05.08.2026
Рӯзҳои 4-5 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» бо иштироки 20 нафар омӯзгор семинарҳои омӯзишӣ дар самти таҳсилоти рақамӣ баргузор гардиданд.
Омӯзишҳо бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея дар доираи татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуми байни ҷонибҳо, ки 24 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ташкил карда шуданд.
Маросими ифтитоҳи семинарҳоро намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, аҳаммияти ҳамкории Тоҷикистону Кореяро дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки ҳамкории мазкур барои табодули таҷрибаи пешқадам, азхудкунии усулҳои муосири таълим, рушди малакаҳои рақамии омӯзгорон ва истифодаи самараноки воситаҳои технологӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Машғулиятҳоро мутахассисону омӯзгорони Ҷумҳурии Корея баргузор намуда, ба иштирокчиён доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълим, барномасозӣ, воситаҳои муосири EduTech, имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва усулҳои инноватсионии ташкили дарс маълумоти назариявию амалӣ пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни семинарҳо иштирокчиён бо таҷрибаи низоми маорифи Ҷумҳурии Корея дар самти рақамикунонии раванди таълим шинос гардида, роҳҳои истифодаи технологияҳои навин, таҳияи машғулиятҳои интерактивӣ ва баланд бардоштани самаранокии таълимро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки моҳи августи соли 2025 дар доираи ҳамин ҳамкорӣ 30 нафар омӯзгор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзишҳои байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея иштирок намуда буданд. Баргузории семинарҳои навбатӣ дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии ин ташаббус ва қадами муҳим дар самти густариши татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум ба ҳисоб меравад.
Интизор меравад, ки омӯзгорони иштирокчӣ дониш ва малакаҳои андӯхтаи худро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ истифода намуда, таҷрибаи ҳосилшударо миёни ҳамкасбон паҳн намоянд ва дар рушди муҳити муосири рақамии муассисаҳои таълимии кишвар саҳм гузоранд.
Ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Идораи маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани омӯзгорон ба талаботи замони рақамӣ мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон