13.05.2026

 img

Имрӯз, 13 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Данғара маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок намуданд.

 

Нахуст, ректори донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ намуда, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар кард. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Данғара дар самти омодасозии кадрҳои соҳибтахассуси омӯзгорӣ саҳми назаррас дошта, барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ҷавон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.

 

Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва нақши омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд.

 

Зикр гардид, ки соли равон 104 нафар донишгоҳро аз рӯйи равияи омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки аз ин теъдод 17 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуданд.

 

Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img
  • ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ - ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ Имрӯз (13.05.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати баланд бардоштани шуури ахлоқию ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.   Ҳамоиши мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баргузор шуда, ба масъалаҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон бахшида шуд.   Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ гӯшаҳои махсуси китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони Донишгоҳ, дастовардҳои Маркази биотехнологияи Донишгоҳ, Парки технологии Донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ ва дигар сохторҳои Донишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шуданд.   Сипас ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ 35-солагии Истиқлолро муҳимтарин дастоварди давлату миллати тоҷик арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити соҳибистиқлолии кишвар барои рушди маънавию сиёсӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дорад.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсози Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид намуда, нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.   Зикр гардид, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ва наврасон, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои рушду пешрафти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Қайд карда шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ омили муҳимми баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мебошад.   Чорабинӣ дар заминаи татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 баргузор гардида, дар он олимону муҳаққиқон, намояндагони вазорату идораҳо, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.   Дар идомаи ҳамоиш роҳбарону намояндагони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Нурулло Қурбонализода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Саодатшо Матробиён, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Умеда Абдуллозода, раиси Шурои ректорони Муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Зоир Раҳмонзода, афсари калони раёсат оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Тоҳир Искандарзода, муовини якуми сардори раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, доир ба масъалаҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбу ҳунарманд андешаронӣ карданд.   Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. «Ватандӯстӣ – маънои дӯст доштани Ватан-Модар, муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад».   Ҳамзамон аз ҷавонону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоии кишвар ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва таҳкими зиракии сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ муттаҳид бошанд.   Дар фарҷом донишҷӯёни Донишгоҳ аз асари безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуда, руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллиро дар фазои ҳамоиш тақвият бахшиданд.

    17

    13.05.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ – ФАРОҒАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ «БАЗМИ ҶАВОНӢ» ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН Бо ибтикори Донишкадаи тарбия ҷисмонӣ ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шокирзода ва ректори донишкада А. Иброҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.   Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.   Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.

    20

    13.05.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» 13 майи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, завқи китобхонӣ, нерӯи зеҳнӣ ва дарёфти чеҳраҳои болаёқати наврасону ҷавонони китобхону китобдӯст, даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии озмун муовини раиси ноҳия З.Зуҳурзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва омӯзгорону волидайн иштирок намуданд.   Зимни баромади З.Зуҳурзода таъкид гардид, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, кашфи истеъдодҳои нав, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти донишу ҷаҳонбинии тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мебошад. Иштирокчиён на танҳо китоб мехонанд, балки онҳоро таҳлил ва баррасӣ мекунанд, фикрҳои худро баён менамоянд ва маҳорати суханварии худро сайқал медиҳанд.   Қайд карда шуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар тарбияи насли худогоҳу донишманд нақши муассир мегузорад.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои муайяншуда байни ҳам рақобати зеҳнӣ намуда, сатҳи дониш, малака ва маҳорати худро ба намоиш гузоштанд.   Боварӣ аст, ки ғолибони даври ноҳиявӣ дар даврҳои минбаъда низ фаъолона иштирок намуда, шарафи ноҳияро дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳимоя хоҳанд кард

    14

    13.05.2026