17.02.2026
17 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (Local Education Group – LEG) бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, шарикони рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки нишасти имрӯза идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми таҳсилот, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои муосири идоракунӣ мебошад.
Вазири маориф ва илм дар сухани ифтитоҳии худ бо такя ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буда, сармоягузорӣ ба он сармоягузорӣ ба ояндаи миллат маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (Global Partnership for Education – GPE) ҳамкориҳои худро бо шарикони рушд дар заминаи принсипҳои ҳамоҳангсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳаммасъулиятӣ ба роҳ мондааст. Платформаи LEG имрӯз ба механизми муҳимми ҳамоҳангсозии сиёсати соҳавӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак табдил ёфтааст.
Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки масъалаҳои калидии рӯзномаи ҷаласа ба такмили идоракунии соҳа, рақамикунонии низоми маориф, таҳкими низоми арзёбӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълим, рушди фанҳои дақиқ (STEM) ва мутобиқсозии соҳа ба таъсири тағйирёбии иқлим равона гардидаанд.
Дар қисмати ифтитоҳии ҷаласа ҳамчунин намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Изабел Уриз ва муовини роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Эри Двиведи суханронӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар самти такмили инфрасохтор, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба таҳсил изҳор доштанд.
Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак бо шарикони рушд ба таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, баланд бардоштани иқтидори омӯзгорон ва такмили муҳтавои таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм А. Хоҷазода оид ба ҳамкориҳои шарикони рушд бо вазорат маълумот пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки ҳамоҳангсозии иқдомҳо ва истифодаи самараноки захираҳо омили муҳимми пешбурди ислоҳоти соҳавӣ мебошад. Сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода низоми миллии таҳлили аслияти матн ва платформаи электронии eilm.tj-ро муаррифӣ намуда, аҳаммияти онро дар таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ таъкид кард. Ҳамчунин, сардори шуъбаи низоми ахборотии маориф Н. Убайдуллозода механизми таъмини дастрасии ройгон ё арзон ба платформаҳои тасдиқшудаи LEG, аз ҷумла, marifat.tj ва низоми иттилоотии идоракунии маориф (EMIS)-ро шарҳ дод. Таъкид гардид, ки рақамикунонии соҳа ва татбиқи низоми иттилоотӣ заминаи муҳимми идоракунии самаранок ва қабули қарорҳои асоснок мебошанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» муаррифӣ гардида, масъалаи таҳияи лоиҳаи «Стратегияи миллӣ оид ба мутобиқшавӣ ва пешгирӣ аз таъсири тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар соҳаи маориф» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар қисмати музокирот иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳои худро пешниҳод намуда, зарурати идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва татбиқи пешниҳодҳои гурӯҳҳои кориро таъкид карданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа иброз гардид, ки натиҷаҳои баррасии имрӯза ба татбиқи самараноки сиёсати маорифпарваронаи давлат, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувори низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон