29.04.2025

 img

Имрӯз, 29-уми апрели соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе даври интихобии Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ – IOI-2025 доир гардид.

 

Дар даври интихобӣ 25 нафар хонандагони боистеъдод аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ширкат варзида, барои роҳхатёбӣ ба даври ниҳоӣ то санаи якуми май миёни ҳамдигар сабқатозмоӣ менамоянд.

 

Лозим ба ёдоварист, ки Олимпиадаи мазкур дарҷаи олӣ буда, маротибаи аввал соли 1989 дар шаҳри Праветси Булғористон баргузор гардидааст. Дар он бештар аз 80 кишвари ҷаҳон бо фарогирии як дастаи чорнафара иштирок мекунад. Олимпиадаи навбатӣ аз 27-уми июл то 3-юми август дар шаҳри Сукреи Боливия гузаронида мешавад.

 

Маркази ҷумҳуриявии

дарёфт ва рушди истеъдодҳо

  • ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ IOI-2025 img
  • ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПИАДАИ IOI-2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НАВ: ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ BRAINIACS Аз 24 то 30-юми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs баргузор гардид. Дар ин Олимпиада кишвари моро 117 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар муаррифӣ намуданд, ки аз ин шумора 12 нафар сазовори медали тило, 12 нафар сазовори медали нуқра ва 36 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд.   Олимпиадаи мазкур сатҳи миёна буда, аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва зеҳни сунъӣ миёни хонандагони 50 давлати дунё баргузор карда шуд.   Иштироки фаъолона ва натиҷаҳои назарраси хонандагони тоҷик дар ин олимпиадаҳои байналмилалӣ гувоҳи равшани сатҳи баланди омодагии онҳо ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф мебошад.   Бояд қайд кард, ки Олимпиадаи Brainiacs майдоне барои муаррифии истеъдодҳои ҷавон, табодули таҷриба миёни иштирокдорон аз кишварҳои гуногун ва мусоидат ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои нав дар байни насли наврас буда, барои омодашавии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи баланд заминаи мусоидро фароҳам меорад.   Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    39

    30.04.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД Имрӯз, 30 апрели соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо намояндаи Бонки Исломии Рушд Ҷафер Бисер ва роҳбари намояндагии Бонки Исломии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Ғаффоров вохӯрӣ намуд.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм иброз дошт, ки барои ба даст овардан ва расидан ба ҳадафҳои бузурге, ки дар назди худ барои рушди соҳаи маориф дар сатҳи нав ва ҳамқадам бо технологияҳои муосир гузоштаем, барои ташаккулёбии кишварамон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Дар ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, Фонди ОПЕК марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаи муштараки Дастгирии амалигардонии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, марҳилаи II лоиҳаи мазкур фаъолиятро оғоз намуд. Амалигардонии лоиҳаи мазкур ҷиҳати баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилоти асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои хонандагон ва муаллимон, дастгирии институтсионализатсия ва татбиқи ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти фарогир дар асоси салоҳият бо назардошти омилҳои гендерӣ; таъсис додани системаи таълимии доимии касбии омӯзгорон ва барои баланд бардоштани некӯаҳволии умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.   Дар навбати худ намояндаи Бонки Исломии Рушд қайд намуд, ки ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар низоми таҳсилоти миллии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода, талош менамоем, ки дигар шарикони рушдро низ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафу мақсадҳои созанда дар соҳаи маориф ҷалб намоем. Инчунин бо таваҷҷуҳ ба ҳодисаи табиӣ, ки 13-уми апрел дар водии Рашт қисме аз муассисаҳои таълимӣ зарар диданд, қайд гардид, ки Бонки Исломии Рушд барои бунёди сохтмони муассисаҳо омодаи ҳамкорӣ мебошад.   Дар охир, вазири маориф ва илм изҳори умед намуд, ки натиҷаи ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илм ва Бонки Исломии Рушд барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои муосири таълимӣ заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    23

    30.04.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шамсиддин Саъдуллозода оид ба вазъи иҷрои «Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд» ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода доир ба рафти иҷрои «Талаботи моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос» шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.   Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола дар асоси талабот ва пешниҳоди сарраёсату раёсат ва шуъбаҳову бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти кадрҳои соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ, ки 4301 нафарро ташкил медод, аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 3168 нафар ба ҷойи кор фиристода шуданд.   Ҳамзамон, гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос дар ба роҳ мондани курсҳои онлайнӣ, фосилавӣ, омехта ва худомӯзӣ барои рушду малакаи омӯзгорон ва тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.   Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод оид ба китоби дарсии «BIOCHEMISTRY» (Биохимия, бо забони англисӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Анатомия человека (книга для стоматологов. том 1 – 2)» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Асосҳои назариявии амнияти иттилоотӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Гуногунии олами набототи Тоҷикистон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар китобҳои дарсиву маводҳои таълимӣ шунида шуд.   Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.   Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, азнавсозии системаи иттилоотии соҳаи маориф, пардохти ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    71

    29.04.2025