25.11.2026
Таҳти ин унвон 25 ноябри соли 2026 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ташкил ва баргузор гардид.
Ҳадафи асосии конференсия баррасии заминаҳои илмӣ, педагогӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайян намудани ҷойгоҳи маорифу илм дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавии муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.
Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳ Сироҷиддин Ниёзӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Дар меҳвари сухани ифтитоҳӣ аҳаммияти омӯзиши ҳуқуқи инсон, нақши муассисаҳои илмию таълимӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ташаккули масъулияти шаҳрвандии насли наврас қарор дошт.
Дар идомаи конференсия Абдуллозода Парвиз - муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Нақши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди илму маориф» маърӯза намуд. Мавзуи мазкур масъалаҳои аҳаммияти меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва рушди ҳамкориҳои илмиро фаро гирифт.
Ҳамзамон, Назарзода Аваз - мудири кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, дар мавзуи «Заминаҳои таърихӣ-ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи инсон» суханронӣ намуда, масъалаҳои ташаккул ва таҳаввули андешаҳои ҳуқуқӣ, асосҳои таърихии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва аҳаммияти онҳоро дар рушди ҷомеаи муосир мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар доираи муҳокимаву музокироти конференсия ба масъалаҳои ҳамгироии донишҳои педагогӣ ва ҳуқуқӣ, такмили мазмуни таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва нақши таҳқиқоти илмӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Баргузории чунин ҳамоиши илмӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳ дар самти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва тақвияти нақши илму маориф дар таъмини рушди устувори ҷомеа аҳаммияти хос дорад.