14.06.2026
Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид.
Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.
Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.
Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.
Хабарҳои дигар
-
ҚАДАМИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАК Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон шудааст. Дар ин замина, илова ба асноди мавҷуда, 28 майи соли 2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои солҳои 2026-2030» қабул гардид. Бо мақсади огоҳ гардидан аз зарурату ҳадафи қабули ин барнома ва нақши он дар ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон суҳбате оростем бо сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Бобоҷон, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем. – Муҳтарам Ҷаҳонгир Бобоҷон, мегуфтед, ки ҳадафи асосии қабули «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» аз чӣ иборат аст? – Ҳадафи асосии қабули «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳкими низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини манфиатҳои ҳар як кӯдак мебошад. Барнома ба фароҳам овардани муҳити бехатар барои зиндагӣ, таълим ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон равона гардида, ҳифзи онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ, табъиз, беэътиноӣ ва истисмор дар мадди назар қарор медиҳад. Ҳамзамон, барнома барои рушди хидматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили механизмҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳифзи кӯдак, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба кӯдакон, густариши таҳсилоти фарогир, беҳтар намудани сатҳи саломатӣ ва некуаҳволии онҳо ва мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи кӯдак заминаи мусоид фароҳам меорад. Қабули ин барнома идомаи сиёсати иҷтимоии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирӣ ва ҳифзи кӯдакон буда, ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мусоидат мекунад. Ин ҳуҷҷат стратегияи давлатӣ барои фароҳам овардани муҳити бехатар ва мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ҳар як кӯдак мебошад. Фикр мекунам, қабули он дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил карда мешавад, беҳтарин туҳфа барои хурдсолони мамлакат гардид. – Ин барнома аз барномаҳои қаблии давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аз кадом ҷиҳатҳо фарқ мекунад? – «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо дарназардошти таҷрибаҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои қаблӣ ва талаботи нави рушди ҷомеа таҳия гардидааст. Фарқияти асосиаш аз дигар барномаҳо дар он аст, ки ба таври фарогир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар шароити муосир муносибат намуда, на танҳо чораҳои муҳофизатӣ, балки механизмҳои дастгирӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакро дар бар мегирад. Дар барномаи нав таваҷҷуҳи бештар ба ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ дар муҳити оилавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фазои рақамӣ, рушди таҳсилоти фарогир, дастгирии кӯдакони осебпазир, аз ҷумла, кӯдакони имконияташон маҳдуд, кӯдакони бе парастории падару модар монда ва дар вазъияти душвори зиндагӣ қарордошта равона шудааст. Ҳамчунин, дар барнома масъалаҳои тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии кӯдакон ва волидон, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва такмили низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот оид ба вазъи кӯдакон ҷойгоҳи муҳим доранд. Барнома ба пешгирии хавфҳо, таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ ва мутобиқ намудани сиёсати давлатӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак равона гардидааст. Яъне, агар барномаҳои қаблӣ бештар ба ҳалли масъалаҳои алоҳида нигаронида шуда бошанд, барномаи нав тамоми низоми ҳифзи кӯдакро фаро мегирад. Яке аз хусусиятҳои муҳимми барнома муайян намудани нишондиҳандаҳои мушаххаси натиҷавӣ ва механизмҳои мониторингу арзёбӣ мебошад, ки имкон медиҳад раванди татбиқи он мунтазам баҳогузорӣ гардида, самаранокии чорабиниҳои амалишаванда таъмин карда шавад. – Дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон имрӯз дар Тоҷикистон чӣ мушкилоте ҷой доранд ва барнома барои ҳалли онҳо чӣ тадбирҳо пешбинӣ кардааст? – Таҳлили вазъи ҷорӣ нишон медиҳад, ки новобаста аз дастовардҳои назаррас, як қатор масъалаҳо ҳанӯз ҳам мубрам боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, ниёз ба такмили қонунгузорӣ, норасоии ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои дахлдор, набудани мутахассисони соҳавӣ дар сатҳи маҳаллӣ, ҳолатҳои алоҳидаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак, савдои кӯдак ва никоҳи бармаҳал, пурра ба эътибор гирифта нашудани фикри кӯдак ҳангоми қабули қарорҳо ва ғайра. Як мисоли одӣ, кӯдак бо ҷурми содир кардани гуноҳ аз озодӣ муддате маҳрум мешавад. Пас аз чанде ба озодӣ мебарояд, аммо барои идомаи таҳсил роҳбари муассисаи таълимӣ ва ё ягон каси дигар ба ӯ монеа мешавад, ҳуқуқҳояшро поймол мекунад, ин дар ҳолест, ки бояд барои ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ шудан кумак расонанд. Барнома барои ҳалли ин масъалаҳо чораҳои мушаххас, амсоли такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзиши кормандони соҳа, таҳкими фаъолияти комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҷорӣ намудани механизмҳои нави хидматрасониҳои иҷтимоӣ ва рушди корҳои фаҳмондадиҳиро пешбинӣ намудааст. – Нақши муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи барномаи мазкур чӣ гуна арзёбӣ мешавад? Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кӯдакон кадом тадбирҳо амалӣ карда мешаванд? – Муассисаҳои таълимӣ дар амалисозии барнома нақши зиёд доранд. Кӯдакистону мактаб танҳо ҷойи омӯзиш нест, балки муҳити ташаккули шахсият буда, заминаҳои фарҳанги ҳуқуқии кӯдак маҳз дар ҳамин гуна муассисаҳо гузошта мешавад. Дар робита ба татбиқи барнома мутахассисони Вазорати маориф ва илм корбарӣ доранд ва дар доираи он қарор аст, мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба барномаҳои таълимӣ бештар ворид карда шаванд. Ҳамчунин, дар ин замина, дарсҳои тарбиявӣ, семинарҳо, конференсияҳои дохилимактабиву ҷумҳуриявӣ баргузор намуда, ба ин васила, маърифати ҳуқуқии омӯзгорон, хонандагону волидонро такмил бахшида, корҳои иттилоотию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ густариш дода хоҳад шуд. Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ин самтро яке аз вазифаҳои афзалиятноки худ меҳисобад. – Мехостем муфассалтар бигӯед, ки дар барнома барои ҳифзи кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла, кӯдакони имконияташон маҳдуд чӣ чораҳо муқаррар шудаанд? – Ба ин гурӯҳ кӯдакони дорои маъюбият, ятимон ва бепарасторон, кӯдакони оилаҳои камбизоат, кӯдакони дар муҳоҷират қарордошта ё аз нигоҳубини падару модар маҳрумшуда дохил мешаванд. «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба ҳифзи кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок аҳаммияти махсус медиҳад. Он, пеш аз ҳама, ба таъмини баробарии имкониятҳо барои ҳамаи кӯдакон нигаронида шудааст. Бо ин мақсад, рушди таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ), мутобиқ намудани муассисаҳои таълимӣ ба талаботи кӯдакони дорои маъюбият ва таъмини онҳо бо воситаҳои махсуси таълимӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии ин гурӯҳи кӯдакон хидматрасониҳои иҷтимоӣ, тиббӣ ва равоншиносӣ васеъ карда мешаванд. Самти муҳимми дигар, пешгирии табъиз, зӯроварӣ ва истисмори кӯдакон мебошад. Барои ин сохтори ошкорсозӣ ва расонидани кумаки саривақтӣ такмил дода шуда, ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо тақвият меёбад. Илова бар ин, барнома ба дастгирии оилаҳо аҳаммияти зиёд медиҳад, зеро муҳити солими оилавӣ омили асосии рушди кӯдак ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, расонидани кумакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои ниёзманд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон ва пешгирии ҷудо шудани кӯдак аз оила аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд. Яъне, дар доираи барнома роҳҳои муосире баррасӣ мешавад, ки кӯдакони осебпазир, имконияти маҳдуддошта ё ятими кул дар оилаҳое, ки ба онҳо ниёз доранд, ҷой дода шаванд, на дар интернатҳо. Аслан, кӯдак бояд дар оила ба воя расад, ин яке аз шаклҳои муосири тарбия буда, дар баъзе кишварҳои рӯ ба рушд амалӣ гашта истодааст. Умуман, барнома ба фароҳам овардани шароите равона шудааст, ки ҳар як кӯдак, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ё имкониятҳои ҷисмонӣ ва равонии худ, аз ҳуқуқҳои баробар бархурдор бошад ва барои таҳсил, рушд ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеа имконият пайдо намояд. Ин тадбирҳо барои таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои беҳтарини кӯдак заминаи мусоид фароҳам меоранд. – Оё барнома механизмҳои нави ҳамкории мактаб, оила ва ҷомеаро пешбинӣ мекунад? – Таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа ҳамчун яке аз шартҳои асосии таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон муайян шудааст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки ҳалли мушкилоти кӯдакон танҳо бо кӯшиши як ниҳод имконнопазир буда, иштироки фаъолонаи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро талаб мекунад. Дар барнома пешбинӣ шудааст, ки ҳамкории байни мактаб, оила ва ҷомеа дар сатҳи нав ба роҳ монда мешавад. Пеш аз ҳама, нақши оила ҳамчун муҳити аввалини тарбия ва рушди кӯдак тақвият меёбад. Барои ин баргузор намудани вохӯриҳо, машваратҳо ва барномаҳои омӯзишӣ барои волидон зарур аст, то онҳо бо ин роҳ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, усулҳои муосири тарбия ва масъулияти худ маълумоти бештар пайдо намоянд. Аз ҷониби дигар, муассисаҳои таълимӣ на танҳо вазифаи таълим додан, балки вазифаи ҳифз ва дастгирии кӯдаконро низ иҷро мекунанд. Аз ин рӯ, дар барнома рушди фаъолияти равоншиносон, омӯзгорони иҷтимоӣ ва сохторҳои худидоракунии мактабӣ пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо ба муайян кардани мушкилоти кӯдакон ва расонидани кумаки саривақтӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, ҷомеа низ дар татбиқи барнома нақши муҳим дорад. Барои ин ҷалби мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон, воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои ҳифзи кӯдак пешбинӣ шудааст. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки муҳити мусоид барои рушди кӯдак дар мактаб ва берун аз он фароҳам оварда шавад. Яке аз механизмҳои муҳимми нав, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохторҳои марбут ба ҳифзи кӯдак мебошад. Яъне, дар ҳолатҳои зӯроварӣ, табъиз, бепарасторӣ ё дигар мушкилоти иҷтимоӣ, мактаб, оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллӣ ва хадамоти иҷтимоӣ бояд якҷоя амал намоянд. Ин равиш ба ошкорсозии фаврии мушкилот ва ҳалли самараноки онҳо мусоидат мекунад. Инчунин, барнома иштироки фаъоли худи кӯдаконро дар қабули қарорҳои вобаста ба ҳаёти мактабӣ ва ҷамъиятӣ дастгирӣ менамояд. Бо ин роҳ эҳсоси масъулият, фарҳанги ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии онҳо ташаккул меёбад. – Имрӯз ба талбандагӣ ва меҳнати иҷборӣ ҷалб шудани кӯдакон масъалаи доғи рӯз гаштааст. Ин падида аз нигоҳи ҳуқуқӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад ва оё амалишавии барнома метавонад ба чунин қонуншиканиҳо хотима бахшад? – Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба талбандагӣ ва меҳнати иҷборӣ ҷалб гардидани кӯдакон мебошад. Ин падида на танҳо мушкилоти иҷтимоӣ, балки вайронкунии ҷиддии ҳуқуқҳои кӯдак низ ба ҳисоб меравад. Кӯдаконе, ки ба талбандагӣ ва кори номувофиқ ба синну сол ҷалб мешаванд, аз имконияти таҳсил, рушди ҷисмонию маънавӣ, фароғат ва зиндагии шоиста маҳрум гардида, дар муҳити хатарнок қарор мегиранд. Чунин ҳолат метавонад ба саломатӣ, руҳия ва ояндаи онҳо таъсири манфии дарозмуддат расонад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, ҷалби кӯдакон ба талбандагӣ ва меҳнати номувофиқ ҳамчун шакли истисмори кӯдак арзёбӣ мешавад. Мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад, аз ҳама гуна шаклҳои истисмори иқтисодӣ, зӯроварӣ ва муносибати таҳқиромез ҳифз карда шавад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи кӯдакро ба зиндагии арзанда, таҳсил, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди ҳамаҷониба кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, истифодаи кӯдак барои ба даст овардани маблағ тавассути талбандагӣ ва дигар роҳҳои номатлуб амали ғайриқонунӣ ва мухолифи манфиату бехатарии ӯ мебошад. Сабабҳои асосии паҳншавии ин падида метавонанд камбизоатии баъзе оилаҳо, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии волидон, муҳоҷирати меҳнатӣ, беназорат мондани кӯдакон ва мушкилоти иҷтимоӣ бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо худи волидон ё шахсони дигар кӯдаконро маҷбур мекунанд, ки ба ин гуна корҳо машғул шаванд, ки ин ҳолат масъулияти ҳуқуқиро ба миён меорад. Дар ин замина, «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» дар коҳиш додан ва пешгирии чунин қонуншиканиҳо нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад, дар он як қатор тадбирҳо, аз қабили тақвияти низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кӯдакон, пешгирии ҳама гуна шаклҳои истисмор ва меҳнати иҷбории кӯдакон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии волидон ва ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир, ҷалби кӯдакон ба таҳсил ва фарогирии онҳо ба муассисаҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкории мактаб, оила, мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ошкорсозӣ ва назорати барвақтии ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои кӯдак пешбинӣ шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки танҳо қабули барнома барои пурра аз байн бурдани ин падида кофӣ нест. Самаранокии он, тавре дар боло қайд кардем, аз иҷрои босифати тадбирҳои пешбинишуда, фаъолияти масъулонаи мақомоти давлатӣ, иштироки фаъоли ҷомеа, масъулияти волидон ва баланд гардидани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобаста аст. – Шумо татбиқи ин барномаро барои ояндаи кӯдакони Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва кадом натиҷаҳои мушаххасро то соли 2030 интизоред? – «Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» яке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии фарогир дар самти дастгирии ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, ки бори аввал қабул шудааст ва бо боварӣ гуфта метавон, амалисозии он давра ба давра ба натиҷаҳои пешбинишуда хоҳад расонд. То соли 2030, яъне, дар давраи амалисозии барнома интизор меравад, ки қонунгузории миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак боз ҳам такмил меёбад, низоми васояту парасторӣ муосир мегардад, махзани ягонаи маълумот оид ба кӯдакони осебпазир таъсис дода мешавад, хидматрасониҳои иҷтимоӣ васеъ мегарданд, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд мешавад, ҳолатҳои зӯроварӣ, меҳнати иҷбории кӯдак ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо коҳиш меёбанд, иштироки кӯдакон дар қабули қарорҳои ба онҳо марбут бештар таъмин мегардад. Муҳимтар аз ҳама, татбиқи ин барнома барои ташаккули насли солим, босавод, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ заминаи устувор хоҳад гузошт. – Ташаккур барои суҳбат. – Саломат бошед. Мусоҳиб Шаҳноза БОБОМУРОДОВА, «Омӯзгор»
7
15.06.2026 -
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад. 2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад. 3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 15 июни соли 2026 №1184
12
15.06.2026 -
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЗАБОНИ ЧИНӢ + МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН Аз 29 май то 11 июни соли 2026 намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шеняни музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар семинари байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони “Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ” иштирок намуданд. Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи модели таълимии забони чинӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи маорифи ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар доираи барномаи таълимии семинар иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иштирок намуда, доир ба низоми муосири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, сиёсати давлатӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, таҷрибаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои мутобиқ намудани омӯзиши забон ба талаботи бозори меҳнат маълумоти муфассал гирифтанд. Ҳамзамон, мавзуъҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла «Забони чинӣ + тиб», «Забони чинӣ + тиҷорат», «Забони чинӣ + хизматрасонии сайёҳӣ», «Забони чинӣ + кишоварзӣ», «Забони чинӣ + саноати хӯрокворӣ» ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо усулҳои навини таълим, технологияҳои муосири омӯзишӣ ва таҷрибаи муассисаҳои пешрафтаи таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, доир ба татбиқи онҳо дар раванди таълим мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин замина, ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи ҷанубу ғарбии хоҷагии ҷангал дар шаҳри Кунмин дидан намуда, бо таҷрибаи омода намудани мутахассисон дар бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва низоми ҳамгироии илм бо истеҳсолот шинос шуданд. Инчунин, иштирокчиён ба деҳаи Фубао ташриф оварда, бо натиҷаҳои татбиқи барномаҳои рушди деҳот, эҳёи маҳалҳои аҳолинишин, рушди соҳибкории деҳот ва таҷрибаи идоракунии маҳаллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни боздид таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар идомаи барномаи таҷрибаомӯзӣ ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи Дали боздид намуда, бо дастовардҳои илмӣ дар самти экологияи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди устувори деҳот ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ шинос гардид. Ҳамчунин, дар Коллеҷи касбӣ-техникии Литзян иштирокчиён бо модели муосири ташкили таҳсилоти касбӣ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши истеҳсолот ва таҷрибаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ошно шуданд. Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ намояндагони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кунмин, Дали ва Литзян боздид намуда, бо таъриху фарҳанг, тамаддун, мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин шиносоӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, боздид аз Осорхонаи геологии «Ҷангали сангӣ», шаҳри қадимаи Дали, шаҳри қадимаи Литзян, Қасри императории Шенян, кӯчаи машҳури Чжунзе ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ барои амиқтар дарк намудани фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми Чин мусоидат намуд. Ҳамзамон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи семинари омӯзишӣ дар Конференсияи байналмилалии бародаршаҳрҳои музофоти Ляонин ва Форуми байналмилалии ректорони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таҳсилоти касбӣ ва табодули академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамчунин, иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба фарҳанги чойи чинӣ, санъати хаттотӣ, мусиқӣ ва операи суннатии чинӣ иштирок намуда, бо арзишҳои фарҳангии ин кишвар аз наздик ошно гардиданд. Қобили зикр аст, ки семинари байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» барои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам овард. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
21
12.06.2026