02.04.2026
Дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи сеюми солонаи Гурӯҳи кории Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) оид ба рушди малакаҳо баргузор гардида истодааст, ки дар кори он намояндагони кишварҳои узви барнома, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок доранд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба рушди малакаҳои “сабз”, мутобиқсозии низоми таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, густариши таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти омодасозии кадрҳои рақобатпазир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиён доир ба роҳҳои ҳамгироии малакаҳои экологӣ ба барномаҳои таълимӣ, рушди STEM - таҳсилот ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, табодули афкор намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи баланд муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода намояндагӣ дорад. Зимни суханронии худ муовини вазири маориф ва илм таъкид кард, ки барои Тоҷикистон рушди малакаҳои «сабз» на танҳо як самти нави таълим, балки омили муҳимми таъмини рушди устувор ва муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.
Қайд гардид, ки тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ, кишоварзӣ ва энергетикаи кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад ва дар чунин шароит омодасозии мутахассисоне, ки метавонанд технологияҳои устуворро татбиқ намоянд ва кишоварзии мутобиқ ба иқлимро рушд диҳанд, аҳаммияти хос касб менамояд.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон татбиқи яке аз лоиҳаҳои бузург оғоз гардидааст, ки ба рушди таҳсилоти STEM дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона шудааст. Лоиҳаи мазкур то соли 2030 амалӣ гардида, хонандагони синфҳои 5-11-ро фаро мегирад ва ба ташаккули насли нав бо тафаккури интиқодӣ ва малакаҳои муҳандисиву технологӣ мусоидат менамояд.
Иштирокчиён инчунин ба масъалаи ҷалби бештари духтарон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва техникии STEM таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро омили муҳимми таъмини баробарии имкониятҳо ва рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ карданд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди малакаҳо ва таҳсилоти муосир изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди малакаҳои «сабз» ва таҳсилоти STEM метавонад заминаи устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа гардад.