29.07.2026

 img

29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

 

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.

 

  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон img
  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон img
  • Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН Имрӯз, 29 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжисзюн баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин пайваста рушд намуда, ба сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.   Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои маориф ва илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Қайд гардид, ки айни замон зиёда аз 6000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, фаъолияти Донишкадаҳои Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ, тавсеаи робитаҳои илмию гуманитарӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.   Ҷонибҳо фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин Коргоҳи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро намунаи муваффақи ҳамкории амалӣ дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ намуданд. Инчунин, масъалаҳои таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ва Коргоҳи нави Лубан дар назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.   Дар идомаи мулоқот ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону муҳаққиқон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Вазири маориф ва илм таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим муҳим арзёбӣ намуд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф, илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз, кишоварзии муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди муносибатҳои таълимию илмӣ ба таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад намуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    24

    29.07.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    29

    29.07.2026
  •  img
    Начало рабочего визита в Республику Казахстан 29 июля Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон прибыл в город Астана Республики Казахстан для участия на церемонии открытия международного турнира «Игры будущего-2026».   В международном аэропорту города Астаны Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона тепло встретили Премьер-министр Республики Казахстан Олжас Бектенов и другие официальные лица.   В честь высокопоставленного гостя площадь аэропорта была украшена государственными флагами и выстроен почётный караул.

    13

    29.07.2026