29.04.2025

 img

29 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

 

Сипас, гузоришҳои сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шамсиддин Саъдуллозода оид ба вазъи иҷрои «Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд» ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода доир ба рафти иҷрои «Талаботи моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос» шунида шуд.

 

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.

 

Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола дар асоси талабот ва пешниҳоди сарраёсату раёсат ва шуъбаҳову бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти кадрҳои соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ, ки 4301 нафарро ташкил медод, аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 3168 нафар ба ҷойи кор фиристода шуданд.

 

Ҳамзамон, гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос дар ба роҳ мондани курсҳои онлайнӣ, фосилавӣ, омехта ва худомӯзӣ барои рушду малакаи омӯзгорон ва тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

 

Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод оид ба китоби дарсии «BIOCHEMISTRY» (Биохимия, бо забони англисӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Анатомия человека (книга для стоматологов. том 1 – 2)» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Асосҳои назариявии амнияти иттилоотӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Гуногунии олами набототи Тоҷикистон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар китобҳои дарсиву маводҳои таълимӣ шунида шуд.

 

Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, азнавсозии системаи иттилоотии соҳаи маориф, пардохти ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.   Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.   Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.   Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.   Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.   Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.   Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.   Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.   Ҳамватанони азиз!   Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.   Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.   Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.   Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.   Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.   Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.   Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.   Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.   Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.   Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.   Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.   Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    28

    05.10.2026
  •  img
    Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд.   Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст.   Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад.   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

    24

    04.10.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Фархор 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор  бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, баҳри фароҳам овардани шароити муосир барои фаъолияти кормандони мақомоти амнияти миллӣ пешбинӣ шудааст.   Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои бисёрошёна бо тарҳи замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ сохта шудааст.   Дар таҳхона толори варзишӣ, бойгонӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир буда, дар ошёнаҳои дигар утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлис, китобхона ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандон пешбинӣ шудааст.   Манзилҳои зист бо шароити зарурӣ таъмин буда, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ба низоми ягонаи гармидиҳӣ пайваст шудаанд.   Барои роҳату осонии истифодаи бино лифти замонавӣ насб гардида, инфрасохтори муҳандисии он низ пурра ба талаботи муосир мутобиқ карда шудааст.   Бунёди  иншоот моҳи апрели соли 2023 оғоз  гардида, дар раванди сохтмон 40  сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Саҳни бино бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан сабзкорӣ шуда, суҳбаткадаю   майдончаи бозӣ бунёд гардидааст.   Таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон, таъмини онҳо бо манзили хизматӣ ва муҳити зарурии кору зиндагӣ, дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани самаранокии хизмат ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳавӣ нигаронда шудааст.

    24

    04.10.2026