02.04.2026
Бо ибтикори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бинои Маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон, хонандагону тарбиятгирандагон ва меҳмонон иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оғоз гардида, қайд карда шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор, дӯстиву ҳамдилӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Мувофиқи қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 21 март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, акнун Наврӯз ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҳамзамон, қайд гардид, ки Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукуҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо намуд.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҷалолаш эҳё гашта, ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бошукуҳ таҷлил мешавад.
Чорабинии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06.02.2026, №130 “Дар бораи таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе” роҳандози гардида, баргузории чунин чорабиниҳо дар тарбияи маънавии насли наврас ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим дорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ бо суруду рақсҳои миллӣ, саҳначаҳои ҷолиб ва намоиши анъанаҳои деринаи тоҷикон рангоранг гардид.
Дар доираи чорабинӣ, ҳамчунин намоиши дастовардҳои эҷодӣ ва гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки диққати иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд.