28.05.2026

 img

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

 

Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.

 

Дар даври ноҳиявии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия фаъолона ширкат варзида, маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи номинатсияҳои озмун ба намоиш гузоштанд.

Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат, сатҳи омодагӣ ва тарзи баромади иштирокчиён баҳои воқеъбинона дода, беҳтаринҳоро аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Зимни ҷамъбасти озмун масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушду ташаккули тафаккури созандаи наврасону ҷавонон, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад.

 

Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайати ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав таманно карданд.

  • ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 26 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар шароити муосир рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти раванди тарбияи насли соҳибмаърифат ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.   Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» М.Ғафорзода гузориш дода, натиҷаҳои иштироки хонандагонро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таҳлил намуд. Сипас, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вазорат Ҷ. Бобоҷон аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод кард.   Дар ҷараёни муҳокимаҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳаракати олимпӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагони болаёқат, беҳтарсозии шароити фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.   Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа вазири маориф ва илм ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти соҳа ва баланд бардоштани самаранокии кор ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳаракати олимпӣ, густариши иштироки хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннӣ, такмили низоми ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгорони фаъол, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорону методистони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳияи таҳлилҳои муфассали оморӣ бо усули рейтингӣ вобаста ба натиҷаҳои олимпиадаҳо, инчунин пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар самти таълиму тарбияи кӯдак тадбирҳои муассир андешида шаванд.

    12

    28.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СММ 26 майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Тшилидзи Марвала вохӯрӣ анҷом дод.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияҳои “сабз”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани маърифати истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ дар миёни муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳим арзёбӣ гардид.   Дар рафти мулоқот имкониятҳои таъсиси филиали Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (United Nations University) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ муҳокима шуданд.   Қайд гардид, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, таҳқиқоти илмӣ ва идоракунии соҳа метавонад ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намояд.

    11

    28.05.2026
  •  img
    Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Конфронс бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ оғоз гардид.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст ташрифи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбӣ орзу намуданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ин конфронсро қадами муҳим дар ҳалли яке аз проблемаҳои ҳассоси замони муосир - дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии сайёра ба об номиданд.    Зикр шуд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои амалӣ андешида, дар ин ҷода тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош меварзад.   Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои мо барои баланд бардоштани мақому аҳамияти об - сарвати бебаҳои ҳаёт равона гардида, Тоҷикистон дар ин самт ҷонибдори бархӯрди мутавозин ва фарогир аст. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштарак мебошад.   Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мо дар доираи ташаббуси “Раванди оби Душанбе” ба талошҳои худ дар самти ташкили платформаи байналмилалии фарогир ва шаффоф идома медиҳем.   Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мушкилиҳое ҷалб намуданд, ки барои ноил шудан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор монеаҳо эҷод кардаанд.   Таъкид гардид, ки ҳоло миллиардҳо нафар ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надошта, наздик ба 4 миллиард сокини сайера ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Ин тамоюлҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки дар оянда дастрасӣ пайдо накардани мардуми ба оби ошомиданӣ ба таври назаррас зиёд хоҳад шуд.   Тибқи таҳқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал то 25 дарсад зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.   Ҳамзамон бо ин, ба таъкиди Роҳбари давлат аз рӯи пешбиниҳо дар ин давра қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гарданд ва соҳаҳои наву босуръат рушдёбанда, аз ҷумла саноати “сабз”, шаҳрсозӣ, истеҳсоли озуқаворӣ ва инфрасохтори рақамӣ талабот ба обро боз ҳам зиёд хоҳанд кард.   Дар ин замина, гуфта шуд, ки ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро бештар месозад.   Президенти кишвар аз иқдомҳои Тоҷикистон дар сатҳи милливу минтақавӣ ҷаҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор қабул гардидаанд.    Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намуда, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис диҳад. То соли 2040 дар нақша аст, ки дастрасии аҳолиро ба оби мутамаркази ошомиданӣ ба 90 дарсад расонад.   Ҳамчунин, Тоҷикистон азм дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки онро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.   Дар идомаи суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ дар соҳаи об аҳамияти хоса дода, ҷиҳати таҳкими минбаъдаи эътимод, шарикӣ ва муколамаи созанда дар Осиёи Марказӣ оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими об ҳамеша кӯшиш менамоем. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҳамчун платформаи мусоиди минтақавӣ барои баррасӣ ва ҳалли маҷмуи масъалаҳои об ба хотири рушди устувор нигариста, дар чорчӯби он таъсис додани Комиссияи байнидавлатии энергетикӣ барои Осиёи Марказиро зарур мешуморад.   Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мо бояд аз ҳоло дар бораи рӯзномаи ҷаҳонии об баъди соли 2030 андеша намоем ва иқдомҳо бояд аз дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Рӯзномаи амали об ва таҷрибаи Раванди оби Душанбе маншаъ гирифта, ба ҳалли масъалаҳои рӯзафзуни марбут ба об равона карда шаванд.   Сарвари кишвари мо ёдовар шуданд, ки дар солҳои охир Даҳсолаи байналмилалии амали об ва Рӯзномаи амали об барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об заминаҳои мустаҳкам фароҳам оварданд. Бо вуҷуди ин, дар ҷодаи рафъи ин мушкилот ба нафъи имрӯзу ояндаи сайёра мо ҳанӯз дучори монеаҳои ҷиддӣ ҳастем.   Гуфта шуд, ки имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.   Дар хотимаи сухан  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки мо ба мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем.    Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст.   Аз кафкӯбии пурмавҷи ҳозирин аён гардид, ки пешниҳоди мазкур мавриди дастгирии аҳли толор қарор гирифт.

    46

    26.05.2026