08.08.2026

 img

9 августи соли 2026 дар Боғи фарҳангии «Куруши Кабир» бо ташаббуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов фаъолона иштирок намуда, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва фарҳангӣ дар баргузории он саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 

Ҳамзамон, иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён дар чунин чорабиниҳо барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муаррифии фарҳанги миллӣ миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи нақшаҳои тасдиқгардида яке аз воситаҳои муҳимми тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИИ «КУРУШИ КАБИР» img
  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИИ «КУРУШИ КАБИР» img
  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИИ «КУРУШИ КАБИР» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШИЮ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ТАРТИБИ КОР БО ПОРТАЛИ ЭЛЕКТРОНИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» Бо мақсади иҷрои талаботи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950 ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои котибони масъули комиссияҳои қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.   Семинарҳои мазкур аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - А. Раҳмонзода, сардори раёсати илм ва инноватсия ва Қ. Фатҳуллозода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ гузаронида шуданд.   Ҳадафи асосии баргузории семинарҳои омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, такмили малакаи кор бо Портали электронии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таъмини дурусту шаффофи раванди бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун мебошад.   Дар ҷараёни семинарҳо ба иштирокчиён тартиби бақайдгирии довталабон, ворид намудани маълумот, қабулу санҷиши ҳуҷҷатҳои зарурӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои Портали электронӣ ва талаботи марбут ба ҳуҷҷатгузории иштирокчиёни озмун ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.   Ҳамчунин, ба директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо оид ба дуруст ва сари вақт ворид намудани маълумот, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, пешгирии хатогиҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва масъулияти шахсони масъул ҳангоми кор бо Портали электронӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид.   Дар доираи семинарҳо масъалаҳои вобаста ба роҳандозии дурусти раванди қабули ҳуҷҷатҳо, санҷиши маълумоти воридшаванда ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои қабул мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Бояд таъкид намуд, ки ба ҳар як шаҳру ноҳия се нусхагӣ Дастури раҳнамо оид ба омодагии довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тариқи ройгон дастрас карда шуд.   Баргузории чунин семинарҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии масъулон, таъмини шаффофият ва сифатнокии раванди бақайдгирӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки васеи хонандагони болаёқат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба ҳисоб меравад.   Дар фарҷоми семинарҳо таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва омодагӣ баргузор намудани даври сеюми озмун, дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои рушди қобилиятҳои зеҳнии онҳо, ҳамоҳангии фаъолияти масъулони соҳаи маориф ва Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аҳаммияти муҳим дорад. Ҳар як шахси масъул вазифадор аст, ки ба раванди омодагӣ, бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории довталабон бо масъулияти баланд муносибат намояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    08.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангии «Устод Рӯдакӣ» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.   Чорабинӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву маънавии миллӣ ва фароҳам овардани фазои солими фарҳангиву фароғатӣ барои устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор шуд.   Дар чорабинӣ роҳбарияти донишгоҳ, устодону кормандон, донишҷӯён ва дастаи ҳаваскорон иштирок намуда, барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин гардониданд.   Дар доираи барнома суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва дигар намоишҳои фарҳангӣ иҷро гардида, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ васф карда шуданд.   Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик нақши муҳим дошта, барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

    13

    08.08.2026
  •  img
    ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: вазъ, мушкилот ва дурнамо МЕТАЛЛУРГИЯ ВА РУШДИ САНОАТ   Дар доираи ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне, саноатикунонии босуръат, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ суръати бештар гирифтааст. Дар ин самт соҳаи металлургия мавқеи калидӣ дорад, зеро маҳз он занҷираи пайвасткунандаи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда мебошад.   Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони тилло, нуқра, сурма, сурб, руҳ, ангишт, волфрам ва дигар маъдану металлҳо аст. Самаранок истифода кардани ин имконот, пеш аз ҳама, аз сатҳи дониш, малака, таҷриба ва касбияти мутахассисоне вобаста аст, ки дар тамоми марҳалаҳои истихроҷ ва коркарду истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ фаъолият мекунанд.   Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 дар бахши саноати кӯҳӣ ба маблағи зиёда аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, афзоиши истеҳсол асосан аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои металлӣ, ки 36 фоиз зиёд шудааст, таъмин гардидааст.   Мувофиқи маълумот, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3972 корхона ва сехи истеҳсолӣ фаъолият дошта, ин шумора 362 корхона ба бахши саноати кӯҳӣ ва 3437 корхона ба саноати коркард тааллуқ доранд.   МУТОБИҚАТИ ТАҲСИЛ БА БОЗОРИ МЕҲНАТ   Масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси металлургӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Маркази асосии тайёр кардани чунин мутахассисон дар кишвар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мебошанд.   Соли 2024 факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ таъсис дода шудааст.   Мутобиқи маълумоти Ҷамшед Раҳимзода, сардори раёсати таълими донишгоҳ, айни замон дар сохтори факултет 13 ихтисос барои қабули донишҷӯён аз рӯйи 9 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Дар соли таҳсили 2025-2026 самтҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, бойгардонии канданиҳои фоиданок, биотехнология, инчунин, химия ва фаъолияти илмию истеҳсолӣ дар металлургия роҳандозӣ гардиданд.   Ҳамзамон, ба донишҷӯёни ин ришта 26 нафар омӯзгор дарс мегӯяд, ки ҳамаи онҳо дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд.   Бо вуҷуди ин, рушди босуръати истеҳсолот ва ҷорӣ гардидани технологияҳои нав нишон медиҳад, ки имрӯз корхонаҳо ба муҳандисоне ниёз доранд, ки дар баробари донишҳои назариявӣ, ҳамзамон, малакаи кор бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои рақамӣ, сис­темаҳои автоматиконидашуда ва талаботи байналмилалии истеҳсолиро низ дошта бошанд. Аз ин рӯ, донишгоҳҳоро зарур аст, ки барои мутобиқ шудан ба талаботи замон барномаҳои таълимиро такмил дода, ҳамкориҳоро бо донишгоҳҳои хориҷа густариш диҳанд.   Нақшаи қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои металлургӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ 629 ҷой буда, соли ҷорӣ ҳамагӣ онро 42 нафар хатм кардааст, ки ин нишондод хеле паст мебошад.   Масъалаи мутобиқ намудани таҳсил ба эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ низ танзим шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омода намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», ки соли 2021 қабул гардид, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, корфармоён ва мақомоти давлатӣ дар омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиётро пешбинӣ менамояд.   Дар баробари ин, таҳқиқоти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) оид ба арзёбии талабот ба мутахассисон дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон нишон медиҳад, ки металлургия яке аз соҳаҳои дорои талаботи афзоянда ба кадрҳои соҳибихтисос мебошад. Дар ин таҳқиқот ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавсия шудааст, ки барномаҳои таълимиро бо дарназардошти талаботи воқеии корфармоён таҷдид намоянд.   Такмили низоми омодасозии кадрҳои металлургӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа бошад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва рушди технологияҳои муосир таҷдид карда шаванд. Ҳамзамон, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, навсозии пойгоҳи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва ҷалби бештари довталабон метавонанд сатҳи омодагии донишҷӯёнро ба талаботи истеҳсолоти воқеӣ наздик созанд. Дар баробари ин, густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои металлургӣ, зиёд намудани муҳлати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ҷалби мутахассисони касбӣ ва иштироки корфармоён дар таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо аҳаммияти калон дорад.   Ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили мунтазами ихтисоси омӯзгорон, тавсеаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони англисӣ ва дастгирии ҷавонони болаёқат тавассути стипендияҳо, грантҳои соҳавӣ ва барномаҳои академӣ метавонанд барои ташаккули насли нави муҳандисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оваранд.   Тибқи иттилои масъулин, ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар ин самт бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад.   ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ   Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди соҳаи металлургия, пеш аз ҳама, ба сифати омодасозии кадрҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, дар аксари давлатҳое, ки соҳиби саноати пуриқтидори металлургӣ мебошанд, низоми таҳсилоти муҳандисӣ ба ҳамкории зичи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ асос ёфтааст. Бояд гуфт, ки ҳамгироӣ ва табодули таҷриба имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳанӯз дар давраи таҳсил бо муҳити воқеии истеҳсолот шинос шуда, малакаҳои касбии худро такмил диҳанд.   Яке аз намунаҳои муваффақ дар ин ҷода Олмон ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар низоми таҳсилоти дуалӣ (Dual Study) васеъ татбиқ гардидааст. Мувофиқи ин низом, донишҷӯён, ҳамзамон, дар донишгоҳ таҳсил намуда, қисми зиёди вақти худро дар корхонаҳои истеҳсолӣ сипарӣ мекунанд. Дар ин сурат, донишҳои назариявӣ бевосита дар истеҳсолот татбиқ гардида, хатмкунандагон бе мушкилӣ ба фаъолияти касбӣ ворид мешаванд. Дар баробари ин, донишгоҳҳои техникии Олмон, аз ҷумла, Донишгоҳи Дуйсбург-Эссен ва Донишгоҳи техникии Клаустал барномаҳои таълимии худро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои металлургӣ таҳия намуда, ба моделсозии равандҳои металлургӣ, технологияҳои рақамӣ ва коркарди дубораи металлҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.   Дар донишгоҳҳои техникии Қазоқистон барномаҳои таълимии металлургия бо иштироки бевоситаи ширкатҳои бузурги саноатӣ таҳия мешаванд. Корхонаҳо дар таҷдиди барномаҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва ҷалби хатмкунандагони болаёқат ба ҷойи кор саҳми фаъол доранд.   Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин тайёр кардани муҳандисони металлург як қисми сиёсати давлатии рушди саноат ба ҳисоб меравад. Масалан, дар Донишгоҳи илм ва технологияи Пекин (USTB) Маркази давлатии таҳқиқоти металлургияи пешрафта фаъолият мекунад, ки яке аз лабораторияҳои калидии кишвар мебошад. Ба иттилои таҳқиқоти хабаргузории Reuters, имрӯз дар Чин зиёда аз 40 лабораторияи махсусгардонидашуда ва ҳадди ақал 11 донишгоҳу коллеҷи соҳавӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи металлургия ва маъданҳои нодир фаъолият дошта, ҳар сол беш аз 500 донишҷӯ танҳо дар самти муҳандисии маъданҳои нодир таҳсил мекунанд.   Барои Тоҷикистон низ истифодаи чунин таҷриба метавонад дар баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, мутобиқ намудани таҳсил ба талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи соҳаи саноати металлургия нақши муҳим бозад.   ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА   Бо дарназардошти тамоюли рушди саноати кӯҳӣ ва металлургия, метавон гуфт, ки талабот ба муҳандисон ва дигар мутахассисони соҳавӣ дар солҳои наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Тоҷикистон имрӯз аз марҳалаи содироти ашёи хом тадриҷан ба рушди истеҳсолоти саноатии дорои арзиши иловагӣ мегузарад.   Дар баробари рушди истеҳсолот, соҳаи металлургия низ ба марҳалаи нави технологӣ ворид мегардад. Истифодаи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии истеҳсолот, технологияҳои рақамӣ, моделсозии компютерии равандҳои технологӣ, таҳлили маълумоти истеҳсолӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ тадриҷан ба фаъолияти корхонаҳои муосир ворид мешаванд. Аз ин рӯ, муҳандиси металлурги оянда бояд малакаҳои кор бо технологияҳои рақамӣ, барномаҳои муҳандисӣ, таҳлили додаҳо ва стандартҳои байналмилалии истеҳсолиро аз худ намояд.   – Дар таҷрибаи солҳои пеш баъзе корхонаҳои бузург барои омода кардани мутахассисони зарурӣ ба донишгоҳҳо кумак мекарданд. Онҳо таҳсили донишҷӯёнро маблағгузорӣ ва стипендия пешниҳод мекарданд. Баъди хатм мутахассисро ба ҷойи кор қабул менамуданд. Барқарор кардани чунин таҷриба метавонад ба баланд шудани сифати омодасозии кадрҳои металлургӣ мусоидат кунад,-мегӯяд Ҷ. Раҳимзода.   Давлат, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бояд ҳамчун шарикони стратегӣ фаъолият намоянд. Танҳо дар сурати ҳамгироии илм ва истеҳсолот метавон мутахассисони варзидаи соҳаи металлургияро омода кард.   Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Омӯзгор»

    35

    07.08.2026