08.05.2026
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла, татбиқи босамари барномаҳои давлатии рушди маориф, махсусан омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳамчун заминаи рушди иқтисоди инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорон ва кадрҳои баландихтисос, густариши равандҳои рақамисозии таҳсилот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳо бо мақсади мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, иҷрои онҳо барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки сифати таълим бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, натиҷаҳои илмӣ ва инноватсионии донишгоҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ нақши бештар дошта бошанд.
Раиси Шурои ректорон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро дар рушди низоми таҳсилоти олӣ таъкид кард.
Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлил қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Ш. Асомиддинзода доир ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳисобот пешниҳод намуда, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро шарҳ дод.
Ҳамзамон, масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» ва натиҷагирӣ аз марҳилаи миёнамуҳлати солҳои 2021–2025 баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ М. Сафарзода таҳлили муфассал пешниҳод намуда, зарурати тақвияти корҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқро таъкид кард.
Дар қисмати дигари ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М. Набизода дар мавзуи «Мониторинг ва арзёбии сифати таълим дар асоси татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф» баромад намуда, зарурати ҷорӣ намудани низоми ягонаи арзёбии сифати таҳсилотро таъкид кард.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳкими пойгоҳи илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҷаласа дар фазои ҳамкории созанда ва масъулияти баланди касбӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон