14.02.2025

 img

Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд

Аз 11 то 13 феврал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Наврасони асри технология» барои хонандагони ин муассиса машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадафи баргузории машварат ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил ва дастгирию ҳавасмандгардонии онҳо арзёбӣ гардид.

Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва корбурди онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза, саводи расонаӣ ва амнияти иттилоотӣ ба иштирокчиён маълумоти аввалин ва муфид доданд. Инчунин дар идомаи машварат бозиҳои дидактикӣ ва озмунҳои зеҳнӣ доир карда шуданд.

Рӯзи аввал барои хонандагон машғулият оид ба муҳити рақамӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон қоидаҳои истифодаи дурусти таҷҳизоти рақамӣ ва манбаъҳои интернетиро омӯхтанд. Дар идома барои мустаҳкам кардани мавзуъ бозиҳои дидактикии шавқовар гузаронида шуданд.

Кор бо барномаҳои Microsoft Office мавзуи рӯзи дуюми машварат буд. Дар ҷараёни он хонандагон кор бо ин барномаҳоро азхуд карданд. Ба хонандагон маълумот оид ба компютер ва қисмҳои он низ пешниҳод карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани хотираи хонандагон ва таҳлили мавзуъҳо бозиҳои дидактикӣ доир шуданд, ки хотири иштирокчиёнро болида ва машваратро хотирмону ҷолиб гардониданд.

Дар ҷамъбасти машварат директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Зафар Муродзода изҳор дошт, ки машварати омӯзишӣ бо мақсади амалӣ намудани ташаббусҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби хонандагони дорои имконияти маҳдуд ба илмомӯзӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо гузаронида шуд.

Иштирокчиён барои фаъолнокӣ ва рафтори намунавӣ бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

khovar.tj

  • НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАОРИФИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ 28 октябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии маорифи Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок ва суханронӣ намуд.   Форуми мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия, густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пешбурди ташаббусҳои муштараки таълимию илмӣ баргузор гардид. Дар он вазирони маорифи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои гуногун, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Дар меҳвари муҳокимаҳо масъалаҳои рушди табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, эътирофи мутақобилаи диплом ва ҳуҷҷатҳои тахассусӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ, ҷалби грантҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсилот қарор доштанд.   Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки маориф яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии ҷавонон ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалии илмию таълимӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими соҳа мебошанд. Маҳз таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи ташаббусҳои муштарак барои ташаккули фазои минтақавии маориф, илм ва инноватсия заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ӯ ҳамчунин муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаи маориф ва илм муҳим арзёбӣ намуда, нақши иродаи сиёсии роҳбарони ду давлатро дар фароҳам овардани имкониятҳои нави ҳамкориҳои судманд таъкид кард.   Дар идомаи суханронӣ вазир пешниҳод намуд, ки барои солҳои 2027-2030 харитаи роҳи минтақавии ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва мувофиқа карда шавад. Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои муосир, рушди таҳсилоти рақамӣ ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид гардид. Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созанда, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои минтақавии ҳамкорӣ омода буда, чунин иқдомҳо бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимию илмӣ барои ҷавонон равона карда шаванд.   Дар ҷараёни форум дигар иштирокчиён низ оид ба дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи маориф ва илм андешаронӣ намуда, аҳаммияти таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотиро таъкид карданд. Ҳамчунин, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои шарик ва таҳкими мавқеи байналмилалии донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Иштирок дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ барои густариши робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф ва илм аҳаммияти муҳим дорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    28.10.2026
  •  img
    Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст.   Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд.   Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд.   Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд.   Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.   Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.

    54

    28.10.2026
  •  img
    ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд.       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 28 октябри соли 2026 №1237

    63

    28.10.2026