05.08.2026
5 августи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷаласаи корӣ таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илм, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа мебошанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба соли нави таҳсил, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён пас аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ, таҷдиди Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, омода намудани омӯзгорони самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, таъсиси ихтисосҳо дар самти зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва низоми дуалии таҳсил, рушди аккредитатсияи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби донорҳо, тарбияи идеологӣ, татбиқи барномаҳои фарҳангӣ, инчунин иҷрои қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2026, №10 «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо то охири сол» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён бо омодагии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои оғози курсҳои такмили ихтисос шинос гардида, аз синфхонаҳо ва маҷмӯи маводи таълимӣ боздид намуданд. Зикр гардид, ки тамоми маводи таълимӣ мутобиқ ба талаботи муосир таҳия гардида, ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам чопӣ омода мебошад.
Ректори донишкада Н. Мирзозода зимни муаррифии маҷмӯи маводи таълимӣ иброз дошт, ки аз 10 августи соли 2026 курсҳои такмили ихтисос бо истифода аз низоми модулӣ оғоз гардида, барои ҳамаи шунавандагон маводи таълимӣ пешакӣ омода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Донишкада ва филиалҳои он барои қабули шунавандагон пурра омода буда, таҷрибаи ҷорӣ намудани таҳсилоти ба салоҳият асосёфтаро минбаъд низ густариш хоҳанд дод.
Дар анҷоми ҷаласа ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда, таъмини омодагии босифат ба соли нави таҳсил ва татбиқи пурраи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат супоришҳои мушаххас дода шуданд.