18.02.2026
18 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Артур ван Дизен баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи барномаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба натиҷаҳои ҳамкориҳои амалкунанда, аз ҷумла, дар самти низоми таҳсилот, рақамикунонии соҳа, рушди таҳсилоти фарогир, такмили барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба таҳияи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти инфрасохтори таълимӣ, густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълим дар заминаи таҷрибаи байналмилалӣ муҳокима гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони рушд, бахусус ЮНИСЕФ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ дар самти рушди устувори соҳаи маориф нақши муҳим доранд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, ҳамкориҳои пурсамар бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикони рушд ба татбиқи ислоҳоти фарогири соҳа, рақамикунонии низоми таълим, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои муосири педагогӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Зикр шуд, ки вазорат омода аст дар заминаи шарикии стратегӣ ҳамоҳангсозии наздик, банақшагирии муштарак ва татбиқи самараноки барномаҳои ҷорӣ ва ояндаро идома дода, ҷиҳати таъмини таҳсилоти босифат, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замон қадамҳои устувор гузорад.
Дар навбати худ, роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен аз сатҳи ҳамкориҳои созанда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки ЮНИСЕФ минбаъд низ ҳамчун шарики боэътимоди техникӣ ва зеҳнӣ дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, рушди малакаҳои рақамӣ, таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳад гузошт. Ӯ ҳамчунин омодагии ниҳодро барои дастгирии ташаббусҳои миллӣ, аз ҷумла таҳияи заминаи муосири ҳуқуқии соҳа ва татбиқи барномаҳои навоварона, ки ба манфиати кӯдакон ва наврасон равона шудаанд, таъкид намуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон