16.02.2026
Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Усули мактаб ба мактаб” бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон муҳтарам Зиёдулло Абдулзода дар муассисаи таълимии №34-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини соҳаи иҷтимоии раиси ноҳия, мудири маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарони толибилмон ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки давоми рӯз гурӯҳҳои корӣ фаъолияти муассисаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, дар назди падару модарон вобаста ба ҳолати ҷойдошта ҳисобот доданд. Гурӯҳи корӣ ҷиҳати фаъолият ва кам будани дастовардҳои муассисаи таълимӣ изҳори нигаронӣ кард.
Зимни суханронӣ Зиёдулло Абдулзода доир ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф андешаронӣ намуд. Ҳамчунин, мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуда, зарурати таҳкими ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таълим, аз ҷумла риояи таъмини либоси ягонаи мактабӣ, таъмин будани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш, назорати давомот ва рӯзномадорӣ, иштироки фаъолонаи толибилмон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва фаъол гардонидани падару модарон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” равона гардида, ҷиҳати беҳтар намудани шароити китобхонаҳои муассисавию ҷамоавӣ ва истифодаи китобҳои электронӣ ибрози назар карда шуд. ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР
Ҳамзамон, масъалаҳои эмин нигоҳ доштани насли наврас аз ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки татбиқи “Усули мактаб ба мактаб” бо дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аз амалӣ гардида, ба иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона шудааст.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон инчунин аз дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ёдовар шуда, зарурати баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва падару модаронро ҷиҳати бе