18.03.2026

 img

Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ҷаласа оид ба ҷамъбасти даври сеюм (минтақавӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ ва омодагӣ ба баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, гимназияҳо, инчунин роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи корӣ шинос намуда, таъкид кард, ки баргузории босифати олимпиадаҳои фаннӣ яке аз самтҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои наврасон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, ӯ ба масъулин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ ва таъмини шаффофият ва адолат дар раванди баргузории олимпиадаҳо дастуру тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Сипас, М. Қосимзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, оид ба натиҷаҳои даври сеюми олимпиадаҳои фаннӣ гузориш дода, маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зикр гардид, ки дар даври минтақавӣ шумораи зиёди хонандагони болаёқат иштирок намуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамчунин, камбудиҳо ва мушкилоти мавҷуда таҳлил гардида, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳои дахлдор ироа шуданд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ баррасӣ гардида, масъулин вазифадор шуданд, ки тамоми чораҳои заруриро ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани он амалӣ намоянд.

  • ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ img
  • ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов гузориш пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинигардида, таъмини иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимӣ дар омодагиҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ватандӯстии хонандагон аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои тарбиявӣ ва ташкилии марбут ба ҷашни таърихӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, натиҷаи фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳ. Саидзода гузориш дод. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таъмини шаффофият ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар раванди барқарор ва интиқоли донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани масъулияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Дар идома, масъалаи вазъи таълиму тарбияи томактабӣ ва рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт баррасӣ гардид. Аз рӯи ин масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ш. Мирзозода маъруза намуданд. Риояи либоси мактабӣ, назорати ҷиддӣ аз рафти иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, ҷалби бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои зеҳниву эҷодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд. Иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ва ташаккули донишу малакаҳои муосири онҳо арзёбӣ карда шуд. Дар баробари ин, ҷалби фаъолонаи хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун воситаи муҳимми дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврасон, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон бояд барои омодасозии хонандагони лаёқатманд, ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, риояи ҳатмии сарулибоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корбарӣ вобаста ба ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, назорати қатъии иштироки хонандагон дар дарсҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    11

    18.03.2026
  •  img
    ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ Дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Давлатзода оғоз гардида, иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз самимона табрик намуданд. Қайд гардид, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни мардумони олам мақоми хос дорад. Инчунин, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода баромад намуда, иштирокчиёнро ба фарорасии ҷашни Наврӯз табрик намуданд. Дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид, ки аз суруду таронаҳо, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз иборат буд. Таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо либосҳои миллӣ ҳунару маҳорати худро нишон дода, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд. Ҳамзамон, намоиши дастовардҳои эҷодии аъзоёни маҳфилҳо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, расмҳо ва корҳои дастӣ ташкил карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи меҳмонон қарор гирифт. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони мусобиқаи шашка, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни кормандони марказ баргузор гардид, бо сипосномаи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуданд.

    51

    17.03.2026
  •  img
    «ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ» Таҳти ин унвон имрӯз, 17 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳозирин ва меҳмононро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик намуда, барои ҳамагон сулҳу осоиш, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав орзу кард. Таъкид шуд, ки Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ буда, дар фарҳанги миллати тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Гуфта шуд, ки дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба сифати ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ С. Қосимӣ дар мавзуи «Ҷашни Наврӯз дар дарозаи таърих» маъруза намуда, таърихи ташаккул ва рушди ин ҷашни бостониро аз давраҳои қадим то замони муосир таҳлил кард. Ӯ таъкид намуд, ки Наврӯз дар тӯли асрҳо ҳамчун унсури муҳимми фарҳанги миллӣ ва омили муттаҳидсозандаи мардум нақши муҳим бозидааст. Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назарияи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода М. Раҳимова дар мавзуи «Тасвири баҳор ва Наврӯз дар ашъори шоирони классик» баромад намуд. Қайд гардид, ки дар эҷодиёти шоирони классик Наврӯз ҳамчун рамзи зебоӣ, эҳё, покӣ ва оғози зиндагии нав васеъ инъикос ёфтааст. Зикр шуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат, рамзи бедории замин ва оғози фасли созандагиву умед аз қаъри асрҳо то ба имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ҳифз гардида, таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардумон мебошад. Дар қисмати ҷамъбастӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва тарғиби арзишҳои умумибашарӣ мусоидат менамояд. Конференсия бо таманниёти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва шукуфоии минбаъдаи кишвар ба кори худ хотима бахшид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    92

    17.03.2026