12.06.2026
12 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва рушди илму маориф дар Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, устодону донишмандон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Ҳамоишро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву иҷтимоии Ваҳдати миллиро ҳамчун омили калидии рушди устувори давлат ва ҷомеа таъкид кард. Зикр гардид, ки маҳз дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла илму маориф, рушд ёфта, барои ташаккули неруи зеҳнӣ ва рушди захираҳои инсонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қайд карда шуд, ки маҳз дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидааст, барои рушди соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Дар идомаи ҳамоиш, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Ҳайдарзода дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – андешаи меҳварӣ дар худшиносии миллӣ» маъруза намуда, нақши ваҳдатро дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва рушди арзишҳои фарҳангиву маънавии ҷомеа шарҳ дод.
Ҳамчунин, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Бобозода дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори иқтисоди миллӣ» баромад намуда, таъкид кард, ки рушди иқтисоди миллӣ маҳз дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардида, барои пешрафти дигар соҳаҳо, аз ҷумла маориф ва илм, шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар қисмати дигари ҳамоиш, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Д. Қурбонзода бо маърузаи «Аз ваҳдат то маърифат: рушди маориф ва илм дар партави сулҳу субот» баромад намуда, ба масъалаҳои рушди низоми маориф, нақши омӯзгор дар тарбияи насли босавод ва аҳаммияти илму маърифат дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар ҷараёни музокираҳо иштирокдорон доир ба масъалаҳои мубрами рушди илму маориф, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши олии миллӣ бояд ҳифз ва таҳким ёфта, махсусан дар соҳаи маориф ва илм нақши калидии худро нигоҳ дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон