27.07.2026
Дар сиёсати байналмилалии муосир ва назарияи таҳвили низоъҳои сиёсӣ, таҷрибаи дастёбӣ ба суботи дохилидавлатӣ ва табдили минбаъдаи он ба абзори дипломатияи глобалӣ аз ҷумлаи муҳимтарин ва мубрамтарин самтҳои пажуҳиш эътироф мешавад. Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатнома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, на танҳо муваффақияти навбатии дипломатӣ, балки гузариши бунёдии давлат аз мақоми қабулкунандаи сулҳи дохилӣ ба нақши донори глобалии он мебошад. Ин пешниҳоди қабулгардидаи ҷониби Тоҷикистон дар Созмони Милали Мутаҳид аз лиҳози сиёсию ҳуқуқӣ дар шароити буҳрони амиқи сохторҳои амнияти дастҷамъӣ эътирофи байналмилалӣ пайдо намуда, ниёзи ҷомеаи ҷаҳониро ба моделҳои комилан нави созиш ва муколамаи фарогир ба таври институтсионалӣ устувор намуд. Таҳлили маърифатии ин раванд нишон медиҳад, ки ин ташаббус натиҷаи мантиқии стратегияи дарозмуддати давлатдорӣ буда, дар маркази он фалсафаи консенсуси миллии аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии мамлакат таҳиягардида қарор дорад.
–Барои дарки амиқи аҳамияти байналмилалӣ доштани ин қатънома пайгирии гузаштаи таърихии буҳрони сохтории Тоҷикистон зарур аст. Дар охири асри XX, дар заминаи пошхӯрии сохтори дуқутбӣ, ҷумҳурӣ ба гирдоби зиддиятҳои дохилӣ ва геополитикии аз берун таҳмилгардида кашида шуд, ки ин хатари воқеии парокандагии давлатдориро ба вуҷуд овард. Маҷмуи омилҳои дохилӣ ва берунӣ, аз ҷумла фалаҷ шудани сохторҳои қудратӣ, суқути амиқи иқтисодӣ ва дахолати харобкоронаи омилҳои берунӣ ҷумҳуриро дар остонаи фалокати башарӣ қарор доданд. Беш аз як миллион шаҳрванд мақоми гуреза ва муҳоҷири иҷбориро гирифт.
Маҳз дар заминаи сиёсати авфи кулли мухолифини ҳукумат ва консенсус раванди бесобиқаи ба Ватан баргардонидани зиёда аз як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷбории ин ҷанг ва реинтегратсияи комили онҳо ба ҳаёти осоишта муваффақона амалӣ гардид, ки дар таърихи низоъҳои муосири ҷаҳонӣ падидаи камназир аст. Самараи ин сулҳу ваҳдати миллӣ заминаҳои устувори иқтисодиро низ фароҳам овард. Чунончи, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ сатҳи зиндагии аҳолӣ давра ба давра боло бурда шуда, нишондиҳандаи камбизоатӣ аз беш аз 80 фоиз дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба зери 20 фоиз коҳиш дода шуд ва Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ афзоиши устувори чандбаробариро касб намуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуқтаи гардиши таърихӣ табдил ёфта, ба майдон Роҳбари наверо баровард, ки дар асоси барномаи стратегии худ сиёсати шартҳои отифии миллӣ ва авфи умумиро ба роҳ монданд.
Аз нигоҳи илмӣ стратегияе, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраи ҳассос амалӣ карда шуд, ҳамчун модели инноватсионии муттаҳидшавии сиёсӣ тасниф мешавад. Аз ҳамон солҳои пурошӯб то кунун изҳороти таърихии Пешвои миллат дар бораи омодагӣ ба қурбон кардани ҷон ба хотири волоияти сулҳ на танҳо як манифести эҳсосӣ, балки ядрои доктринаи мукаммале маҳсуб мешавад, ки ба барқарории мутақобили эътимод байни ҷонибҳои даргир нигаронида шуда буд. Раванди мураккаби бисёрсолаи музокироти байни тоҷикон (солҳои 1994–1997), ки бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом расид, исбот кард, ки рахнаҳои амиқи иҷтимоию сиёсӣ танҳо тавассути призмаи муколамаи сиёсӣ ва созишҳои дуҷониба ба иҷро расида метавонанд. Ин формулаи сулҳ, ки тақсимоти квотавии ваколатҳои давлатӣ ва реинтегратсияи мухолифинро ба сохторҳои давлатӣ фарогир буд, аз лиҳози илмӣ дар доираи конфликтологияи ҷаҳонӣ ҳамчун самти беназири сулҳоварӣ эътироф гардида, имрӯз дар марказҳои пешрафтаи илмию таҳқиқотии ҷаҳон ба таври муфассал омӯхта мешавад.
Арзиши феноменологии таҷрибаи Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки равишҳои сунатии мактабҳои конфликтологияи ғарбиро, ки усулҳои фишори беруна ва демаркатсияи иҷбориро аз ҳад зиёд бузург нишон медиҳанд, зери савол мегузорад. Зеро аксар созишномаҳои сулҳе, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра таҳти васояти созмонҳои байналмилалӣ ба имзо расидаанд, ба далели набудани пайвандҳои мустаҳками дохилии иҷтимоию равонӣ ва ҳамдилӣ суботи дарозмуддатро ба даст наоварданд. Модели сулҳоварии Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод, ки самаранокии сулҳофарӣ бо сатҳи қонунияти (легитимияти) дохилии равандҳо муайян карда мешавад. Ин равиш, ки дар ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун заминаи илмии «сулҳи соҳибихтиёр» сабт шудааст, чунин тавсиф мешавад: субот наметавонад аз берун ворид ё таҳмил карда шавад, он бояд ҳамчун маҳсули дарки миллат аз масъулияти таърихии худ тавлид ёбад ва пухта гардад.
Имрӯз, ки сайёраро мавҷҳои нави носуботӣ дар Шарқи Наздик, Аврупои Шарқӣ ва минтақаҳои гуногуни Африқо фаро гирифтаанд, аҳамият ва зарурати модели сулҳи Тоҷикистон аёнтар мегардад. Таҳлили омории ҷангҳои муосир аз афзоиши бесобиқаи қурбониён дар байни аҳолии мулкию осоишта ва харобшавии куллии инфрасохтори ҳаётӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба ин таҳдидҳо ташаббуси Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи мустаҳкам кардани сулҳ ҳамчун платформаи глобалӣ барои пешбурди дипломатияи пешгирикунанда маҳсуб мешавад. Яъне давлати Тоҷикистон таҷрибаи таърихии худро дар сатҳи глобалӣ тарҳрезӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ механизмҳои қобили ҳаёти гузариш аз «фарҳанги ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ»-ро пешниҳод менамояд ва таваҷҷуҳро аз вокуниши реактивӣ ба пешгирии стратегии дарозмуддати буҳронҳо равона месозад. Дар ин замина, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанги амнияти минтақавӣ борҳо аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба устувории сиёсӣ ва эҷоди фазои осоишта дар Афғонистон қатъӣ баромад карда, таъсиси ҳукумати фарогир ва рушди иқтисодии ин мамлакатро кафолати амнияти умумии геополитикӣ арзёбӣ намудааст.
Хусусияти институтсионалии қатъномаи мазкури Созмони Милали Муттаҳид дар раванди дарозмуддати даҳсолаи он ва нигариши мақсаднок ба «наслҳои оянда» зоҳир мегардад. Дар чаҳорчӯби ин қатънома категорияи сулҳ аз таърифи танги манфӣ («дурӣ аз ҷанг») ба дарки мусбати сулҳ ҳамчун экосистемаи устувори рушди инсонӣ таҳаввул меёбад.
Қатънома дар сатҳи ҳуқуқӣ ба ҳар давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид имкон медиҳад, ки барномаҳои миллии худро дар самти пешгирии радикализм ва тарбияи таҳаммулпазирӣ бо трендҳои умумиҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд. Дар асл, сухан дар бораи шаклгирии меъмории нави амнияти маънавӣ меравад, ки дар он ҳифзи ҷавонон аз таъсири харобкоронаи иттилоотию идеологӣ дар мадди аввал гузошта шудааст.
Мактаби сулҳоварии Эмомалӣ Раҳмон аён исбот кард, ки сипари асосӣ дар баробари экстремизм на танҳо монеаҳои маъмурию ҳуқуқӣ, балки эҷоди шабакаҳои васеъ барои таҳсил, рушди зеҳнӣ ва воридшавии ҷавонон ба равандҳои созандаи давлатӣ мебошад.
Самти муҳими геосиёсии ин доктрина пайванди ногусастании он бо суботи экологӣ ва заминаи «сулҳи экологӣ» мебошад. Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об, аз ҷумла эълон шудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мустақиман ҷангҳои эҳтимолии ояндаро барои захираҳои табиӣ пешгирӣ мекунанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ панҷ маротиба аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳодҳои глобалии Тоҷикистон оид ба обу иқлим, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Даҳсолаи амалиёти «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» шаҳодати он аст, ки ин ташаббусҳо ба фоидаи миллиардҳо мардуми кураи Замин нигаронида шудаанд. Масалан, ин пешниҳодҳо заминаи институтсионалиро барои дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби ошомиданӣ ва муборизаи муштарак бо обшавии пиряхҳо устувор намуданд. Таъсири амалии ин дипломатия ба сулҳи ҷаҳонӣ дар се ҷанбаи муҳим зоҳир мегардад:
Пешгирии низоъҳои фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ: Ташаббусҳои Тоҷикистон платформаи ягонаи муколамаро барои кишварҳои ҳавзаи Ому ва Сир (Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) ба вуҷуд оварданд. Ин равиш амнияти обиро аз манбаи ихтилоф ба омили ҳамкорӣ ва устувории минтақавӣ табдил дод.
Татбиқи модели «Об барои сулҳ» дар минтақаҳои буҳронии ҷаҳон: Ин қатъномаҳо ҳамчун харитаи роҳ барои ҳалли баҳсҳои обӣ дар ҳавзаҳои бузурги фаромарзии ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Нил (барои Миср, Судон ва Эфиопия) ва дарёҳои Даҷлаву Фуроти Шарқи Наздик истифода мешаванд, ки дар он ҷо танқисии об метавонад ба ҷангҳои хунин оварда расонад.
Кам кардани шумораи «муҳоҷирони экологӣ»: мувофиқи омори байналмилалӣ, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ба сафарбаркунии миллиардҳо доллар сармояи ҷаҳонӣ барои таъмини об дар мамлакатҳои ҳавзаи Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намуданд. Ин қадами ҷиддӣ пеши роҳи кӯчиши иҷбории миллионҳо нафарро, ки барои манобеи об ба низоъҳои дохилӣ ворид мешуданд, гирифта тавонист ва ҳамзамон суботи иҷтимоиро низ таъмин намуд.
Дар шароити тағйирёбии иқлим ва торафт кам шудани оби тозаи ошомиданӣ мудирияти самараноки ҳавзаҳои обии фаромарзӣ ба унсури заминавии амнияти пешгирикунанда табдил меёбад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи обро бо меъмории сулҳи умумӣ пайваст намуда, ба амалияи ҷаҳонӣ ин даркро ворид карданд, ки маҳфузияти инсоният на аз мусобиқаи яроқнокшавӣ, балки аз тақсимоти одилонаи неъматҳои табиӣ ва ҳамбастагии иқлимӣ вобаста аст.
Ҷанбаи дигари амалии ин доктрина дар сиёсати ҳавзавии Тоҷикистон барои кушодани сарҳадҳо ва таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон ва Қирғизистон зоҳир мегардад. Сарфи назар аз мушкилоти мураккаби марзӣ таҳаммулпазирии стратегӣ ва хирадмандии роҳбарияти Тоҷикистон имкон дод, ки абзорҳои дипломатӣ бар низоъҳо ғолиб оянд. Нуқтаи авҷи ин талошҳо вохӯрии сеҷонибаи таърихии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд (31 марти соли 2025) маҳсуб мешавад. Дар ин нишасти сарнавиштсоз, ҷонибҳо «Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се ҷумҳурӣ» ва «Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ»-ро ба имзо расонида, сутуни рамзии нуқтаи пайванди сарҳадҳоро ифтитоҳ намуданд, ки ин қадами ҷиддӣ ва устувору бузурге дар меъмории амнияти Осиёи Марказӣ гардид.
Таҳлили фарҳанги сулҳоварӣ ва ваҳдатсозӣ дар сатҳи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон собит менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи илмию академӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудани номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мукофоти Нобелии сулҳ инъикоскунандаи хости воқеии на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми ҳавзаи васеи мардумони сайёра ва халқҳои аз ҷангҳо зарардидаи ҷаҳон мебошад.
Тамаддуни тоҷикон таърихан дар заминаи ақидаву пешниҳодҳои инсонпарварона, дӯстдории кулли мавҷудоти даҳр, некандешӣ ва фалсафаи таҳаммулпазирӣ, ки дар осори бузургоне, чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон инъикос ёфтаанд, устувор буд. Дар асри XXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин императивҳои классикиро аз сатҳи фалсафаи абстрактӣ ба соҳаи сиёсати воқеӣ интиқол дода тавонистанд. Барои Кумитаи байналмилалии Нобел эътирофи Роҳбаре, ки воқеан аз нестшавии як давлати соҳибихтиёр пешгирӣ карда, онро ба давлати пешниҳодкунандаи ташаббусҳои глобалӣ табдил дод, санади барқарории адолати таърихӣ ва тасдиқи вафодорӣ ба васияти Алфред Нобел мувофиқ хоҳад буд.
Натиҷаҳои ин пажуҳишро ҷамъбаст намуда, метавон хулоса кард, ки дипломатияи сулҳофаринии Тоҷикистон ҳамчун парадигмаи универсалии сиёсӣ шакл гирифта, дар ин замина қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид барои давраи солҳои 2027–2036 ҳамчун харитаи роҳи стратегӣ барои эҷоди эътимоди бисёрқутбӣ хидмат мекунад. Эътирофи ин хизматҳо дар сатҳи олии байналмилалӣ ва пешниҳоди сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақоми Лауреати Мукофоти Нобелии сулҳ як амри аз қалби миллиардҳо буруномадаи қавӣ барои мамлакатҳое хоҳад буд, ки дар маркази ҷангҳои муосир қарор доранд. Ин қадам исбот карда метавонад, ки дар мавриди мавҷудияти иродаи устувори сиёсӣ, ҷасорат ва гуманизми асил ҳатто амиқтарин рахнаҳои геосиёсӣ метавонанд ба сулҳи пойдор ва рушди устувор табдил ёбанд.
Саидмаҳмуд САИДЗОДА,
Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон