05.08.2025

 img

4 августи соли 2025 дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея омӯзишҳои байналмилалии “KLIC LEAD Global Workshop 2025” ифтитоҳ ёфт, ки дар он 30 нафар омӯзгор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Омӯзиши мазкур дар доираи татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сеҷонг, ки санаи 24 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, роҳандозӣ гардид.

 

Мақсади асосии ин ҳамкорӣ тақвияти иқтидори касбии омӯзгорон дар самти таҳсилоти рақамӣ, барномасозӣ, EduTech ва шиносоӣ бо зеҳни сунъӣ (AI) мебошад. Барномаи омӯзиш инчунин, боздид аз муассисаҳои таълимии инноватсионӣ ва муҳити рақамии таълимии Кореяро фаро мегирад.

 

Маросими ифтитоҳ бо ширкати намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Онҳо аз номи ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби Корея барои фароҳам овардани чунин шароити мусоид изҳори сипос баён намуданд.

 

Ин ҳамкории нав ба омӯзгорони тоҷик имкон фароҳам меорад, ки бо таҷрибаи муосири кишварҳои пешрафта шинос шуда, донишҳои андӯхтаашонро дар рушди муҳити таълимии мактабҳои Тоҷикистон татбиқ намоянд. Омӯзиши мазкур қадами аввалин дар роҳи амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Ёддошти тафоҳум мебошад.

 

Дар доираи ин ҳамкорӣ, ҷонибҳо инчунин ният доранд, ки дар самти таҳияи маводи таълимии муштарак, гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалӣ ва мубодилаи мунтазами омӯзгорон фаъолияти муштаракро густариш диҳанд.

 

Бояд гуфт, ин иқдом на танҳо ба баландбардории сифати таҳсилот мусоидат менамояд, ҳамзамон дар ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф миёни Тоҷикистону Корея нақши муассир хоҳад гузошт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ОҒОЗИ ТАТБИҚИ АМАЛИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ img
  • ОҒОЗИ ТАТБИҚИ АМАЛИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ img
  • ОҒОЗИ ТАТБИҚИ АМАЛИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СЕЮМИН ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Имрӯз, 13 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, ҳамчун майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои ду кишвар арзёбӣ гардид. Форум бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маорифи олӣ ва илм, рушди робитаҳои академӣ, густариши табодули таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғратбой Шарипов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ректорони донишгоҳҳо ва намояндагони ҷомеаи илмии ду кишвар иштирок намуданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин форумҳоро қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи вазир чунин чорабиниҳо дар баробари мусоидат ба рушди робитаҳои байнидонишгоҳӣ барои наздиктар гардидани халқҳои бародар ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ такя мекунад. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи форум вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ намуда, аз ташкили чунин чорабинии муҳим истиқбол кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар дар солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфта, барои рушди таҳқиқоти муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, форумҳои ректорон имконияти хубе барои табодули таҷриба, баррасии масъалаҳои мубрами рушди таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Дар идомаи маросими ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромада, бахши маориф ва илм дар ин раванд мавқеи муҳим дорад. Ба таъкиди ӯ, густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои ду кишвар, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд. Дар рафти рафти форум зикр шуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад. Рушди ҳамкориҳои академӣ ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байни халқҳои ду кишвар нақши муҳим мебозад. Татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин ҳамкории мустақими донишгоҳҳо заминаи боэътимод барои ташаккули фазои ягонаи академӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазирро фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки имрӯз ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври фаъол рушд ёфта, хусусияти амалӣ касб намудаанд. Барномаҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таври васеъ татбиқ гардида, баргузории форумҳои ректорон, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба густариши робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо мусоидат менамояд. Баргузории ду форуми қаблии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд, таъсиси факултети муштарак миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, инчунин, амалисозии барномаҳои табодули омӯзгорону донишҷӯён намунаи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии ду кишвар мебошанд. Дар айни замон донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки ин заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва академии ду кишвар мебошад. Дар идомаи форум ректорони як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо маърузаҳо баромад намуда, масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои илмӣ, густариши барномаҳои таълимии муштарак, рушди таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки ба густариши робитаҳои академӣ ва рушди барномаҳои муштараки таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои рушди илму маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя аҳаммияти муҳим дорад.  

    12

    13.03.2026
  •  img
    МУЛОҚОТ БО ВАЗИРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ СЕЮМИ РЕКТОРОН 13 марти соли 2026, дар ҳошияи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғратбой Шарипов баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм, рушди робитаҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, густариши табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм имрӯз ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ, таъсиси факултетҳои муштарак, татбиқи барномаҳои мубодилаи академӣ ва афзоиши ҳамкориҳои мустақими донишгоҳҳо гувоҳи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Таъкид гардид, ки заминаи асосии густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои самараноки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва илм, сиёсати хирадмандона ва созандаи сарони ду давлат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мебошад. Маҳз бо ташаббус ва иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар муносибатҳои дуҷониба ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳим ба таври бесобиқа густариш ёфтаанд. Ҳамзамон зикр гардид, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб меравад ва донишгоҳҳои Тоҷикистон пайваста бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд. Дар навбати худ, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки густариши ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои таҳкими робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ аҳамияти муҳим дорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории форуми навбатии ректорон ба таҳкими бештари робитаҳои илмию таълимӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос барои рушди устувори ду кишвар мусоидат хоҳад кард.  

    11

    13.03.2026
  •  img
    ШОМИ ФАРҲАНГИИ СЕЮМИН ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН Дар доираи баргузории сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон шоми фарҳангӣ бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар баргузор гардид. Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин дигар сарояндагон ва дастаҳои рақсии кишвар пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд. Дар рафти шоми фарҳангӣ суруду оҳангҳои дилнишин ва рақсу таронаҳои миллӣ пешкаш гардида, фарҳангу санъати ғании тоҷиконро бозгӯ намуданд. Ҳунармандон бо иҷрои барномаҳои рангини худ фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро миёни иштирокдорони форум боз ҳам таҳким бахшиданд. Меҳмонони форум, аз ҷумла ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, аз барномаи фарҳангӣ таассуроти нек бардошта, онро намунаи равшани ғановати фарҳанг ва суннатҳои миллии тоҷикон арзёбӣ намуданд. Албатта баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар доираи форумҳо ба таҳкими робитаҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат менамояд.  

    12

    13.03.2026