05.11.2025

 img

Дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар дар доираи сафари корӣ имрӯз, 5 ноябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори генералии Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» ҷаноби Муҳаммад Саъд Ал-Кубайсӣ вохӯрӣ анҷом дод.

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили муҳимми ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ намуда, ба аҳаммияти таҳким ва густариши робитаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди «Маориф аз ҳама боло» таъкид карданд.

 

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Бунёди байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки дастгирии Бунёд дар рушди соҳа ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои фароҳамсозии шароити муносиб ва пешрафти таҳсилоти босифат аҳаммияти муҳим дорад.

 

Дар навбати худ, ҷаноби Муҳаммад Саъд Ал-Кубайсӣ изҳор дошт, ки Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» ҳамеша омодаи густариши ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки Бунёд ҳавасманд аст, то дар рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии иқдомҳои навоваронаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад.

 

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот вобаста ба бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимии нав ва муассисаҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, гуфтушунид намуданд. Гуфта шуд, ки бунёди муассисаҳои нав, фароҳам овардани шароити муосир ва муҳити бехатар дар онҳо, мусоидат ба азхудкунии илму дониш барои хонандагон ва боло бурдани сатҳу сифати таълим нақши муҳим дорад. Таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори соҳаи маориф, аз ҷумла, бунёди муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти наву замонавӣ, заминаи устувор барои таъмини баробарии дастрасӣ ба таҳсил мебошад.

 

Дар интиҳо, ҷонибҳо пешниҳод карданд, ки механизмҳои муштарак барои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди «Маориф аз ҳама боло» таъсис дода шавад, то ин раванд дар татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва таъмини шароити муносиб барои хонандагон заминаи устувор фароҳам оварад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ БУНЁДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФ АЗ ҲАМА БОЛО» ДАР ШАҲРИ ДОҲА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон 31 сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид. АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд: *** Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид. *** Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад. *** Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт. *** Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд. *** Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди кишвар онро бояд азизу муқаддас шуморад ва ба он ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арҷ гузорад. *** Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид. *** Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд. *** Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд. *** Конститутсия барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид. *** Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, ба­рои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз паро­кандагӣ раҳоӣ бахши­дани миллати тоҷик асос гузошт. *** Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиё­сӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. *** Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид

    48

    05.11.2025
  •  img
    Иштирок дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.   Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.   Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.   Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд.    Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии  кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”.   Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд.   Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.   Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.

    73

    04.11.2025
  •  img
    Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ Муҳтарам Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон, Дар оғоз ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям.   Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.   Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.   Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст.   Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад.   Санади мазкур марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд.   Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.   Дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад.   Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охирдар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор (4,1) миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.   Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.   Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.   Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад.   Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.   Дар ин робита мо, ба мақсади таъмини некуаҳволии мардуми худ, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоем.   Дар баробари ин, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд.   Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем.   Ҳозирини гиромӣ, Гузариш ба иқтисоди “сабз” барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад.   Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи “сабз” аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.   Имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.   Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем.   Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд. Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид.   Бовар дорам, ки қатъномаи мазкур ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад кард.   Ҳозирини арҷманд, Рушди фарогири иҷтимоӣ амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд.   Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори Саммити имрӯза, мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.   Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

    57

    04.11.2025