08.08.2026
Бо мақсади иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои котибони масъули комиссияҳои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Семинарҳои мазкур аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - А. Раҳмонзода, сардори раёсати илм ва инноватсия ва Қ. Фатҳуллозода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ гузаронида шуданд.
Ҳадафи асосии баргузории семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, такмили малакаи кор бо Портали электронии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таъмини дурусту шаффофи раванди бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун мебошад.
Дар ҷараёни семинарҳо ба иштирокчиён тартиби бақайдгирии довталабон, ворид намудани маълумот, қабулу санҷиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои Портали электронӣ ва талаботи марбут ба ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамчунин, ба директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба дуруст ва сари вақт ворид намудани маълумот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирии хатогиҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва масъулияти шахсони масъул ҳангоми кор бо Портали электронӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.
Дар доираи семинарҳо масъалаҳои вобаста ба роҳандозии дурусти раванди қабули ҳуҷҷатҳо, санҷиши маълумоти воридшаванда ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои қабул мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд таъкид намуд, ки ба ҳар як шаҳру ноҳия се нусхагӣ Дастури раҳнамо оид ба омодагии довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тариқи ройгон дастрас карда шуд.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, таъмини шаффофият ва сифатнокии раванди бақайдгирӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки васеи хонандагони болаёқат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми семинарҳо таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ баргузор намудани даври сеюми озмун, дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои рушди қобилиятҳои зеҳнии онҳо, ҳамоҳангии фаъолияти масъулони соҳаи маориф ва Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як шахси масъул вазифадор аст, ки ба раванди омодагӣ, бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории довталабон бо масъулияти баланд муносибат намояд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон