17.03.2026

 img

17-18 марти соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе омӯзиши тренерон барои давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» роҳандозӣ шуда, дар он намояндагони вазорат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, инчунин масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

 

Ҳадафи асосии омӯзиш омода намудани тренерон ва маъмурон барои баргузории босифати давраи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Зикр гардид, ки арзёбии мазкур (Progress in International Reading Literacy Study) ба муайян намудани сатҳи хониш ва дарки матни хонандагони синфҳои чорум равона гардида, имкон медиҳад, ки натиҷаҳои таълим бо меъёрҳои байналмилалӣ муқоиса карда шаванд.

 

Қайд гардид, ки баргузории PIRLS - 2026 дар доираи татбиқи стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла? Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот то соли 2044 сурат мегирад. Давраи асосии арзёбӣ моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ бо иштироки хонандагони синфҳои чорум баргузор мешавад.

 

Таъкид шуд, ки омӯзиши тренерон қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисон ва таъмин намудани шаффофияту сифати арзёбӣ буда, татбиқи чунин чорабиниҳо ба беҳтар гардидани сифати таълими хониш ва рушди низоми таҳсилоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.

  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ОМӮЗИШИ ТРЕНЕРОН БАРОИ PIRLS 2026 ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати иди сайиди Фитр Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр табрик мегӯям.   Ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори босаодат ва сулҳу осоиш орзу менамоям.   Имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли давлатиамон рост омад, ки бисёр рамзӣ мебошад.   Зеро иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодии мо маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд ва ба мо баргузории озодонаи онҳо муяссар шуд.   Дар робита ба иди сайиди Фитр, мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон созам, ки ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад.   Аз ҷумлаи суннатҳои неке, ки барои истиқболи он аз Паёмбари гиромиқадр ба умматонашон мерос мондааст, хайру саховат кардан ба ниёзмандон мебошад.   Худованд дар Қуръони карим дар бобати садақа додан мефармояд: «Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар ки бадие оварад, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд».   Агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.   Ба ҳамин хотир, Худованд дар Қуръони маҷид таъкид кардааст: «Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳои худро бо миннат кардан ва озор додан ботил накунед, монанди касе, ки моли худро барои худнамоӣ ва риё ба мардум медиҳад ва ба Худову рӯзи қиёмат имон надорад».   Тибқи таълимоти дини мубини ислом риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад.   Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» низ масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон таъкид шудааст.   Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки таҷлили идҳо, аз ҷумла иди Фитр маросими маънавӣ ва эътиқодӣ буда, оростани «дастархони маънавӣ» дар ин айём муҳим мебошад.   Зиёрати падару модар, калонсолону хешовандон, аёдати беморону азодорон, дуо ба руҳи гузаштагон ва анҷом додани дигар амалҳои хайру рафтори шоиста аз сифатҳои маънавию фарҳангии ин рӯз ба шумор мераванд.   Ҳамчунин, ҳамватанони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки ид тӯй нест, балки як маросими эътиқодӣ мебошад ва сарфу хароҷоти зоҳирпарастона дар ин айём, ки хилофи суннатҳои сарфаю сариштакории мардуми бостонии мо мебошад, умуман зарурат надорад.   Яъне ба ҷойи оростани дастархони серхарҷи идона ва намоишкориву исрофкорӣ, ки зарари маҳз аст, бояд дар фикри он бошанд, ки фарзандони худро дар муҳити солиму созгори оилавӣ тарбия намоянд, барои онҳо ва аҳли оилаи худ шароити беҳтари зиндагиро муҳайё созанд ва дигар амалҳои хайру савобро анҷом диҳанд.   Исрофкорӣ, яъне зарар овардан бар муъмин аст.   Дини мубини ислом ҳеҷ як ибодат, маросим ва масъулиятро барои инсон бар ивази зарар раво надидааст.   Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки дар ислом на барои худ ва на барои дигарон зарар нест.   Ҳамватанони азиз!   Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист ва инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад.   Пешрафти ҷамъият низ, дар навбати аввал, ба илм вобастагӣ дорад.   Дар Қуръони шариф зикр шудааст, ки донишмандону босаводон ҳеҷ гоҳ бо бесаводону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи мардуми босаводу донишманд ҳамеша болотар аст.   Дар ҳадисҳои Пайғамбарамон низ ҳамаи умматон – чи зану чи мард – ба омӯхтани илму дониш тарғиб карда мешаванд.   Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳиби маърифати баланд гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад, босабру таҳаммул ва ботамкину мулоҳизакор бошад.   Танҳо инсони донишманд ба шинохти дурусти худ ва интихоби муносиби мавқеи хеш дар ҷомеа қодир мебошад ва андешаву рафторашро аз ифротгароиву тундравӣ ва таассуб ҳифз карда метавонад.   Ҷойи баҳс нест ва барои ҳама мусаллам аст, ки ҳар ҷо бесаводиву нодонист, он ҷо ҳатман таассуб ва ҷаҳолату хурофот ҳоким аст.   Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки дар таълиму тарбияи фарзанд, яъне ҳамчун шахси баодобу хушахлоқ ва босаводу соҳибмаърифат ба камол расонидани ӯ нақши падару модар муайянкунанда мебошад.   Таъкид месозам, ки вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия кардан, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар гардонидани ӯ низ вазифаи муқаддаси падару модар аст.   Дар Қуръони маҷид ба бандагони Худо тақрибан 70 маротиба аз тоату ибодат паём дода шудааст, вале 779 маротиба аз зарурату аҳаммияти илму дониш ва ақлу хирад сухан рафтааст.   Борҳо гуфтаам ва бори дигар такрор мекунам, ки дар аввалин ояти Қуръони карим калимаи «иқраъ», яъне «бихон» омадааст ва Худованд дар он чунин ҳукм кардааст: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки туро офарид! Бихон ва Парвардигори ту бисёр карим аст! Он касе, ки ба василаи қалам инсонро дониш омӯхт».   Ҳамчунин, дар яке аз ҳадисҳои Пайғамбари ислом таъкид шудааст, ки саҳлтарин, яъне осонтарин роҳе, ки инсонро ба биҳишт мерасонад, омӯзиши илму дониш мебошад.   Аз ин лиҳоз, вазифаи муқаддаси падару модарон аз он иборат аст, ки фарзанди худро дуруст тарбия намоянд, ӯро ба зиндагии мустақилона омода созанд, ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят кунанд.   Зеро илму дониш ва касбу ҳунар фарзандро дар зиндагии ояндааш эътибору обрӯ бахшида, боиси ҳурмату эҳтироми падару модар ва ташаккули ҷомеаи солим мегардад ва фарзанди ботарбияву баодоб ва донишманду оқил боғи падару модар, яъне номбардори онҳо ва миллати тоҷик мешавад.   Маҳз барои ҳамин, ғамхорӣ нисбат ба мактабу маориф ва илму фарҳанг дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.   Ҳадафи мо аз бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ ва ташкили озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» низ ҳарчи бештар ба илмомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар ҷалб кардани наврасону ҷавонон, инчунин, аз хурофоту ҷаҳолат эмин нигоҳ доштани онҳо мебошад.   Мо ҳаргиз набояд фаромӯш кунем, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё ва миллати фарҳангиву тамаддунсоз мебошанд.   Мо ворисони фарҳангу тамаддуни бостонии ориёӣ вазифадорем наслҳоеро ба камол расонем, ки сазовору номбардори миллати куҳанбунёди худ бошанд.   Ҳамдиёрони гиромӣ!   Ҳоло фасли баҳор ва айёми корҳои кишоварзӣ барои ризқу рӯзии фаровон ва баракати дастархони мардум фаро расидааст.   Дар ояти 61-и сураи «Ҳуд»-и Қуръони карим омадааст: «Ӯ шуморо аз замин падид овард ва ободонии онро бар шумо вогузошт».   Бинобар ин, кишоварзонро зарур аст, ки рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон кӯшиш намоянд.   Вазъи бисёр нобасомону ҳассоси ҷаҳони муосир боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии минбаъдаи нархҳо мегардад ва мо набояд инро фаромӯш созем.   Бовар дорам, ки ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус дар ин рӯзҳо бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ободиву оромии Ватани азизамон саъю кӯшиш карда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва пешрафту сарсабзии кишварамон саҳми худро мегузорад.   Таълимоти дини мубини ислом моро ҳидоят медиҳад, ки покиву назофатро аз худ ва хонаву дари хеш, хайру саховатро аз аҳли оилаву наздиконамон ва ваҳдату ягонагиро аз садоқатмандиву масъулиятшиносӣ дар анҷоми рисолати ватандориву ватансозӣ оғоз намоем.   Ба умеди ободии боз ҳам бештари Ватани азизамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва оромиву осоиши рӯзгори ҳар як оилаи кишварамон кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, ризқу рӯзии фаровон ва оромиву осоиш орзу менамоям.   Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

    18

    19.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов гузориш пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинигардида, таъмини иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимӣ дар омодагиҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ватандӯстии хонандагон аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои тарбиявӣ ва ташкилии марбут ба ҷашни таърихӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, натиҷаи фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳ. Саидзода гузориш дод. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таъмини шаффофият ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар раванди барқарор ва интиқоли донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани масъулияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Дар идома, масъалаи вазъи таълиму тарбияи томактабӣ ва рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт баррасӣ гардид. Аз рӯи ин масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ш. Мирзозода маъруза намуданд. Риояи либоси мактабӣ, назорати ҷиддӣ аз рафти иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, ҷалби бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои зеҳниву эҷодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд. Иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ва ташаккули донишу малакаҳои муосири онҳо арзёбӣ карда шуд. Дар баробари ин, ҷалби фаъолонаи хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун воситаи муҳимми дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврасон, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон бояд барои омодасозии хонандагони лаёқатманд, ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, риояи ҳатмии сарулибоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корбарӣ вобаста ба ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, назорати қатъии иштироки хонандагон дар дарсҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    35

    18.03.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ ва омодагӣ ба баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, гимназияҳо, инчунин роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи корӣ шинос намуда, таъкид кард, ки баргузории босифати олимпиадаҳои фаннӣ яке аз самтҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои наврасон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ӯ ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ ва таъмини шаффофият ва адолат дар раванди баргузории олимпиадаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Сипас, М. Қосимзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, оид ба натиҷаҳои даври сеюми олимпиадаҳои фаннӣ гузориш дода, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар даври минтақавӣ шумораи зиёди хонандагони болаёқат иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда таҳлил гардида, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдор ироа шуданд. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор шуданд, ки тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он амалӣ намоянд.

    27

    18.03.2026