16.10.2025

 img

Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ”, омӯзишҳои амалӣ барои омода намудани тренерони сатҳи миллӣ дар вилояти Хатлон баргузор гардиданд.

 

Омӯзишҳо ба мутахассисони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шуда, ҳадафи асосии он — таъмини татбиқи пурраи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Дар ҷараёни дарсҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири истифодаи система, таҳияи ҳисоботҳои таҳлилӣ, идоракунии равандҳои дохилии муассисаҳо ва кор бо маълумоти оморӣ шинос гардиданд.

 

Мутахассисони омодашуда минбаъд ҳамчун тренерони минтақавӣ ва миллӣ барои омӯзонидани кормандони муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда мешаванд. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки ҷараёни татбиқи EMIS дар ҳамаи зинаҳои маориф бо самаранокии баланд ба роҳ монда шавад.

 

Ин омӯзиш ҳамчун як қадами муҳим дар таҳкими иқтидори кадрӣ, боло бурдани савияи рақамии мутахассисон ва таҳкими пояҳои устувори рақамисозии низоми маорифи вилояти Хатлон арзёбӣ мегардад.

  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • РАҚАМИСОЗИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР АМАЛ: ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОНИ МИЛЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО Имрӯз, 17 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба таҳкими фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо иштироки директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласа баргузор гардид.   Дар оғоз муовини вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ошно намуда, таъкид дошт, ки тақвияти фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳама сатҳҳо аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба шумор меравад. Зикр шуд, ки дар самти дастгирии ҷавонони лаёқатманд зарур аст, ки фаъолияти марказҳо ба таври муассиртар ба роҳ монда шуда, кор бо хонандагони болаёқат, омӯзгорони эҷодкор ва волидайни онҳо ҷоннок гардад.   Дар идомаи ҷаласа фаъолияти Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳисоботи роҳбарони ин муассисаҳо шунида шуда, ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, масъалаҳои ташкилӣ, татбиқи барномаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва инчунин, фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд.   Муовини вазир таъкид намуд, ки роҳбарони марказҳо бояд ҷиҳати такмили заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ бо муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешанд.   Дар охир вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ва масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

    17

    17.10.2025
  •  img
    НАХУСТИН ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ 17 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ нахустин ҷаласаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф баргузор гардид. Гурӯҳи мазкур бо ҳадафи ҳамоҳангсозии амалисозии лоиҳаи ТекЭд таъсис ёфта, масъулияти татбиқи самтҳои калидӣ ва назорати иҷрои тадбирҳоро ба уҳда дорад.   Ҷаласаро бо суханони ифтитоҳӣ Ҳомид Ҳошимзода, муовини якуми вазири маориф ва илм ва Эри Двиведи, муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон оғоз намуданд. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ вобаста ба аҳаммияти гузариши босамар ба таҳсилоти рақамӣ ва зарурати ҳамкории байниидоравӣ дар ин раванд таъкид карда шуд.   Дар рафти ҷаласа гуфта шуд, ки таъсиси Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ва оғози расмии кори он нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди рақамикунонии таҳсилот ба марҳилаи ҳамоҳангсозии сиёсӣ ва амалӣ гузаштааст. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф ҳамчун платформаи миллӣ метавонад ҳамаи ҷонибҳои дахлдор – ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд, муассисаҳои таҳсилотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муттаҳид намуда, нақшаи амалӣ ва мониторинги устувори раванди гузаришро таъмин намояд.   Дар рафти баргузории ҷаласа К. Муҳаммадраҷабзода, директори Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, лоиҳаро шарҳ дода, вазифа ва сохтори ГТЛРСМ-ро муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, коршиносон А. Атоев ва А. Шодибекзода самтҳои калидии лоиҳаро муфассал шарҳ доданд.   Дар интиҳо ҷаласаи нахустини Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии соҳаи маориф оғози марҳилаи муҳим ва нав дар амалӣ кардани лоиҳаи ТекЭд арзёбӣ гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    30

    17.10.2025
  •  img
    МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ "LEADERS OF CHANGE FOUNDATION” ВА МУДИРИ БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "LANE KIRKLAND" 16 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Президенти "Leaders of Change Foundation" хонум Агата Вержбовска ва мудири Барномаи стипендияи байналмилалии "Lane Kirkland" хонум Уршула Собетскаи аз Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот муовини якуми вазир хонум Агата Вержбовска ва хонум Уршула Собетскаро хайрамақдам гуфта, аз номи ҳайати роҳбарии Вазорати маориф ва илм барои ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.   Зимни суханронӣ муовини якуми вазир таъкид дошт, ки ҳамкориҳои миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Лаҳистон сол аз сол рушд ёфта, дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, ташкил ва иштирок дар конфронсу семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ густариш меёбанд. Аз ҷумла, ҳамкории самарабахш миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пависланскии Лаҳистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи кишоварзии Краков, инчунин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Гданск зикр гардид.   Муовини якуми вазир иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Лаҳистон буда, барои ташкили вохӯриҳо, гуфтугӯҳо ва барномаҳои муштарак дар ҳама вақт изҳори омодагӣ менамояд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф иброз дошта, изҳори умед карданд, ки ин дидор ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар самти таҳсилоти олӣ ва барномаҳои стипендиявӣ такони тоза мебахшад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    57

    16.10.2025