29.05.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович баргузор гардид.

 

Дар оғоз муовини якуми вазир меҳмонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ташрифи ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” истиқбол намуд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватияро баланд арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки равобити ду кишвар дар солҳои охир тамоюли мусбат ва созандаро касб намудааст. Қайд гардид, ки миёни кишварҳо муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ тадриҷан густариш меёбанд.

 

Ҳамзамон зикр шуд, ки сафарҳои мутақобилаи роҳбарони олии ду давлат дар соли 2009 барои таҳкими пояи муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Инчунин, сафари вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич-Радман ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024 ва мулоқотҳои сатҳи баланд дар доираи он ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав бахшиданд.

 

Дар ҷараёни суҳбат муовини вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Хорватия дар соҳаҳои маориф, илм, инноватсия ва таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, имкониятҳои тавсеаи мубодилаи академӣ байни донишгоҳҳо, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ гардиданд.

 

Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Хорватия дар бахшҳои сайёҳӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои мустақими муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

 

Дар ин замина, масъалаи таҳияи санадҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дахлдори ду кишвар, инчунин иштирок дар барномаҳои муштараки аврупоӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти байналмилалӣ баррасӣ гардид.

 

Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки вохӯрии мазкур барои тавсеаи ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Хорватия дар соҳаи маорифу илм заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИ БО САФИРИ ҒАЙРИМУҚИМИИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ img
  • ВОХӮРИ БО САФИРИ ҒАЙРИМУҚИМИИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ img
  • ВОХӮРИ БО САФИРИ ҒАЙРИМУҚИМИИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ М. Тоирзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии сӯхт, омодасозии иншооти соҳа ба мавсими сармо ва ҳамоҳангсозии корҳои вобаста маълумот дод.   Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардид. Мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат, нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд.   Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, сатҳи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва зарурати тақвияти назорати сифати таҳсилот гузориш дод.   Инчунин, масъалаи тасдиқи Низомномаи истироҳати тобистонаи солимгардонии наздимуассисавӣ баррасӣ гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода доир ба муҳтавои низомнома, тартиби ташкили истироҳати тобистонаи хонандагон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод намуд.   Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.   Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, таҳкими назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи нақшаи кории вазорат ва ташкили самараноки истироҳати тобистонаи хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    15

    29.05.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.   Дар даври ноҳиявии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия фаъолона ширкат варзида, маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи номинатсияҳои озмун ба намоиш гузоштанд. Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат, сатҳи омодагӣ ва тарзи баромади иштирокчиён баҳои воқеъбинона дода, беҳтаринҳоро аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.   Зимни ҷамъбасти озмун масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушду ташаккули тафаккури созандаи наврасону ҷавонон, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад.   Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайати ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав таманно карданд.

    44

    28.05.2026
  •  img
    Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар он, нахуст, дар бораи лоиҳаи Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд.   Таъкид гардид, ки Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, басо муҳим аст.   Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда васеъ истифода бояд кард.   Дар идомаи маҷлис Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар, дар бораи лоиҳаи Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 гузориш дод.   Зикр гардид, ки ҳадаф аз қабули ин лоиҳа таҳкими сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва пешгирии ҳолатҳои зуроварӣ нисбат ба онҳо, инчунин, беҳтар намудани шароити нигоҳубин ва таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.   Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти марбутаро дар ин самти кор ғайриқаноатбахш номида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.   Сипас барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 баррасӣ ва қабул шуд. Зимнан таъкид гардид, ки раванди рақамикунонӣ дар ин соҳа тезонда шавад.   Дар кори Маҷлис, ҳамчунин вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.   Таъкид гардид, ки семент имрӯз яке аз маҳсулоти муҳими рушди инфрасохтор, саноат ва сохтмон ба ҳисоб рафта, таъмини устувори бозори дохилӣ бо он аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дорад.   Зикр карда шуд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар иқтидорҳои истеҳсолии соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли семент аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.   Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Гуфта шуд, ки сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд.   Аз ҷумла, зикр гардид, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад.   Баъд аз баррасии масъала ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дода шуд.   Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд.   Ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти марбута дастур дода шуд, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.   Ҳамчунин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Саридораи геология, Вазорати нақлиёт ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста ба таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вазорату идораҳои масъул бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд.   Ба роҳбарони Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дода шуд, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.   Дар робита ба вазъи бозори дохилӣ ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолкунандаи семент барои ба низом даровардани корҳои таъмириву истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.   Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.   Таъкид гардид, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад.   Дар фароварди маҷлис ба Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад.

    40

    28.05.2026