21.08.2026

 img

Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.

 

Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. 

 

Бино ба иттилоъ паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

 

Неруи тоза ва хастанопазири сохтмончиёну муҳандисон, садои баланди техникаву механизмҳои пуриқтидори муосир дар сарбанди неругоҳ шаҳодати он аст, ки дар ин корзори бесобиқа раванди корҳои сохтмонӣ лаҳзае қатъ намегардад.

 

Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кубидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидааст.

 

Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонида шавад.

 

Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад.

 

Неругоҳи Роғун, ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои экологӣ, техникӣ ва бехатарист, ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, имшабу рӯзҳо ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони кишвар дар ин майдони корзор меҳнат мекунанд ва бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати муайян ба истифода додани ин иншооти гидроэнергетикӣ  заҳмат мекашанд.

 

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба суйи сарбанди неругоҳи Роғун шинос шуданд.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳи Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар гардидааст.

 

Зимни суҳбат бо кормандони муҳандисию техникии неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонии сарбанд сифати кор ва риояи ҳатмии стандартҳои байналмилалӣ дар мадди аввал гузошта шавад, зеро рисолати ватандӯстона ва бунёдкоронае, ки имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва иродаи шикастнопазир анҷом дода мешавад, барои садсолаҳо ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гардидааст.

 

Зимни боздид аз Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img
  • Боздид аз cарбанди Неругоҳи Роғун img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ НАТИҶАҲО ВА ВАЗИФАҲОИ НАВИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 20 августи соли 2026 дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид.   Дар машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои маориф, собиқадорон, омӯзгорон ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.   Машварати августӣ ба баррасии натиҷаҳои соли таҳсили 2025-2026, арзёбии дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва муайян намудани вазифаҳои асосии соҳаи маорифи вилоят дар соли нави таҳсил бахшида шуд.   Пеш аз оғози машварат иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои хонандагон ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлонро дар соли таҳсили 2025-2026 таҳлил намуда, афзоиши нишондиҳандаҳои хонандагони вилоятро дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз натиҷаҳои назарраси соли таҳсил арзёбӣ кард.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи соҳаи маориф пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия вобаста мебошад.   Вазир таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ муассисаҳои таълимӣ бояд аз имкониятҳои интернет, захираҳои электронии таълимӣ ва воситаҳои муосир, аз ҷумла, имкониятҳои зеҳни сунъӣ, самаранок истифода намоянд. Дар ин замина мутобиқ намудани мазмун ва усулҳои таълим ба талаботи замони муосир ва омода намудани хонандагон ба рақобати донишӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.   Ҳамчунин, ба масъалаи рушди таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастгирии омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Зимни баррасии натиҷаҳои соли таҳсил зикр шуд, ки хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 906 медал гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 460 медал зиёд мебошад. Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ хонандагони вилоят 1167 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 367 медал бештар аст.   Яке аз дастовардҳои муҳимми соли таҳсил натиҷаи хатмкунандагони вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» мебошад. Имсол 37 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба гирифтани аттестатҳои аъло бо медалҳои тилло ва нуқра мушарраф гардида, вилояти Хатлон дар байни минтақаҳои кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд.   Ҳамчунин, ғолибияти Сайдализода Мадина, хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи соли Тоҷикистон» ҳамчун яке аз дастовардҳои назарраси соли таҳсил таъкид гардид.   Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ дастовардҳои соҳаи маорифи вилоятро таҳлил намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.   Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳадафи рушди соҳаи маориф танҳо бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоту технология нест, балки тарбияи инсони донишманд, соҳибкасб, худшинос, эҷодкор ва рақобатпазир мебошад. Аз ин рӯ, меъёри асосии фаъолияти муассисаи таълимӣ бояд сатҳи воқеии дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонанда бошад.   Зикр гардид, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 33 фоиз расида, дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.   Дар идомаи машварат як қатор омӯзгорон, хонандагон ва дигар фаъолони соҳаи маориф барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд.   Дар маҷмуъ, беш аз 100 нафар бо унвонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои «Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон», «Собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон», «Соҳибватан» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.   Ба 37 нафар ғолибони озмуни «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуъ 370 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.   Омӯзгорони ин хонандагон низ барои меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи шогирдони муваффақ бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида, ҳаҷми умумии ин мукофотҳо 111 ҳазор сомониро ташкил дод.   Ҳамчунин, 10 нафар хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи раиси вилояти Хатлон - «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз шуданд.   «Парчами сайёри ғолиб» бо мукофоти 20 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Данғара супорида шуд. Парчами мазкур ҳамасола бо дарназардошти фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои баландтарин ба яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида мешавад.   Дар фарҷоми машварат таъкид гардид, ки дар соли нави таҳсил бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосир, дастгирии хонандагони болаёқат, рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ равона карда шавад.   Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди устувори соҳа ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ҷамъбаст гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    21.08.2026
  •  img
    “НАВОИ ИСТИҚЛОЛ”-И ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Навои Истиқлол” баргузор гардид.    Дар ин чорабинии идона ректори донишгоҳ М. Набизода  ширкат намуда, кулли устодону донишҷӯён ва ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик гуфт.    Ҳамчунин  роҳбари ин муассисаи олии таълимӣ зимни суханронӣ Истиқлолро неъмати бузург барои халқи тоҷик номида, таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷавонон таҳти дастгириву таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, барои илмомӯзиву соҳибкасб гардидани ҷавонон ва дар рӯҳияи худшиносиву меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия ёфтани онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.    Сипас аз ҷониби омӯзгорони факултети санъат ва бахши фарҳанги донишгоҳ  барномаи ҷолиби консертӣ пешкаши ҳозирин  карда шуд.

    18

    21.08.2026
  •  img
    Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд.    Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми Неругоҳи Роғун буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисмати поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ шудааст.   Тибқи маҷмӯи нақшаҳои корӣ дарозии трассаи асосии нақб  2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тӯлонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисмати болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисмати поёнии неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад.   Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҳамчунин, лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар мегирад, муаррифӣ карда шуд.    Тибқи лоиҳа пайвастшавии нақби мошингарди 39 бо нақби 23 ва дигар коркардҳои зеризаминии маҷмаа ба назар гирифта шудааст.    Вазифаи асосии нақби нақлиётии Т-39 таъмин намудани роҳи мустақим ва боэътимоди нақлиётӣ байни соҳили рост ва иншооти қисми поёнии Неругоҳи Роғун, аз ҷумла барои интиқоли техника, таҷҳизот, мавод ва хизматрасонии иншоот дар давраи сохтмон ва давраи истифодабарии неругоҳ мебошад.   Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ дар баландиҳои 1172 ва 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.   Вазифаи обқабулкунаки асосӣ вобаста ба сатҳи оби обанбор аз се зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон ва таъмини интиқоли боэътимоди он ба агрегатҳо мебошад. Ҳамзамон, ин иншоот барои мустаҳкам нигоҳ доштани қабати куҳпора ва пешгирӣ намудани кучиши ҷинсҳои куҳӣ баъди пур гардидани обанбор аҳамияти баланд дорад.   Низоми обрасонии неругоҳ низ ба талаботи баланди муҳандисӣ мутобиқ карда мешавад. Оби аз обанбор ба ҷониби агрегатҳо равонашаванда барои агрегатҳои рақами 3 ва 4 аз баландии 1152 метр ва барои агрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5 ва 6 аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ба нақбҳои обрасон ворид мегардад.   Яке аз самтҳои муҳими корҳои сохтмонӣ дар соли равон ба хобонидани бетони конструктивӣ дар мавзеи даромадгоҳи нақбҳои обрасони рақамҳои 3 ва 4 марбут мебошад.   То 1 августи соли 2026 дар ин қитъа 10 ҳазору 367 метри мукааб бетон хобонида шудааст.   Ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ бозгуи сатҳи баланди корҳои муҳандисиву техникӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири сохтмонӣ дар бунёди ин иншооти азими аср мебошад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки асосӣ ба коргарон дастур доданд, ки барои саривақт ва босифат ба анҷом расонидани марҳилаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.   Боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр идома ёфт.   Сарвари давлат дар шахтаи рақами 4 бо мутахассисону коргарони ин қитъа, ки аксарияташон коргарони Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак мебошанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.   Зикр гардид, ки ҳоло дар неругоҳи Роғун зиёда аз 1500 мутахассиси Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак фаъолияти пурсамар доранд.   Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки техникаву механизмҳои  пуриқтидори борбардор, боркаш ва худфарор бо як маротиба барқ пур кардан то 8 соат кор мекунад ва ин аввалин таҷрибаи судбахш барои сарфаи сузишворӣ дар иншоот мебошад.         Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қисмати болоӣ ва зеризаминии шахтаҳо корҳои арматурабандӣ ва бетонрезии конструктивӣ дар ду баст идома дорад.      Тибқи лоиҳа дар ин ҷо дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ барои гидроагрегатҳои неругоҳ як роҳи мустақили обгузар, маҷмааи обқабулкунаки доимӣ бо 6 шахтаи дарвозаҳо сохта мешавад.   Дар асоси дурнамо барои бунёди шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимии неругоҳ 65 ҳазор метри мураббаъ бетон ва тақрибан 5,5 ҳазор тонна арматура истифода хоҳад шуд.   То ин вақт дар ин қитъа 33 фоизи корҳо иҷро гардидааст.   Баъди анҷоми сохтмони иншоот, шахтаҳо барои идора ва дар ҳолати зарурӣ пурра бастани нақби обрави зери фишори ҳар як гидроагрегат, таъмини имконияти азназаргузаронӣ, таъмири нақбҳо ва ҳифзи таҷҳизоти неругоҳ дар ҳолатҳои садамавӣ хизмат хоҳад кард.            Дар идомаи боздиди корӣ аз иншооти гуногуни неругоҳи Роғун раванди корҳои сохтмонӣ дар кони №17, нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои обпартои болоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.   Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои истеҳсоливу сохтмонӣ дар ин иншоот аз дидбонгоҳи кони №17 оғоз ёфт. Тибқи маълумот, ҳоло дар кони №17 ҳафт корхона фаъолият дошта, иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гилхок, рег ва сангреза, дар як шабонарӯз аз 10 то 12 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.   Фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои коркард дар кони №17 барои таъмин намудани захираи зарурии масолеҳ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди истифода дар сохтмони сарбанди неругоҳ заминаи муҳим мегузорад.   Тибқи маълумот, нақби сохтмонии қабати чорум қобилияти гузаронидани то 3500 метри мукааб обро дар як сония дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳаракати бехатар ва идорашавандаи чунин ҳаҷми бузурги об аз талаботи муҳими техникии иншоот ба ҳисоб меравад.   Иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим барои таъмини бехатарӣ, устуворӣ ва фаъолияти самараноки неругоҳ аҳамияти калидӣ дошта, аз ҷумлаи самтҳои муҳимми раванди бунёди ин иншооти бузурги энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Неругоҳи Роғун аз ҷараёни корҳо дар ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун дидан намуданд.   Ҳавзи мавҷшикан яке аз иншооти маҷмааи обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун буда, барои қабули ҷараёнҳои баландсуръати об аз нақбҳои сохтмонии СТ-4А ва СТ-4Б, нақби обпартои сатҳи болоӣ ТВВУ-1 ва нақбҳои обпартои ТВП-1 ва ТВП-2, паст намудани энергияи ҷараён ва фароҳам овардани шароити бехатари воридшавии об ба маҷрои дарёи Вахш пешбинӣ шудааст.   Геометрияи ҳавз бо дарназардошти траекторияи фаввораҳои об, натиҷаҳои озмоишҳои модели физикӣ, ҳисобҳои математикӣ ва эҳтимолияти шусташавии маҷро муайян гардидааст.   Мувофиқи лоиҳа, омодасозии ҳавзи мавҷшикан дар ду навбат пешбинӣ гардида, қисми асосии он то сатҳи 945,0 метр поён бурда мешавад. Мустаҳкамсозии соҳили рост бо дарназардошти ҷараёни максималии ҳисобии 1 ҳазору 750 метри мукааб дар сония муайян шудааст. Барои таъмини бехатарӣ пояи нишебии соҳили рост на камтар аз 20 метр ва соҳили чап тақрибан 20-30 метр аз нуқтаи бархӯрди фаввораи ҳисобии об дуртар ҷойгир карда шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои гидравликӣ, худи ҳавзи мавҷшикан ҳамчун иншооти энергияфурӯбаранда ва минтақаи идорашавандаи шусташавӣ амал намуда, барои паст намудани таъсири ҷараёнҳои пуриқтидори об ва таъмини устувории соҳилҳо пешбинӣ шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷараёни корҳои минбаъда ба сифати корҳо, устувории нишебиҳо, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва таъмини бехатарии иншооти қисми поёнии неругоҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти гидромеханикии дарвозаҳои асосӣ ва таъмирии СТ-4 Неругоҳи Роғун дидан намуданд.   Камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои садамавӣ-таъмирӣ ва асосии СТ-4 (Нақби сохтмонии қабати 4-ум) яке аз иншооти муҳимми гидротехникии зеризаминии соҳили рости Неругоҳи Роғун ба ҳисоб рафта, барои идора ва танзими ҷараёни об, бастани қисмҳои обгузари нақб дар ҳолатҳои садамавӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои азназаргузаронӣ, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ гардидааст.   Нақби сохтмонии СТ-4 барои гузаронидани обҳои селобии дарёи Вахш дар давраи сохтмони сарбанд ва иншооти асосии неругоҳ пешбинӣ шуда, остонаи обқабулкунаки он дар сатҳи 1090,0 метр ҷойгир мебошад. Қобилияти максималии обгузаронии нақб 3 500 метри мукааб дар сония буда, таҷҳизоти гидромеханикии он барои кор дар шароити фишори об то тақрибан 150 метр тарҳрезӣ шудааст.   Чор дарвозаи радиалии корӣ таҷҳизоти асосии танзимкунандаи СТ-4 мебошанд. Онҳо барои пурра ё қисман кушодани гузаргоҳҳо, танзими сарфи об ба поёноб, нигоҳ доштани сатҳи муайяни оби болооб ва дар ҳолати зарурӣ бастани гузаргоҳ истифода мешаванд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои чор маҷмӯи дарвозаҳои радиалӣ низоми ягонаи барқтаъминкунӣ пешбинӣ гардидааст.   Дар сурати қатъ гардидани таъминот аз манбаи асосӣ, система ба таври автоматӣ ба манбаи захиравӣ мегузарад. Ҳамзамон, маълумот оид ба манбаи амалкунандаи барқ ба системаи диспетчерии неругоҳ интиқол дода мешавад.   Дар маҷмуъ, камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои СТ-4 маҷмааи мураккаби зеризаминии гидротехникӣ ва автоматишуда мебошад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иҷрои корҳои ҳаҷман бузурги сохтмонӣ дар шароити мураккаби зеризаминӣ натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешрафта, технологияи муосир ва заҳмати мутахассисони ватанӣ буда, зарур аст, ки барои боз ҳам бо сифат ва саривақт иҷро намудани корҳои бунёдӣ талоши бештар варзида шавад.   Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

    19

    21.08.2026