16.10.2025

 img

16 октябри соли 2025 дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии корӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии муштараки Тоҷикистону Русия баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои соҳа, таъмин будани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон, инчунин, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Муовини вазири маориф ва илм дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки ҷаласаи имрӯза имкон медиҳад, то ҷонибҳо таҷриба ва амалияҳои беҳтаринро мубодила намуда, барои баланд бардоштани сифати маориф ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистону Россия қарорҳои мушаххас қабул намоянд. Муовини вазир зикр намуд, ки маориф пояи мустаҳками кишварҳо мебошад ва зарур аст, ки кӯшишҳои муштарак барои фароҳам овардани муҳити таълимии босифат ва мутобиқ ба талаботи замон тақвият дода шаванд.

 

Дар ҷаласа ҳисоботи Г.В.Викторович - директорони Мактаби давлатии буҷавии Русияву Тоҷикистон бо таҳсилоти умумии миёна бо омӯзиши амиқи баъзе фанҳо дар шаҳри Душанбе ба номи Ю.А. Гагарин ва Н.Лайло - мактаби назди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов шунида шуд.

 

Дар анҷом, ҷаласаи мазкур ҳамчун як қадами муҳимми ҳамкории дуҷониба баҳри беҳтар намудани фаъолият ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта арзёбӣ гардид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ img
  • ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ img
  • ҶАЛАСАИ КОРӢ БО ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ МУШТАРАКИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Табодули таҷриба оид ба рақамикунонии такмили ихтисоси омӯзгорон Нимаи дуюми 16 октябри соли 2025 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф вохӯрии муҳими касбӣ доир гардид, ки дар он табодули андеша байни намояндагони донишкадаҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон сурат гирифт. Дар оғоз, ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода доир ба дастовардҳо ва таҷрибаи мавҷуда дар самти рақамикунонии такмили ихтисос суханронӣ намуд. Сипас, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон, Токтамаметов Алмазбек, андешаҳои худро баён дошт. Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои таҷрибаомӯзӣ, таҳкими ҳамкорӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд. Ин мулоқот қадами муҳиме дар самти рушди ҳамкории касбӣ ва тақвияти иқтидори рақамии соҳаи маориф маҳсуб меёбад.

    7

    16.10.2025
  •  img
    МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" 16 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Президенти "Leaders of Change Foundation" хонум Агата Вержбовска ва мудири Барномаи стипендияи байналмилалии "Lane Kirkland" хонум Уршула Собетскаи аз Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот муовини якуми вазир хонум Агата Вержбовска ва хонум Уршула Собетскаро хайрамақдам гуфта, аз номи ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм барои ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.   Зимни суханронӣ муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҳамкориҳои миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон сол аз сол рушд ёфта, дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкил ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории самарабахш миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пависланскии Лаҳистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи кишоварзии Краков, инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Гданск зикр гардид.   Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Лаҳистон буда, барои ташкили вохӯриҳо, гуфтугӯҳо ва барномаҳои муштарак дар ҳама вақт изҳори омодагӣ менамояд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ин дидор ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар самти таҳсилоти олӣ ва барномаҳои стипендиявӣ такони тоза мебахшад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    38

    16.10.2025
  •  img
    РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ”, омӯзишҳои амалӣ барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд.   Омӯзишҳо ба мутахассисони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шуда, ҳадафи асосии он — таъмини татбиқи пурраи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Дар ҷараёни дарсҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири истифодаи система, таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, идоракунии равандҳои дохилии муассисаҳо ва кор бо маълумоти оморӣ шинос гардиданд.   Мутахассисони омодашуда минбаъд ҳамчун тренерони минтақавӣ ва миллӣ барои омӯзонидани кормандони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда мешаванд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки ҷараёни татбиқи EMIS дар ҳамаи зинаҳои маориф бо самаранокии баланд ба роҳ монда шавад.   Ин омӯзиш ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими иқтидори кадрӣ, боло бурдани савияи рақамии мутахассисон ва таҳкими пояҳои устувори рақамисозии низоми маорифи вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад.

    9

    16.10.2025