08.05.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, иштироки хонандагон дар дарсҳо, сатҳи донишандӯзӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.
Зимни шиносоӣ вазири маориф ва илм аз синфхонаҳо, раванди дарсгузаронӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ ва шароити таълиму тарбия дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат анҷом дод.
Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.
Вазир зимни суҳбат бо хонандагон онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳо, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Шоҳномахонӣ» ҳидоят намуд. Зикр гардид, ки ин озмунҳо бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои рушди ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати илмӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, ба хонандагон тавсия дода шуд, ки аз имконияту шароити муҳайёгардида самаранок истифода намуда, дар дарсҳо фаъол бошанд, сару либоси тавсиявии мактабӣ ва низомномаи дохилии муассисаро риоя намоянд, ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, барои интихоби дурусти касб омодагии ҷиддӣ бинанд.
Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон ба онҳо тавсия дода шуд, ки телевизионҳои давлатиро тамошо намуда, аз рӯйдодҳои муҳими кишвар ва ҷаҳон огоҳ бошанд.
Дар рафти боздид вазири маориф ва илм ба масъулини муассисаҳо ва омӯзгорон дастур дод, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарсҳо, омодасозии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим диққати аввалиндараҷа диҳанд. Таъкид гардид, ки роҳбарону омӯзгорон бояд бо масъулияти бештар барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, ташкили муҳити солими таълимӣ ва баланд бардоштани завқи китобхониву донишомӯзии хонандагон тадбирҳои муассир андешанд.
Бояд гуфт, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и шаҳри Хуҷанд 1320 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 62 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, 650 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар муассиса 46 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон