29.07.2026
Имрӯз, 29 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Чжисзюн баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин пайваста рушд намуда, ба сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои маориф ва илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки айни замон зиёда аз 6000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Ҳамзамон, фаъолияти Донишкадаҳои Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар самти омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ, тавсеаи робитаҳои илмию гуманитарӣ ва таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин Коргоҳи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро намунаи муваффақи ҳамкории амалӣ дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ намуданд. Инчунин, масъалаҳои таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ва Коргоҳи нави Лубан дар назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Дар идомаи мулоқот ба рушди ҳамкориҳо дар самтҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону муҳаққиқон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Вазири маориф ва илм таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим муҳим арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф, илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, энергетикаи сабз, кишоварзии муосир ва омодасозии мутахассисони баландихтисос изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди муносибатҳои таълимию илмӣ ба таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад намуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон