27.02.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори GIZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Ветсел ва роҳбари лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) Удо Фолкерс иштирок намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои ҳамкориҳои чандинсоларо мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои рушди минбаъдаи шарикиро муайян намуданд. Муовини якуми вазир ҳамкории Вазорати маориф ва илмро бо GIZ самти муҳимми стратегӣ дар раванди ислоҳот ва навсозии низоми маориф, бахусус таҳсилоти касбӣ арзёбӣ карда, саҳми ин ташкилотро дар рушди сармояи инсонӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат баланд арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки яке аз намунаҳои барҷастаи ҳамкории судманд татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (РЕСА) мебошад, ки дар солҳои 2011-2025 амалӣ гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа стандартҳо ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия ва ҷорӣ шуда, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ такмил дода шуд, иқтидори омӯзгорон тақвият ёфт ва робитаи таълими назариявӣ бо амалия, аз ҷумла тавассути рушди таҳсилоти дуалӣ дар самти логистика, таҳким бахшида шуд. Ин иқдомҳо имконият фароҳам оварданд, ки хатмкунандагон рақобатпазир ва мутобиқ ба талаботи иқтисоди миллӣ омода гарданд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо ба муассисаҳои таълимӣ таҷҳизоти муосир ва техникаи компютерӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмоишгоҳи саноати хӯрокворӣ бо таҷҳизоти пешрафта таъсис ёфт, ки ба донишҷӯён шароити мусоид барои аз худ намудани малакаҳои амалӣ дар сатҳи муосир фароҳам меорад. Инчунин, Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, заминаи мусоид барои рақамикунонии соҳаи илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ фароҳам оварда шуд, ки барои рушди иқтидори илмии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Дар идомаи мулоқот масъалаи татбиқи лоиҳаи «Маҳорати касбии сабз барои Осиёи Марказӣ» (PROGRESS) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» омодасозии кадрҳои соҳибихтисос ва дорои салоҳиятҳои муосир аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки ҳамкорӣ дар ин самт ба ворид намудани унсурҳои иқтисоди «сабз» ба барномаҳои таълимӣ, ташаккули фарҳанги экологӣ дар миёни донишҷӯён ва таҳкими ҳамкорӣ бо корфармоёни бахши «сабз» равона гардидааст.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо, аз ҷумла тавсеаи ташаббусҳои «сабз» дар дигар бахшҳои иқтисод ва рақамикунонии низоми таҳсилот, изҳор намуда, ба роҳбарияти GIZ барои дастгирии пайваста ва саҳми арзанда дар рушди инфрасохтори таълимӣ изҳори сипос карданд.

 

  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ҶАМЪИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛМОН (GIZ) img
  • ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО ҶАМЪИЯТИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛМОН (GIZ) img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ 12 СОЛАИ ТАҲСИЛ ТАҚОЗОИ ЗАМОН Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно  зикр намуд, ки  ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар аз он иборат аст, ки масъалаи  ҷорӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат яъне, гузариш ба таҳсилоти 12  сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад. Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 солаи таълим  бояд  равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума зимни баромади хеш зикр намуд, ки гузариш ба  низоми 12 солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд. Вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Асадулло,   Саидзода Муҳаммадтоир   – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Равшан – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар назди ҳозирин бо гузоришу маърузаҳо баромад намуданд.  

    16

    27.02.2026
  •  img
    РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва намояндагони муассисаҳои илмиву таҳсилоти олии кишварро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронї ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шуданд. Қайд гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати миллӣ, ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуданд. Аз ҷумла, соҳаи саноат чун муҳаррики иқтисоди миллӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротӣ нақши калидӣ мебозад. Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан вобаста ба сиёсати иқтисодии давлат ва аҳаммияти рушди индустриалӣ-аграрӣ маъруза ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир, васеъ намудани самтҳои истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардидааст. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои иқтисодӣ, рушди ҳамоҳанги бахшҳои саноат ва кишоварзӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, иқтисоди сабз ва рушди иқтисоди рақамӣ, барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад. Сипас, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирпочоев Далерҷон дар мавзуи «Экосистемаи саноатӣ ҳамчун механизми институтсионалии рушди саноатӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Алиҷонов Ҷамшед дар мавзуи «Заминаҳои назариявии татбиқи рушди индустриалӣ-аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ҷанбаҳои илмӣ ва методологии рушди мутаносиби бахшҳои саноат ва кишоварзиро шарҳ доданд. Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки натиҷаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои назариявию амалии ироагардида метавонанд барои таҳкими ҳамгироии илм бо истеҳсолот, такмили сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рушди индустриалӣ-аграрии кишвар заминаи мусоид фароҳам оваранд. Конференсия нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо кори худро идома хоҳад дод. Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки маводи конференсия ба шакли маҷмуа чоп ва дастраси иштирокдорони конференсия гардид.  

    17

    27.02.2026
  •  img
    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ «ЭФЕКТА»-И БРИТАНИЯИ КАБИР 25 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо намояндаи ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир ҷаноби Петер Бургман баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ёддошти тафоҳум, ки 24 феврали соли ҷорӣ миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта» ба имзо расида буд, мавриди баррасии муфассал қарор гирифт. Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки аҳаммияти ин санад пеш аз ҳама дар таҳкими иқтидори кадрии соҳа, густариши имкониятҳои рушди касбии омӯзгорон ва фароҳам овардани дастрасӣ ба захираҳои муосири рақамии таълимӣ ифода меёбад. Қайд гардид, ки татбиқи платформаи рақамии ширкати «Эфекта», ки дорои муҳтавои фарогири интерактивӣ, маводи гуногуни видеоиву аудиоӣ ва маҷмуи васеи машқҳои таълимӣ мебошад, метавонад ба болоравии сатҳи касбии омӯзгорон ва беҳтар гардидани сифати таълими забони англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мусоидат намояд. Тибқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум, лоиҳаи пилотӣ дар 30 рӯзи аввал бақайдгирии 1 000 донишҷӯ ва ҷалби 200 омӯзгорро пешбинӣ менамояд. Зикр шуд, ки иштироки фаъоли омӯзгорон дар раванди санҷишии платформа имконият фароҳам меорад, то самаранокии истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ дар омӯзиши забони англисӣ ба таври амалӣ санҷида шуда, дар асоси натиҷаҳои бадастомада қарорҳои минбаъда қабул гарданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки платформаи мазкур зиёда аз 3 000 соати муҳтавои интерактивӣ, беш аз 20 навъи машқҳо, зиёда аз 500 видеоматериали истисноӣ ва беш аз 10 000 намунаи аудиоиро дар бар мегирад. Чунин иқтидори захиравӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён имкониятҳои нав фароҳам оварда, ба мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Вазири маориф ва илм лоиҳаи мазкурро ҳамчун қадами муҳим дар самти рақамикунонии соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки татбиқи бомуваффақияти марҳилаи пилотӣ метавонад заминаи устувор барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҷорӣ намудани васеътари платформа дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар гардад. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориро муайян намуда, аз ҷумла, ба тадриҷан тавсеа додани доираи фарогирии лоиҳа, ташкили семинару омӯзишҳои муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маҳорати истифодаи платформа, ҳамгироии унсурҳои он ба барномаҳои таълимии миллӣ, ташаккули модели устувори маблағгузории дарозмуддат, инчунин роҳандозии механизми мунтазами ҳисоботдиҳӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муштарак вобаста ба натиҷаҳои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкории судманд бо ширкати «Эфекта» ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, рушди иқтидори зеҳнии омӯзгорон ва таҳкими мавқеи байналмилалии низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    180

    25.02.2026