14.01.2026

 img

14 январи соли 2026 маросими ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ дар соли 2025 бо ҳадафи дастгирии истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани завқи омӯзиши илм миёни хонандагон ва қадрдонии омӯзгорони пешсафи ҳаракати олимпӣ баргузор гардид.

Дар маросим намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ, Вазорати маориф ва илм ва зерсохторҳои он, роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, омӯзгорон, волидайн, наврасону ҷавонони боистеъдод, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода чорабиниро ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони пешсаф тадбирҳои муҳим амалӣ гардидааст. Таъкид шуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихии соли 2025 ин баргузор гаштани нахустин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Хайём - «KhIMIO-2025» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он барои рушди тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани нуфузи низоми таҳсилоти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи мусоид фароҳам овард.

Сипас, ба ду нафар хонандае, ки ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 7 500 сомонӣ ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ба як муассисаи таълимие, ки хонандагонаш дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ супорида карда шуд.

Барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм, мусоидат ба иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси олимпӣ, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпӣ», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти типи нав дар ҳаракати олимпӣ» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ» эълон карда шуданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо мақсади қадрдонии заҳмати омӯзгорон ва тақвияти рушди ҳаракати олимпӣ, 20 нафар омӯзгор барои саҳми назаррас гузоштан дар омода намудани хонандагони соҳибистеъдод бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 21 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Дар фарҷом вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки иштирокдорони олимпиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо дастовардҳои арзандаашон мояи ифтихор буда, заҳмату кӯшишҳои онҳо дар самти рушди илм, боло бурдани сатҳи маърифати зеҳнӣ ва муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қобили таҳсин мебошад.

Ҳамзамон, изҳор дошт, ки Вазорати маориф ва илм минбаъд низ ҷиҳати дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти ҳаракати олимпӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтидори зеҳнии хонандагон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.

 

  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img
  • МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ РАИСИ ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ТУРКМАНИСТОН ТАНГРИГУЛИ АТАХАЛЛИЕВ 4 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон муҳтарам Тангригулӣ Атахаллиевро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пешвои миллат бо қаноатмандӣ ҷараёни рушди мусбати ҳамкории ду кишварро зикр карда, ба имкониятҳои бузург ҷиҳати пешбурди ин раванд дар бахшҳои гуногуни иқтисод, аз ҷумла тиҷорат, саноат, нақлиёт ва ҳамлу нақл, инчунин соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамзамон ба густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ дар самтҳои варзиш ва сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Сарвари давлати мо аҳамияти идомаи кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматиро ҷиҳати таъмини ҳамкории самарабахши ду кишвар дар ин ва дигар самтҳо таъкид карданд. Ҳамчунин доир ба масъалаҳои нигоҳ доштани муколамаи мунтазами байнидавлатӣ оид ба тамоми маҷмуи рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкории зич дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули судманди афкор сурат гирифт.    

    23

    04.03.2026
  •  img
    ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №22 ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ 2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона шудааст. Маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо дарназардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Элдорадо 05” амалӣ гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шудааст.  Фармоишгари иншоот гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад. Бино аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд.  Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муассиса дар масоҳати 1,3 гектар бунёд гардида, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол мебошад. Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоотҳо ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон  

    43

    02.03.2026
  •  img
    ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ 12 СОЛАИ ТАҲСИЛ ТАҚОЗОИ ЗАМОН Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно  зикр намуд, ки  ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар аз он иборат аст, ки масъалаи  ҷорӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат яъне, гузариш ба таҳсилоти 12  сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад. Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 солаи таълим  бояд  равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума зимни баромади хеш зикр намуд, ки гузариш ба  низоми 12 солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд. Вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Асадулло,   Саидзода Муҳаммадтоир   – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Равшан – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар назди ҳозирин бо гузоришу маърузаҳо баромад намуданд.  

    60

    27.02.2026