27.07.2026
Коррупсия яке аз хатарноктарин падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсист, ки балки боиси нобаробарӣ, поймол шудани қонун ва аз байн рафтани эътимоди мардум ба давлат мегардад. Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, мубориза бо ин зуҳуроти харобкор яке аз масъалаҳои калидии сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.
Зарари дигари коррупсия осеби ҷиддӣ ба рушди иқтисодӣ мебошад. Коррупсия муҳити сармоягузориро ноустувор месозад. Аз рӯйи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид, кишварҳое, ки сатҳи коррупсия дар онҳо баланд аст, то 5% маҷмуи маҳсулоти дохилии солонаи худро танҳо ба сабаби талафоти фасод аз даст медиҳанд. Мувофиқи арзёбиҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), ҳамасола дар ҷаҳон то 2 триллион доллар тавассути коррупсия, пулшӯйӣ ва дигар ҷараёнҳои ғайриқонунии молиявӣ аз иқтисоди кишварҳо хориҷ мешавад. Ин маблағ метавонист барои коҳиши камбизоатӣ, рушди маориф, тандурустӣ ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор истифода шавад.
Илова бар ин, коррупсия ба афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Чун қоида, аз ин падида бештар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ – камбизоатон, маъюбон ва ҷавонон зарар мебинанд. Дар натиҷа, фосилаи байни табақаҳои ҷомеа бештар мешавад, адолати иҷтимоӣ заиф мегардад ва эҳсоси ноумедӣ паҳн мешавад.
Аз нигоҳи сиёсӣ, коррупсия шаффофият ва идоракунии муассирро аз байн мебарад. Қарорҳои муҳимми давлатӣ на ба манфиати ҷомеа, балки ба фоидаи гурӯҳҳои алоҳида қабул мегарданд. Ин раванд боиси паст шудани сифати идоракунии давлатӣ ва хизматрасонӣ мегардад. Чунин вазъ метавонад ба буҳрони идоракунӣ ва беэътибор шудани қонунҳо бирасонад. Дар маҷмуъ, коррупсия таҳдиди ҷиддӣ ба пояҳои давлатдорӣ ва суботи иҷтимоӣ аст. Аз ин рӯ, мубориза бо он вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир мубориза бо коррупсияро ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил додааст. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши сатҳи фасод, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, заминаи ҳуқуқӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо коррупсия» таҳким ёфтааст.
Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст, имрӯз ҳамчун санади асосии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия татбиқ мешавад. Дар доираи марҳилаи якуми амалисозии он (солҳои 2021-2025) дар мақомоти давлатӣ нақшаҳои соҳавии зиддикоррупсионӣ таҳия ва иҷро гардида, низоми баҳодиҳӣ ва мониторинги хавфҳои коррупсионӣ такмил ёфт, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз нигоҳи омилҳои коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд, хизматрасониҳои давлатӣ тадриҷан рақамикунонӣ шуда, чораҳои баланд бардоштани шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ густариш ёфтанд. Натиҷаҳои мониторинги марҳилаи аввал нишон медиҳанд, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин самт беҳтар гардида, таваҷҷуҳ ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ, рушди назорати дохилӣ ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия бештар шудааст.
Яке аз қадамҳои муҳимми давлат дар самти пешгирии коррупсия рақамигардонии хизматрасониҳо ва гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ мебошад. Бо татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586, аз 1 августи соли 2023 қабули пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, аз ҷумла андозҳо, боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, маблағи хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо тадриҷан танҳо ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, доираи хизматрасониҳои электронии давлатӣ васеъ гардида, низоми пардохт тавассути бонкҳо, замимаҳои мобилӣ ва воситаҳои электронии пардохт ҷорӣ шуд. Ин тадбирҳо имконияти тамоси мустақими шаҳрванд бо шахсони масъул коҳиш дода, шаффофияти муомилоти молиявӣ, назорати ҳаракати маблағҳо ва пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсиониро тақвият бахшиданд.
Ҳукумат инчунин ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Мавзуи пешгирии коррупсия ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ворид шудааст, дар ВАО маъракаҳои иттилоотӣ ва барномаҳои вижа пахш мегарданд. Бо татбиқи ҷазоҳои қатъӣ нисбати ашхоси қонуншикан ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, Тоҷикистон талош дорад таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳониро ҷорӣ намуда, фазои давлатдориро аз амалҳои фасодкорона пок созад.
Дар роҳи пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаи номатлуб, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калидӣ мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат стратегияҳо ва қонунҳои миллии зиддикоррупсионӣ қабул шудаанд, сохторҳои вижаи назоратӣ таъсис ёфта, сатҳи рақамигардонии хизматрасониҳои давлатӣ зиёд гардидааст. Президенти кишвар борҳо дар суханрониҳои худ таъкид кардааст, ки фасод душмани рақами аввали давлат ва ҷомеа аст ва танҳо бо роҳи ҳамгироии давлату мардум решакан мешавад.
Коррупсия хатарест, ки пояҳои давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиро тахриб мекунад. Таҷрибаи кишварҳои муваффақ нишон медиҳад, ки мубориза бо ин падида танҳо бо қонунҳои сахт, шаффофият дар идоракунӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон имконпазир аст. Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қадамҳои ҷиддӣ дар ин самт гузоштааст. Аз таҳияи қонунгузории пешрафта то рақамигардонии хизматрасониҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа. Аммо натиҷаи воқеӣ танҳо дар сурате ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар мубориза бо коррупсияро на вазифаи давлат, балки қарзи виҷдонии худ донад. Зеро ҷомеае, ки адолат дар он ҳукмфармо аст, метавонад пойдору шукуфон бошад.
Заррина АЛИЗОДА,
сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон