12.06.2026

 img

Аз 29 май то 11 июни соли 2026 намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Шеняни музофоти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар семинари байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони “Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ” иштирок намуданд.

 

Ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии мутахассисон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти татбиқи модели таълимии забони чинӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи маорифи ду кишвар арзёбӣ гардид.

 

Дар доираи барномаи таълимии семинар иштирокчиён дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иштирок намуда, доир ба низоми муосири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, сиёсати давлатӣ дар самти рушди таҳсилоти касбӣ, таҷрибаи омода намудани кадрҳои баландихтисос ва роҳҳои мутобиқ намудани омӯзиши забон ба талаботи бозори меҳнат маълумоти муфассал гирифтанд.

 

Ҳамзамон, мавзуъҳои муҳимми соҳа, аз ҷумла «Забони чинӣ + тиб», «Забони чинӣ + тиҷорат», «Забони чинӣ + хизматрасонии сайёҳӣ», «Забони чинӣ + кишоварзӣ», «Забони чинӣ + саноати хӯрокворӣ» ва дигар самтҳои афзалиятнок мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо усулҳои навини таълим, технологияҳои муосири омӯзишӣ ва таҷрибаи муассисаҳои пешрафтаи таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, доир ба татбиқи онҳо дар раванди таълим мубодилаи афкор анҷом доданд.

 

Дар ин замина, ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи ҷанубу ғарбии хоҷагии ҷангал дар шаҳри Кунмин дидан намуда, бо таҷрибаи омода намудани мутахассисон дар бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва низоми ҳамгироии илм бо истеҳсолот шинос шуданд.

 

Инчунин, иштирокчиён ба деҳаи Фубао ташриф оварда, бо натиҷаҳои татбиқи барномаҳои рушди деҳот, эҳёи маҳалҳои аҳолинишин, рушди соҳибкории деҳот ва таҷрибаи идоракунии маҳаллӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Зимни боздид таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот ва рушди иқтисоди маҳаллӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

 

Дар идомаи барномаи таҷрибаомӯзӣ ҳайати Тоҷикистон аз Донишгоҳи Дали боздид намуда, бо дастовардҳои илмӣ дар самти экологияи кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди устувори деҳот ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ шинос гардид. Ҳамчунин, дар Коллеҷи касбӣ-техникии Литзян иштирокчиён бо модели муосири ташкили таҳсилоти касбӣ, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо бахши истеҳсолот ва таҷрибаи омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ошно шуданд.

 

Дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ намояндагони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Кунмин, Дали ва Литзян боздид намуда, бо таъриху фарҳанг, тамаддун, мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои мардумии минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин шиносоӣ пайдо карданд. Аз ҷумла, боздид аз Осорхонаи геологии «Ҷангали сангӣ», шаҳри қадимаи Дали, шаҳри қадимаи Литзян, Қасри императории Шенян, кӯчаи машҳури Чжунзе ва дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ барои амиқтар дарк намудани фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми Чин мусоидат намуд.

 

Ҳамзамон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи семинари омӯзишӣ дар Конференсияи байналмилалии бародаршаҳрҳои музофоти Ляонин ва Форуми байналмилалии ректорони донишгоҳҳо иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабиниҳои мазкур масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, таҳсилоти касбӣ ва табодули академӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, намояндагони Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор анҷом доданд.

 

Ҳамчунин, иштирокчиён дар чорабиниҳои фарҳангии бахшида ба фарҳанги чойи чинӣ, санъати хаттотӣ, мусиқӣ ва операи суннатии чинӣ иштирок намуда, бо арзишҳои фарҳангии ин кишвар аз наздик ошно гардиданд.

 

Қобили зикр аст, ки семинари байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» барои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи маориф, таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, рушди таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЗАБОНИ ЧИНӢ + МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЗАБОНИ ЧИНӢ + МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img
  • ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЗАБОНИ ЧИНӢ + МАЛАКАҲОИ КАСБӢ» ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об   Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи сатҳи олӣ барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқот, сиёсати устувор, инчунин ҳалли масъалаҳои глобалии об ва тағйирёбии иқлим, фармон медиҳам: 1. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шавад.   2. Маблағгузории Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.   3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми ду моҳ низомнома ва ҳайати Комиссияи Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обро таҳия ва тасдиқ намояд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 15 июни соли 2026 №1184

    7

    15.06.2026
  •  img
    САИДАЛИЗОДА МАДИНА - ҒОЛИБИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Рӯзҳои 11-12 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир хабар дошта, дар ин самт ҳаракат мекунанд, инчунин, баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид.   Тибқи талаботи Низомномаи Озмун дар даври чорум аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ 1 нафарӣ (5 нафар) иштирок намуданд.   Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ/забони давлатӣ, забон ва адабиёти рус/забони русӣ, физика ва математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин, аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.   Тибқи баҳогузории ҳайати доварони даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и Озмуни «Хонандаи сол» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саидализода Мадина бо касби 94 хол ғолиби даври ҷумҳуриявии Озмуни «Хонандаи сол» эълон гардид.

    7

    14.06.2026
  •  img
    ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ШУРОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲҚИҚОТ ВА МУБОДИЛАИ (IREX) Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъат бахшидани равобити бисёрҷониба, ҷиҳати идомаи иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои созандаву дарозмуддат бо кишварҳои олам ва шарикони байналмилалӣ, 11 июни соли 2026 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маросими имзои Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Шурои байналмилалии таҳқиқот ва мубодила (IREX) баргузор гардид.   Ёддошти тафоҳум аз ҷониби ректори Донишкада Навруз Мирзозода ва Президенти Шурои байналмилалии таҳқиқот ва мубодила (IREX) Александр Дарделӣ ба имзо расонида шуд.   Ҳадафи асосии ин санади ҳамкорӣ рушди муносибатҳои мутақобилан судманд дар самти такмили ихтисос ва рушди касбии омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои инноватсионии таълимӣ, таҳияи мавод ва захираҳои муосири омӯзишӣ, инчунин, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маориф мебошад. Дар маросими баимзорасонӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Завқизода Завқӣ иштирок намуда, аҳаммияти густариши ҳамкориҳои байналмилалиро барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъкид кард.   Ҳамзамон, мулоқоти судманд миёни Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишкада ва роҳбарияти IREX баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи самараноки ёддошти тафоҳум, роҳандозии барномаҳои муштараки омӯзишӣ, таҳкими иқтидори касбии омӯзгорон ва ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки имзои ин санади муҳим марҳилаи нави ҳамкориҳоро оғоз бахшида, барои рушди низоми такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таҳкими робитаҳои байналмилалии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.

    11

    12.06.2026