04.05.2026
4 майи соли 2026 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Маҷидзода бо мақсади назорати раванди таълиму тарбия ва шиносоӣ бо шароити таҳсил ба як қатор муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва муассисаҳои таълимии назди идораву ташкилотҳо ташрифи корӣ анҷом доданд.
Зимни боздид аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии Мактаби байналмилалии «Қалам» ба фаъолияти он баҳои баланд дода шуд. Қайд гардид, ки муассисаи мазкур ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, аз ҷалби мутахассисони хориҷӣ васеъ истифода менамояд. Шароити таълим дар муассиса дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, барои рушди ҳамаҷонибаи хонандагон имкониятҳои муосир фароҳам оварда шудаанд. Дар назди муассиса гурӯҳҳои барвақтии кӯдакон фаъолият дошта, дар онҳо кӯдакони синни аз 3 то 7 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дарсҳо ва машғулиятҳо тибқи барномаҳои таълимии ватанӣ ва хориҷӣ ташкил гардида, забони таълим асосан бо забони англисӣ сурат мегирад. Инчунин муассиса бо толорҳои варзишӣ ва мусиқӣ таъмин буда, барои рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон шароити мусоид муҳайё шудааст.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи маориф ба Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ба номи Ниёз Сафар ва Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» ташриф оварда, аз раванди таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ ва хатмкунандагон шиносоӣ пайдо намуданд.
Дар рафти мулоқот бо хонандагони синфҳои хатмкунанда, масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла натиҷаи бақайдгирӣ дар нуқтаҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби дурусти касб, омодагӣ ба аттестатсияи хатм, риояи одоби хонандагон, сару либоси мактабӣ, инчунин эҳтиром ба омӯзгорон, падару модарон ва калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таъмини муҳити мусоиди таҳсил аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи маориф ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ба фаъолияти муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва назди идораву ташкилотҳо низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.