштро, сеюмӣ ба таърих шавқ дорад, чорумӣ соатҳо расмҳои китобҳои табиатшиносиро тамошо мекунад. Дар китобхона кӯшиш мекунем, китобҳои нав ё ҷолибро танҳо дар рафҳо пинҳон нагузорем. Китобе, ки хонанда намебинад, бисёр вақт барои ӯ вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, гӯшаҳои хурди мавзуӣ самараи хуб медиҳанд. Масалан, як ҳафта метавон гӯшаи «Саёҳат мекунем», ҳафтаи дигар «Олами ҳайвонот», «Китобҳои дӯстдоштаи кӯдакон», «Қаҳрамонони таърих» ё «Чӣ бихонем дар рӯзҳои истироҳат?»-ро ташкил кард. Баъзан барои ҷалби диққат назди китоб танҳо як савол мегузорем: – Агар ту дар ҷазираи беодам мемондӣ, чӣ кор мекардӣ? Дар паҳлуи он китоби саргузаштӣ қарор дорад. Кӯдак аввал саволро мехонад, баъд китобро ба даст мегирад. Барои китобдор ҳамин ба даст гирифтани китоб қадами аввал аст. Усули дигаре, ки ба кӯдакон писанд меояд, тавсияи худи хонандагон аст. Пас аз баргардондани китоб аз баъзе хонандагон хоҳиш мекунем, дар бораи он танҳо як ҷумла гӯянд. – Ба дӯстат ин китоб­ро тавсия медиҳӣ? Агар ҷавоб «ҳа» бошад, мепурсем: – Барои чӣ? Ҷавобҳо баъзан хеле содаанд: «Хандаовар буд». «Қаҳрамонаш ба ман писанд омад». «Дар бораи динозавр­ҳо бисёр чиз фаҳмидам». Аммо маҳз ҳамин ҷумлаҳои кӯдакона барои хонандаи дигар таъсирбахшанд. Барои хонандагони хурдсол китобро каме «муаррифӣ» кардан лозим аст. Масалан, китобро гирифта мегӯем: – Қаҳрамони ин ҳикоя як сирро меёбад. Ман намегӯям, ки чӣ сир аст. Агар хоҳед, ки фаҳмед, китобро хонед. Баъзан хондани чанд саҳифаи аввал низ натиҷаи хуб медиҳад. Хусусан, хонандагони хурдсол дӯст медоранд, ки калонсолон ба онҳо бо овоз ҳикоя хонад. Дар ҷойи ҷолиб саҳифаи китобро мепӯшем: – Давомаш чӣ мешавад? Агар кӯдак ҷавобро донистан хоҳад, худи ӯ китобро мегирад. Дар баробари ин, китобхонаи мактаб бояд ҷойе бошад, ки кӯдак бо хоҳиши худ ба он ворид шавад. Фарида СОДИҚОВА, китобдори гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе

    11

    16.11.2026
  •  img
    Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти ҷомеа Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.   Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.   Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.   Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.   Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан, ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла, овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундгароёна водор карданӣ мешаванд.   Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок, дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.   Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.   Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд, на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.   Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.   Донишҷӯ ё хонанда бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.   Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.   Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд: Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ. Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.   Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.   Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.   Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.   Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.   Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд. Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.   Афзал БОСОЛИЕВ, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

    14

    16.11.2026